аз нуфузи рӯзафзуни гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистӣ эҳсоси хатар мекунанд, аммо
бархе аз кишварҳое, ки низоми авторитарӣ ва диктаторӣ бар он ҳоким аст, даст ба
иштибоҳоте мезананд, ки омили аслии гароиш пайдо кардани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо
мегардад.
Давлати Миср аз кишварҳое маҳсуб
меёбад, ки соли 2013 бар асари як инқилоби низомӣ Президенти интихобшуда
Муҳаммад Мурсӣ барканор гардид ва сохти конститутсионии он аз ҳам пошид. А.
Сисӣ собиқ вазири дифоъи ин кишвар бо ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии бевоситаи бархе аз
сафорату намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ бар алайҳи сохти конститутсионӣ ва президент
баромада, бо пуштибонии молӣ ва маънавии онҳо инқилоб кард. Бо мурури беш аз ду
сол аз инқилоб, ҳанӯз ҳам вазъияти ин кишвар ба эътидол наомада, дар рӯбарӯи
таҳдидоте наве қарор гирифтааст, ки бисёри коршиносон аз гуфтани авоқиби вахими
он худдорӣ мекунанд…
Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенти инқилобгари Миср зимни сафари ахираш дар Олмон
талош кард, нигарониҳои аврупоиҳоро барои эъдомҳои дастаҷамъӣ ва роҳбарони
ҷамоати “Ихвон-ул-муслимин” коҳиш бидиҳад. Ӯ ҳини тавзеҳи масъалаи иҷрои чӣ
гунагии эъдом афзуд, бештари вақтҳо ин аҳком ба сурати пинҳонӣ содир мешаванд
ва пас аз ҳозир шудани маҳкум дар додгоҳ билофосила ҳукм аз ӯ соқит мешавад.
Аммо пас аз куштани шудани Ҳишом Баракот, додситони Миср, Сисӣ бо лаҳҷаи
дигар, бар хилофи ончи дар Аврупо гуфта буд, садо баланд кард. Ӯ бо хашму ғазаб
ваъда дод, ки ба зуди аҳкоми эъдомро
иҷро хоҳад кард ва ба дунболи ин таҳдид нерӯҳои амниятӣ 13 тан аз
роҳбарони ҷамоати “Ихвон-ул-муслимин”-ро, ки дар утоқе ба шаҳодат расониданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ахиран Вазорати хориҷаи Миср баёнияе ба сафорату
созмонҳои муқими Қоҳира содир кард, ки сабаб ва далоили эъдомҳоро тавзеҳ додааст.
Баёнияи мазкур дар ихтиёри хабарнигорон ва оҷонсҳои хабарии хориҷӣ ва мавриди
эътимоди Миср қарор гирифта, нишон медиҳад, ки гӯё ҷамоати “Ихвон-ул-муслимин”
дар ростои ноамнӣ ва бесуботии Миср фаъолиятҳое доштаанд.
Дар зимн Ториқ Абдулҷобир, хабарнигори мисрӣ дар саҳифаи шахсии худ дар Твитер
хабар додааст, ки аз манобеъи наздик ба Аҳмад Зинд, вазири додгустарии Миср ба
иттилооте дар хусуси барномарезӣ ва омодагӣ барои эъдоми Мурсӣ дар чанд рӯзи
оянда даст ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки Айман
Нур яке аз сиёсатмадорони шинохтаи мисрӣ гуфтааст, ки эъдоми Мурсӣ ин кори
хатарноктарини дар зиндагии сиёсии Сисӣ хоҳад буд.
Мухтор Комил, нависанда ва таҳлилгари тарафдори Сисӣ низ гуфтааст, ки
эъдоми Мурсӣ боис хоҳад шуд, гурӯҳе аз ҷавонони мисрӣ бо хушунат рӯй оваранд ва
ба танзими “Давлати исломӣ” бипайванданд.