Categories ҶОМЕА

Донишҷуён ба Додгоҳ кашида мешаванд….

Иддае донишҷӯи тоҷикеро, ки дар муассисаҳои олии таълимии Русия таҳсид мекарданд, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба додгоҳ кашидааст. Ин дар ҳолест, ки ин донишҷӯён тибқи стипендияи президентии “Дурахшандагон” таҳсил мекардаанд.

Дар ин бора Самариддин Афғонов, директори Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати мазкур дар нишасти матбуотӣ иброз дошт ва таъкид кард, ки донишҷӯёне, ки тибқи квотаи мазкур дар хориҷ таҳсил мекунанд, бояд ба Тоҷикистон баргарданд ва муваззаф ҳастанд, ки тули 5 сол дар кишвари худ кор кунанд. Аммо ин се нафар баъди таҳсил аз омадан ба Тоҷикистон худдорӣ карданд ва онҳо бояд харҷи таҳсилро, ки аз ҳисоби давлат масраф шудааст, баргардонанд мегӯяд оқои Афғонов.

Барои ҳар як аз ин донишҷӯён 25 ҳазор доллари амрикоӣ сарф шудааст ва онҳо бояд ин маблағро ду баробар карда, дар ҳаҷми 50-60 ҳазор доллар ба давлат супоранд. “Ин се нафарон яктоаш бо сабаи дуру дароз донишгоҳро тарк кардан, яъне аз ӯҳдаи хондан баромада натавонист, дигараш бошад бо сабаби беморӣ аз таҳсил даст кашид ва саввумин нафар бо сабаби ба Тоҷикистон наомадан ба суд кашида шуданд”-қайд кард Самариддин Афғонов.

Мувофиқи стипендияи “Дурахшандагон” беш аз 300-нафар дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Соли гузашта 36 нафар хатмкунандагони квотаи мазкур ба Тоҷикистон баргаштанд, вале боз ҳастан нафароне, ки баъди хатм мехоҳанд дар ҳамон кишвар истанд-гуфт Афғонов. Дар нишасти мазкур суол аз ҷониби хабарнигор шуд, ки чаро стипендияи ин нафарон ба донишҷӯён дер дода мешавад? Сабаби инро оқои Авғонов дар ҷудо кардани маблағ аз ҷониби Вазорати молия медонад, “Ин ба он вобаста аст, ки аз Вазорати молия то маблағ ҷудо шуданаш ҳарсол ин мушкилӣ аст”. Ҳамчунин ба гуфтаи номбурда сабаби дигараш баъзе донишгоҳҳое ҳастанд, ки ҳамон маблағе, ки барои хондану суғуртаи тиббӣ, барои хобгоҳу ва ғайра аст сари вақт намесупоранд.

More From Author

You May Also Like