Categories Мавқеъ

М.Раҷабзода: Заҳмати нокас фузун шуд, лек кас огоҳ нест

Захмати нокас фузун шуд, лек кас огоҳ нест,
Марди ҳақро хор будан дар сафи мо роҳ нест.

Зулмати шаб гарчи моро зулматоин кард лек,
Ин шаби ялдои миллат баҳрае аз моҳ нест.

Тираақлони замона тираақлам кардаанд,
Тири ноаҳлон хурам ман, муҷиби даргоҳ нест.

Маҳфилам хомӯш имрӯз, махфилороям куҷост?
Садри маҳфил ҷуз хасеву нокасу маддоҳ нест!

Ҳофизу Бедилсароем, Мавлавихон ҳар замон,
Ровии мо аз ниёгон заррае огоҳ нест…

Маҳфили моро Худоё, нурборонаш бикун,
Шамъи ин маҳфил азизон, ҷуз дуъову оҳ нест!

More From Author

You May Also Like