Мулоқоти роҳбари ҲНИТ бо раиси парлумони Швейтсария

Рӯзи 2- юми ноябри 2012, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ бо раиси парлумони Швейтсария ҷаноби Ҳанс Алзерр, ки бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.

Раиси ҲНИТ бо хоҳиши меҳмон маълумоти мухтасар дар бораи ҳизб ва ҳадафҳои он дода, паҳлуҳои асосии дидгоҳҳои онро шарҳ дод.

Раиси парлумони Швейтсария мавқеъи кишварашро нисбати ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бетарафона изҳор намуда, илова кард, ки ба корҳои дохилии ҳеч кишваре дахолат карданӣ нест ва бо ҳукуматҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ робитаи баробар хоҳад дошт.

Инчунин, масъалаи ислоҳот ба низоми интихоботии кишвар ва аҳамияти фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ бо андешаҳои гуногун, ҳамчун омили пешгирии тундгароии сиёсӣ ва мазхабӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳиддин Кабирӣ таъкид намуд, ки “демократия як раванд мебошад ва муҳим он аст, ки ҳар як чорабинии сиёсӣ, ба хусус интихоботҳо, аз қаблиаш беҳтар бигузарад. Он гоҳ, метавон гуфт, ки ин раванд ба самти дуруст ҳаракат дорад.”

Раиси парлумони Швейтсария таассуротҳои аз мулоқот гирифтаашро боарзиш хонда, хостори робитаҳо ва мулоқотҳои ояндаи тарафайн гашт.

“nahzat.tj”

More From Author

You May Also Like