Монеагузориҳои мақомот дар баргузории ҷаласаи моҳонаи саёри ҲНИТ дар Ҷиргатол.
Раҳматуллоҳи Раҷаб, раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеъи марказ гуфт, ки мақомоти маҳалли дар водии Рашт дар баргузории ҷаласаи моҳонаи шуъбаи мазкур монеагузориҳои сунъй эҷод карданд. Қарор буд, ҷаласаи моҳонаи сайери ин шуъба фардо дар дафтари кории бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол баргузор мегардид, аммо бо сабаби “даъват” шудани раиси бахши ҲНИТ, Қурбоналй Саидмуродов ба дафтар шуъбаи амнияти миллии ноҳия ва ҳамчунин ба сабаби даъвои раиси “Тоҷикматлубот”-и Ҷиргатол, ки дафтари ҳизб дар бинои марбут ба ин ниҳод воқеъ аст, барои бекор кардани иҷораи дафтар, ҷаласаи мазкур дар ин ноҳия баргузор нахоҳад шуд. Раҳматуллоҳи Раҷаб гуфт, ки ин шуъба ҷаласаро дар яке аз навоҳии минтақаи Рашт баргузор хоҳад кард, аммо ба сабаби шуниди муколамаҳо тарафи мақомот ҷои ҷаласаро мушаххас накард. Ҳамчунин, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод, ки интизор мерафт дар ҷаласаи мазкур ширкат кунад, аз тарафи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур ба дафтари ин ниҳод “даъват” шуда, то ҳол дар дафтари ШКД мебошад. ШКД-и ноҳияи “даъват”-ро ба кадом мушкили ҳамсоягй рабт медиҳад, аммо ба гуфтаи шоҳидон ҳадаф аз он монеи ширкат кардани ӯ дар ҷаласаи мазкур шудан аст. Масълини шубаи ҲНИТ дар НТМ, ки феълан дар минтақаи Рашт барои ширкат дар ҷаласа қарор доранд, аз бозҷӯӣ ва талаби шиноснома дар ҳар постаи бозрасӣ аз тарафи милитсаҳо нигаронӣ карда, ин амали мақомотро тарҳрезишуда баҳри баргузор нашудани ҷаласа медонанд.
Маҳмудчон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ