Мулоқоти роҳбарияти ҲНИТ бо муовини Прокурори генералӣ

Муовофиқи дастури Шӯрои сиёсии ҲНИТ, Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадали Ҳаит-муовинони раиси ҳизб, субҳи имрӯз дар Прокуратураи генералии ҶТ бо яке аз муовинҳои додситони кулли ҷумҳурӣ мулоқот намуданд.
Дар мулоқот роҷеъ ба таҳдиду фишорҳо болои аъзо ва ниҳодҳои ҲНИТ дар саросари кишвар, нақши мақомоти амният, умури дохила ва ҳокимияти иҷроияи маҳал сӯҳбат анҷом ёфт ва аз Прокуратураи генералӣ тақозо шуд, то масъала мавриди баррасӣ қарор ва аз таҳдиду фишорҳо ҷиравгирӣ шавад.

More From Author

You May Also Like