Мулоқоти муовини раиси ҲНИТ бо намояндагони САҲА

TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-10/1414594953_hait-saha.jpg|leftМулоқоти муовини раиси ҲНИТ бо намояндагони САҲАTEnd
Субҳи имрӯз, 29-уми октябри соли 2014, Маҳмадали Ҳаит – муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Ситоди омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ ва маҳаллии соли 2015 Риҷард Лаппин, мушовири аршад оид ба умури интихоботи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (ДНДҲБ )-и Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Андреӣ Громов, мушовир ва Мария Ҷепурина, узви ассемблеяи парлумонии САҲА-ро дар қароргоҳи марказии ҳизб ба ҳузур пазируфт.
Дар ибтидо, Маҳмадали Ҳаит меҳмононро барои ташрифашон ба қароргоҳи ҳизб хайрамакдам гуфта, аз ҳамкории бардавоми САҲА бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҲНИТ ташаккур кард. Ҳамчунин, намояндагони САҲА аз роҳбарияти ҲНИТ барои пазироии ишон дар маркази ҳизб изҳори миннатдорӣ намуданд.
Суҳбати тарафҳо бештар дар масоили интихоботӣ, мисли омодагии ҲНИТ ба интихобот, қонуни интихобот ва пешниҳодҳои САҲА ва Наҳзат ба он, иродаи мақомот ва нақши созмонҳои байналмилалӣ дар баргузорӣ ва назорати интихоботҳо, мавкеъи Наҳзат аз даъватҳо барои таҳрими интихобот, монеаҳо дар ба қайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандата, мустақил набудани судҳо дар баррасии шикоятҳо оид ба интихобот ва дигар масоил сурат гирифт.
Маҳмадали Ҳаит бо ишора бар иддаъои ахири КМИРТ, ки ин ниҳод аз 25 тавсияи нозирони САҲА аллакаӣ 18-тои онро иҷро кардааст, гуфт, ҳукумати ҶТ аз тамоми пешниҳодҳои ҲНИТ, ҲКТ ва САҲА ба қонуни интихобот танҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳоеро мепазирад, ки хело ҷузъӣ буда ва аз он барои хок пошидан ба чашми мардум ва ҷаҳон ҳангома месозад, дар ҳоле ки чандин сол аст, ки ҳукумат аз қабули пешниҳодҳои асосӣ, ки тазминкунандаи интихоботи шаффоф аст, мисли дохил кардани намояндагони баробарии аҳзоби сиёсӣ дар ҳама ҳавзаҳо ва учаскаҳои интихоботӣ худдорӣ менамояд. Ӯ афзуд, ки худдории мақомот аз қабули пешниҳодҳои асосӣ ба қонуни интихобот аз набуди иродаи сиёсӣ дар баргузории интихоботи шаффофу демократӣ дарак медиҳад. Ҷаноби Ҳаит кайд кард, ки агар мақомот,чуноне ки иддаъо мекунанд, 18 тавсияи нозирони САҲА-ро аллакаӣ иҷро кардаанд, чаро чунин ислоҳот дар қонуни интихобот дарҷ нашудаанд.
Муовини раиси ҲНИТ, ки ҳамзамон раиси Ситоди омодагиҳои ҳизб ба интихобот аст, дар умум омодагии ҳизб ба ин чорабинии муҳимми сиёсиро хуб арзёбӣ намуда, гуфт, Наҳзат аллакай рӯйхати беш аз 20 номзади эҳтимолиро барои ҳавзаҳои якмандата мушаххас кардааст.
Маҳмадали Ҳаит дар идомаи суҳбат кайд кард, ки мавқеъи Наҳзат аз сарусадоҳои даъват ба тазоҳурот, хело ошкор ва шаффоф буд ва ҳаст, ҲНИТ эълон кард, ки тагйири вазъи ноҳинҷори кишвар бо роҳи сиёсӣ, тазмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ба хусус доир намудани интихоботҳои озод ва шаффоф ба даст меояд. Аммо, афзуд ӯ, дар баробари ин мо бо сароҳат гуфтем, ки агар ҳукумат ба ислоҳот даст назанад ва интихоботҳоро тақаллуб кунад, садоҳои эътирозии радикалӣ бештар мешаванд, ки ба манфиати субот ва оромиши кишвар наҳоҳад буд. М. Ҳаит изҳор дошт, ки Ҳизби наҳзат бо амалҳояш собит кард, ки Наҳзат ҳамеша ҷонибдори субот ва оромии кишвар аст ва ҳар тасмимашро бар асоси ҳифзи манофеъи умумимилли иттихоз менамояд.
Ҳамҷунин, муовини раиси ҳизб ба намояндагони САҲА гуфт, ки ҲНИТ дар интихоботи оянда мисли ҳамеша бо нируҳои солими ҷомеъа ва шахсиятҳои мустақил машварат мекунад ва дар бархе аз ҳавзаҳо аз онҳо ҳимоят ҳоҳад кард.
Вай аз монеаҳо дар вақти ба қайдгирии номзадҳои аҳзоби мухолиф дар ҳавзаҳои якмандата изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки шартҳо барои ба қайдгирии номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандата метавонанд бо ҳар баҳонае боиси ба қайд нагирифтани номзадҳои мухолифин шаванд.
Судҳо, ба қавли муовини раиси ҳизб, дар Тоҷикистон дастурӣ амал мекунанд ва таърихи ду даҳсолаи судҳо собит кард, ки онҳо, чи дар масоили интихоботӣ ва чи дар ғайри он, мустақил нестанд, балки дар ҳидмати касе ҳастанд, ки онҳоро таъйин мекунад.

Маҳмудҷон Фаӣзраҳмонов
Сухангӯи ҲНИТ 
29.10.2014

More From Author

You May Also Like