Categories Uncategorized

Мулоқоти Маҳмадалӣ Ҳаит бо Марчин Валетский

colorstart:#000000Имрӯз, 20-уми август Муҳаммадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳамзамон раиси Ситоди омодагӣ ба интихоботҳои Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар дафтари марказии ҳизб доктор Марчин Валетский, раиси шуъбаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендериро ба ҳузур пазируфт.

Миёни тарафҳо оид ба вазъи кишвар қабл аз интихоботҳои соли 2015, омадагиҳо ва ширкати ҷавонону бонувон дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор доир гардид. Дар зимн, намояндаи САҲА доир ба барномаи ҳамкории ин ниҳод бо аҳзоби сиёсии Тоҷикистон изҳори назар кард.

Муъовини раҳбари ҲНИТ дар робита ба омодагии ҳизб ба интихобот, давраҳои омӯзишӣ барои масъулини маҳаллии ҳизб ибрози назар намуда, ҳамкори бо ин ниҳоди САҲА-ро судманд ва кумаккунанда дар раванди омодагиҳо ба интихобот арзёёбӣ намуд.

Аммо ҳамчун раиси Ситоди омодагииҳизб ба интихоботи парлумонии 2015 аз раванди назорати интихоботҳои қаблӣ аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, ба вижа САҲА, инчунин кишварҳои ҳомии демократия интиқод гирифт, ки онҳо танҳо бо нашри баёнияву изҳорот ва пешниҳоди тавсияҳо иктифо менамоянд, дар сурате ки тавсияҳояшон барои демократикунонии ҷомеъа ва баргузории интихоботҳои минбаъдаи шаффофу озод аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд./colorend

More From Author

You May Also Like