Натоиҷи таҳқиқоти нав дар Англия нишон медиҳад, ки мусалмонҳо дар миёни пайравони динҳои мухталиф бештарин кӯмакҳоро ба муассисаҳои хайрия ироа мекунанд.
Ба гузориши “Таймз Ландан”, натоиҷи таҳқиқоти нав дар Англия нишон медиҳад, ки мусалмонон бештарин афроди кӯмаккунанда ба хайрияҳоро ташкил медиҳанд. Ин таҳқиқот, ки дар мавриди гурӯҳҳои мазҳабии кӯмаккунанда ба хайрияҳои Англия анҷом шуда ҳокӣ аз он аст, ки дар соли гузаштаи мелодӣ, ҳар мусалмон ба таври миёна 371 пунд ба хайрияҳо кӯмак кардааст.
Ин дар ҳолест, ки мавриди кӯмаккунандаҳои яҳудӣ ҳар нафар ба таври миёна 270 пунд кӯмакҳои худро ба ин хайрияҳо ироа додааст.
Ҳамзамон мусалмонҳо дар ин кишвар аз нигоҳи хулқу рафтор низ дар муқоиса бо дигар пайравони адён беҳтарин мақомро ишғол мекунанд. Бо ин тартиб метавон гуфт, ки саҳми хайру саховати мусалмонҳо дар ин кишвар дар нисбат ба дигар адён бештар назаррас аст.