Миср дар эътироз ба ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза сафири худро аз ин кишвар фаро хонд.
Бино бар асоси гузориши расонаҳои хабарӣ, ҳаракати Ҳамос бо интишори баёнияе аз ин қидоми раисҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ истиқбол намуда, аз тамоми раҳбарони кишварҳои арабӣ дархост кард, ки дар ин маврид мавқеи устувореро интихоб намоянд.
Ин дар ҳолест, ки Исроил рӯзи чоршанбе ҳамлаҳои худ ба навори Ғаззаро дубора оғоз намуда, дар пайи як ҳамлаи ҳавоии он ба ин минтақа 9 нафар кушта ва 88 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Бояд гуфт, чанде қабл мақомоти мисрӣҳушдор аз он дода буданд, ки дар сурати ҳамлаи Исроил ба Ғазза сафири худро аз Тел-Авив фаро мехонад.