Мулоқоти Ш.Зуҳуров ва А.Лориҷонӣ

Рӯзи 17 феврал Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони ҶТ дар шаҳри Теҳорон бо Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ирон мулоқот доштааст.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд, Шукурҷон Зуҳуров аз роҳбарияти ҶИИ барои даъвати ҳайати парлумони Тоҷикистон ҷиҳати боздид аз кишвари дӯсту бародар, ҳамзабону ҳамфарҳанг изҳори минатдорӣ карда, тазаккур додааст, ки Маҷлиси шӯрои исломии Ирон миёни парлумонҳои дунё нақши сазовор дорад ва бояд аз таҷрибаи ҳамидигар самарабахш истифода барем. Боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳои мо далели ин гуфтаҳост ва бояд ҳамкориҳои хешро густариш бахшем.
Дар идомаи сӯҳбати хеш раиси Маҷлиси намояндагон аз саҳми парлумони Тоҷикистон ҷиҳати ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни Тоҷикистону Ирон дар заминаи ҳуқуқӣ ишора карда, гуфтааст: «Мо итминони комил дорем, ки бо ҷаҳду талошҳои роҳбари давлати Тоҷикистон ва дастгирии Шумо равобити муфиду дарозмуддати ду кишвар тадриҷан ба омили муҳимтарини ҳамкориҳои бунёди иқтисодии Тоҷикистону Ирон мусоидат менамояд. Вале ҳанӯз ҳам имконоти дигари истифоданашуде дар муносиботи ду кишвари дӯст вуҷуд доранд, бояд онҳоро ҳам ба таври лозим истифода намоем, зеро истифода аз ин зарфиятҳо ба наздиктар шудани миллатҳои тоҷику иронӣ мусоидат менамояд».
Ҷаноби Ш.Зуҳуров ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Иронро шоиста дониста, арсаи энержиро самти стротежӣ арзёбӣ кардааст. Ҳамзамон доир ба мушкилоте, ки дар анҷоми муваффақонаи нақби «Истиқлол» ҷой дорад, изҳори андеша намуда гуфтааст, бартарафсозии ин мушкилот муносибатҳои созандаи ду кишварро таҳким мебахшанд.
Ҷаноби оғои доктор Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ирон тадбирҳои муҳими сиёсии Тоҷикистонро дар ин чанд соли ахир, бахусус бо ширкати ҳамаи аҳзоби сиёсӣ баргузор шудани интихоботи президентиро гоми устуворе дар пешрафти ҷомеъаи навини Тоҷикистон баҳогузорӣ карда, тазаккур ба он дода, ки «хушбахтона, дар кишварҳои мо барои тавсиъа ва густариш бахшидани робитаҳои ҳамаҷониба, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ ҳамаи шароиту заминаҳо фароҳам оварда шудаанд. Итминон дорам, ки миёни давлату парлумонҳои мо бо истифода аз чунин шароити мусоид ҳамкориҳои бештаре амалӣ хоҳанд шуд». Ишон аз пешниҳоди Ш.Зуҳуров оиди ҳалли мушкилоти нақби «Истиқлол» ёдовар шуда, ба ниҳодҳои масъул ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари қазияи мазкур супориш додааст.
Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ирон Тоҷикистонро яке аз асоситарин шарики иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ унвон карда, изҳор дошта, ки Ирон хостори тавсеъа ва таъмиқи ҳарчи бештари муносибот дар ҳамаи арсаҳост ва муваффақияту пешрафтҳои Тоҷикистон муваффақияту пешрафти Ирон буда, ҳамеша аз дастовардҳои бузурге, ки миллати бародари тоҷик сазовор мегардад, хушҳолии Ирон бештар мегардад.
Сафари Шукурҷон Зуҳуров дар ҶИИ идома дорад.

More From Author

You May Also Like