Моҳи март маргбортарин моҳ дар Сурия

Моҳи март хунбортарин моҳ дар ҷанги дохилии дусолаи Сурия аст, зеро беш аз шаш ҳазор нафар дар ин моҳ ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши “voanews”, ин омор аз тарафи як гурӯҳи сиёсӣ ва фаъоли ҳуқуқи башарии мухолифи Башор Асад мунташир шудааст.

Ин гурӯҳ афзоиши теъдоди талафот инсониро маълули даргириҳои хушунатбор ва истифода аз хампораҳои сангин медонад, ки ҳар ду тарафи ҷангӣ аз он истифода кардаанд. Ин хампораҳо харобиҳои зиёдеро ба вуҷуд меоваранд.

Ромӣ Абдурраҳмон, раиси як гурӯҳи нозири ҳуқуқи башарӣ мегӯяд, теъдоди дақиқи талафоти даргириҳои Сурия дар айни ҳол мушаххас нест, зеро ҳам артиш ва ҳам гурӯҳҳои шӯришӣ, ки бо Башор Асад меҷанганд, теъдоди дақиқ талафоти худро дар ҷанги дохилӣ ба хотири тазъифи рӯҳия гузориш намедиҳанд.

More From Author

You May Also Like