Categories Ахбори рӯз

Миёни Тоҷикистону Беларус 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Беларус 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишгоҳи аграрии Гродно; Аҳднома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи олимпии ҶТ ва Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Беларус;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати давлатии Беларус оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноати сабук «Беллегпром»;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ҶТ ва Ширкати давлатии миллии телевизион ва радиои ҶБ;
Созишнома миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински ҶБ;
Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди ҶТ ва Кумитаи иҷроияи вилояти Мински ҶБ;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Могилёви ҶБ;
Нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои ҳориҷии ҶТ ва Вазорати корҳои ҳориҷии ҶБ барои солҳои 2014-2015;
Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони ҶБ;
Дар охир Изҳороти муштараки президенти ҶТ ва президенти ҶБ аз ҷониби сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расидааст.
Зимни изҳороти матбуотӣ роҳбарони ду давлат дурнамои густариши робитаҳоро басо умедворкунанда номидаанд.

More From Author

You May Also Like