Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 299 бозори ҷойи кори холӣ доир гардидааст, ки ба он 53 ҳазор шаҳрвандон муроҷиат кардаанд.
Аз ин теъдод беш аз 2 ҳазор ҷавонон ба ҷойи кори доимӣ, 5 -ҳазор корҳои мавсимӣ ва 4-ҳазор ба таълиму касбомӯзӣ ҷалб шудаанд. Дар ин бора Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.
Ба гуфти мавсуф бо вуҷуди ташкили ярмаркаҳои ҷойи кории холӣ шароит ва маоши имрўза, касбу кор талаботи ҷавонони имрўзаро қонеъ карда наметавонад. Ҷавонон дар ярмаркаҳо камтар иштирок мекунанд ва ё соҳиби шуғл мешаванд.
Зеро касбе, ки мувофиқи хоҳиши онҳост, кам ва маоше, ки онҳо мехоҳанд, дастрас кунанд, дар шароити кишвари мо имконнопазир аст. Аз ин рў, ҷавонон имрўз бештар ҳавасманди ба хориҷ ба кор рафтан ва дастрасӣ ба маоши хубро доранд. Зимнан дар ҳар як семоҳа бо қарори ҳукумат ҷиҳати коҳиш додани мизони бекорӣ ва сатҳи камбизоатӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир мегардад.