Categories Ахбори рӯз

Муборак бод мавлуди ҳазрати Заҳро

Имрӯз, якшанбе, 20-уми ҷимод-ус-сонии соли 1435-и ҳиҷрӣ-қамарӣ, баробар бо 20 –уми апрели 2014, рӯзи мавлуди ҳазрати Фотимаи Заҳро, духтари Паёмбари гиромии Ислом (с) аст.
Ин бонуи гиромӣ аз кӯдакӣ, дар хонаи ваҳй ба олитарин тарзи камол ва илму фазилат даст ёфт. Баъдан дар хонаи ҳазрати Алӣ (р) бо беҳтарини ваҷҳ ба анҷоми вазоифи ҳамсариву модарӣ пардохта, инсонҳои бузургеро, дар шахси Ҳасану Ҳусайн (р) ва Зайнаб дар домони худ парвариш кард.
Рӯзи милоди ҳазрати Фотимаи Заҳро барои ҳар зани вораста ва мусалмон улгӯест дар зиндагӣ ва рӯзгор. Бо истифода аз фурсат, масъулини нашрияи «Наҷот» ва сомонаи «Наҳзат» фаро расидани рӯзи мавлуди ҳазрати Фотимаи Заҳроро ба дӯстдорони фарҳанги озодагӣ табрик менамоянд.

More From Author

You May Also Like