Categories Ахбори рӯз

Мулоқоти сафири Амрико бо муовини раиси ҲНИТ

Имрӯз дар қароргоҳи марказии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон вохурии муовини раиси ҲНИТ Сайдумар Ҳусайнӣ бо сафири Амрико Кеннет Гросс баргузор гардид. Дар дидор мавзӯҳои мухталиф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Сафири Амрико таъкид кард, ки мо ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии муътадил ва миёнарав мешиносем ва аз таърих ва мушкилоти гузаштаи ҳизб ҳам ба хубӣ огоҳӣ дорем. Муовини аввали раиси ҲНИТ ҳам дар суҳбатҳои худ таъкид карданд, ки мо бо ҳамаи кишварҳо аз ҷумла ИМА робитаҳои хуб дорем ва барои рушди ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз таҷрибаи бархе кишварҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо истифода менамоем. Дар мавриди терраризм ҳам муовини раиси ҲНИТ таъкид карданд, ки ин падидаи исломӣ нест ва ислом бо ин падида мухолифати ошкор дорад. Ҳизби наҳзат ҳам борҳо мавқеи худро дар ин замина баён кардааст, ки мухолифи террор ва терроризм ба ҳама шакли он ҳаст ва онро маҳкум мекунад. Аммо набояд ин вожа аз суи ҳеҷ гурӯҳе мавриди суистифода қарор гирад. Бо падидаи терроризм набояд бархурди гузинишӣ сурат гирад.
Ду тараф дар охир бар идомаи гуфтугуҳои созанда таъкид намуданд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки сулҳи пойдор дар минтақа ва ҷаҳон ҳоким гардад.

More From Author

You May Also Like