“Мехоҳем аз Шумо ташаккур
гӯем, ки даъвати моро қабул кардед ва дар роҳпаймоии “Мо Муҳаммад (с)-ро дуст
медорем” ширкат кардед. Мо барои бародарони тоҷикамон зиндагии хуб ва хушбахтӣ
орзумандем.” – гуфт Дукухава Абдураҳмонов, раиси парлумони Ҷумҳурии Чеченистон
зимни мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва
вакили МН.
Ин мулоқот дирӯз, 20-уми
январи соли 2015 дар бинои парлумон дар дафтари раиси он баргузор гардид.
Роҳбари Наҳзат дар навбати худ
гуфт: “Ин чорабинӣ на танҳо як роҳпаймоии мусолиматомез алайҳи сӯистифода аз
арзишҳои динӣ буд, балки оғози эҳё ва зиндашавии Уммати исломӣ ва гоми муҳиме
дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст.”
Ӯ афзуд: “Ман аз Рамзан
Қодиров, сарвари Ҷумҳурии Чеченистон изҳори сипос менамоям, зеро ӯ ба ҳамаи
онҳое, ки алайҳи Ислом мубориза мебаранд, ҷавоби қатъӣ дод. Ман боварӣ дорам,
ки Рамзан Қодиров, ташкилкунандаи ин чорабинии мусолиматомез на танҳо қаҳрамони
Чеченистон ва мардуми Русия аст, балки яке аз шахсиятхои шинохта дар ҷаҳони
ислом аст.”
Муҳиддин Кабирӣ қайд кард, ки
барояш саҳнаи роҳпаймои хело ҷолиб буд, ки мусалмонон бо баргузории чунин
роҳпаймоии осоишта муҳаббати худро нисбати Паёмбари Ислом (с) нишон доданд ва ошкор гуфтанд, ки таҳқири эҳсосоти динии ягон миллату
мазҳаб дар ягон нуқтаи замин қобили қабул нест.
Раиси парлумони Чеченистон
бори дигар аз ташрифоварии Муҳиддин Кабирӣ ба Чеченистон изҳори хурсандӣ
намуда, гуфт, ин сафар боиси таҳкими робитаҳои дустона ва бародаронаи миллатҳои
тоҷик ва чечен хоҳад гашт.
Ҳамчунин, роҳбари ҲНИТ бо Ҷамбулат Умаров, вакил ва раиси кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва
байнипарлумонии парлумони Чеченистон бо шумули аъзои кумитаи мазкур, Сайд
Хамзат Ҷамалуллайл, Ҳусейн Яхиханов, Магомед Алҳазуров, Амруддин Мирзаев ва Мансур Абубакаров дар яке аз толорҳои парлумони Чеченистон мулоқот кард.
Ҷаноби Ҷамбулат Умаров
ташрифоварии Муҳиддин Кабирӣ ба парлумони Чеченистонро хайрамақдам гуфта, аз ӯ барои мавқеъаш ҳамчун як мусалмони ҳақиқӣ ва ширкаташ дар роҳпаймоии бузурги
мусалмонон барои ҳимоят аз Расули Худо (с) изҳори миннатдорӣ намуд.
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ
гуфт: “Пас аз ҳодисаи Фаронса, мо куштори журналистонро шадидан маҳкум кардем. Ҳамзамон, мо тақозо мекунем, ки дар кишварҳои мутамаддин, ки
худро чунин меҳисобанд, бояд эҳсосоти динии мусалмонон, масеҳиён ва ғайра риоя
шавад ва бояд нисбати арзишҳои умумӣ ва инсонҳо таҳаммулпазир бошанд.”
Роҳбари Наҳзати ҳамчунин зикр
намуд, ки вазифаи асосии мо – мусалмонон имрӯз нигоҳ доштани сулҳ ва таҳкими
ваҳдат аст.
Қобили зикр аст, ки раиси ҲНИТ
рӯзи 19-уми январ баъди ширкат дар роҳпаймоии бузург барои ҳимоят аз Паёмбари
Ислом (с) дар шаҳри Грозний, бо Абдураҳим Мутушев, ректори Донишгоҳи исломии
Чеченистон ба номи “Канта – Ҳоҷӣ” дар бинои донишгоҳ мулоқот кард.
Ҳамчунин, баъди вохурӣ бо
ректори донишгоҳ, роҳбари Наҳзат ва вакили МН бо муҳоҷирини тоҷики муқими
Қавқоз дар яке аз толорҳои Донишгоҳи исломии Чеченистон мулоқот карда, роҳбари
Наҳзат дар бораи вазъи кишвар, омодагии ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ ва ғайра
суҳбат кард.
Муҳиддин Кабирӣ бо даъвати
расмии мақомоти Ҷумҳурии Чеченистони Русия барои ширкат дар роҳпаймоӣ алайҳи
ифротгароӣ ва барои ҳимоят аз Паёмбари Ислом (с) дар шаҳри Грозний, рӯзи 18-уми
январ вориди Чеченистон шуд.
Зимни роҳпаймоӣ, Муҳиддин
Кабирӣ бо Рамазон Кадиров, раиси ҷумҳури Чеченистон мулоқот кард.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов,
сухангӯи ҲНИТ
21.01.2015