nahzat.tj
30.03.2012, 16:00
Мулоқоти М. Кабирӣ: 01.04.2012 соати 13:30 дар Фотеҳи Истамбул
М. Кабирӣ: Бисёр мехостем дигар аҳзоб ҳам чунин вохуриҳо дошта бошанд
Вохуриҳо бо донишҷуёни тоҷик дар дигар кишварҳо
Ҳадаф аз ин вохуриҳо ҷанбаи инсонӣ ва қарзи ҳамватанист
Мулоқоти М. Кабирӣ: 01.04.2012 соати 13:30 дар Фотеҳи Истамбул
Рӯзи 1 апрели 2012, соати 13: 30 дар минтақаи Фотеҳ воқеъ дар шаҳри Истамбули Туркия, мулоқоти раиси ҲНИТ ва вакили МН, Муҳиддин Кабирӣ бо донишҷуён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар тоҷикистониёни муқими Туркия баргузор мегардад.
Иштирок озод аст! Ҳар касе мехоҳад, метавонад ширкат варзад ва суолҳо ва пешниҳодҳои худро ба вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари ҲНИТ пешкаш намояд.
М. Кабирӣ: Бисёр мехостем дигар аҳзоб ҳам чунин вохуриҳо дошта бошанд
Ҷаноби Кабирӣ дар суҳбат бо nahzat.tj дар таърихи 08.02.2012 ҳадаф аз ин гуна вохуриҳоро чунин шарҳ дода буд: «Дар ин маврид мо ягона ҳизб нестем, шояд нисбати дигарон бо ҳамватанони бурунмарзӣ бештар дидору мулоқотҳо дошта бошем. Бисёр мехостам, ки бародарон аз дигар аҳзоб ҳам бираванд. Ҳамаи аҳзоби Тоҷикистон миёни муҳоҷирин ва донишҷӯён тарафдору интихобкунанда доранд. Беҳтар боз он аст, ки ҳайатҳои муштарак ташкил намоем, ин ҳассосиятро кам ва ҳамдигарфаҳмиро бештар мекунад. Зеро сафарҳои мо ба танҳоӣ назди ҳамватанон метавонад ҳассосиятро ба вуҷуд биёрад. Албатта, агар бо мо рафтан хоҳанд, хеле хуб, вале мо кори худро идома хоҳем дод.»
Вохуриҳо бо донишҷуёни тоҷик дар дигар кишварҳо
Ба таври маълум, М. Кабирӣ дар раъси як ҳайати ҲНИТ рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ ба Арабистони саудӣ сафар намуд. Ӯ зимни сафараш аз шаҳрҳои Риёз, Маккаи Мукаррама ва Ҷидда дидан намуда, ба саволҳои сершумори ҳамватанон атрофи масоили гуногуни кишвар ва ҷаҳон ҷавоб гуфта, табодули назар сурат гирифт.
Моҳи февали соли ҷорӣ, дар ҳошияи 25– умин конфронси “Ваҳдати исломӣ” дар пойтахти Ҷумҳурии исломии Ирон, Теҳрон, дидори раҳбари ҲНИТ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ аз шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Қазвин ва Гургон, ки дар конфронс ширкат доштанд, сурат гирифт.
Ҳадаф аз ин вохуриҳо ҷанбаи инсонӣ ва қарзи ҳамватанист
М. Кабирӣ дар ин бора зимни суҳбаташ бо nahzat.tj гуфта буд: «Бисёриҳо ҳадафи аслии ин вохӯриҳоро сиёсӣ медонанд. Ин ҳам ҷо дорад, зеро имкон надорад, ки вохӯрии раиси як ҳизб бо мардум сиёсӣ набошад. Вале, қабл аз масъулиятҳои ҳизбӣ ҳам, даҳҳо вохӯрӣ бо ҳамватанон анҷом додаем.»
Ӯ афзуд: «Чун худам солҳои Шӯравӣ таҷрибаи донишҷӯ будан дар хориҷро аз сар гузаронидаам ва ҳар киро аз Кавказу Балтикаву Сибир ҳам медидем хурсандиамон ҳад надошт, чӣ расад ба як тоҷикистонӣ. Ҷанбаи инсонии масъала ва қарзи ҳамватаниро низ фаромӯш набояд кард. Ҳама чизро бо тарозуи сиёсат баркашидан хуб нест.»
Тамос барои ширкат дар вохурӣ дар Истанбули Туркия: 0090- 212 621 27 43 ва 0090-5350691986.