Categories Uncategorized

Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ноиби аввали сенати Афғонистон Вижа

Муҳаммад Алам Эзидёр, ноиби аввали “Мишрону ҷирга” (палатаи болоии парлумон)-и Афғонистон бо оқои Муҳиддин Кабирӣ, узви парлумон ва раиси Наҳзати исломии кишвари Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот Эзидёр рӯи муштаракоти фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамсоя ва раванди демократии Тоҷикистон суҳбат намуд.

Зимни маълумот дар мавриди парлумони кишвар ва тарҳи қонуни интихобот, хостори тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар гардид.

Ҳамчунин оқои Эзидёр бо ибрози қадрдонӣ аз кумакҳои он кишвар дар ҳимоят аз барномаи бозсозии Афғонистон ва эҷоди суҳулатҳо ба муҳоҷирини афғон дар даврони ҷиҳод ва муқовимат ба некӯӣ ёд кард.

Дар муқобил оқои Кабирӣ бо ибрози хурсандӣ аз ҳамсоягии хуби Афғонистон ва ба вижа аз талошҳои қаҳрамони миллии кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд ва профессор Бурҳониддин Раббонӣ, бонии сулҳи кишвар, ба некӯӣ ёд кард, ки дар замони нооромиҳои Тоҷикистон байни давлат ва мухолифини тоҷик дар овардани сулҳ, талошҳои муассир ва ҳамаҷониба намуданд.

Дар охир, ҷонибайн рӯи муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилаллӣ таъкид варзида, тасреҳ намуданд, ки сулҳу сабот дар Афғонистон дар амнияти кишварҳои ҳамҷивор низ таъсири мусбат мегузорад ва низ хоҳони ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муборизаи муштарак бо ҳаросафганӣ дар минтақа шуданд.

Сайти расмии палатаи болоии парлумони Афғонистон

More From Author

You May Also Like