Categories Uncategorized

Муносибати ҳамсоя болои рушди саёҳат ҳам соя давонидааст!

Зайнаби Муҳаммаддухт

nahzat.tj

Тоҷикистон кишварест, ки мисли Қирғизистон дар Осиёи Марказӣ дорои мавориди табиъии маҳдуд буда, бояд барои беҳтар намудани вазъи зиндагии мардумаш аз захираҳои обу тилло, соҳаи саёҳат ва ғайра истифодаи дуруст намояд. Бар хилофи Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсояаш Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дорои захираҳои табиъӣ мисли нафту газ мебошанд.

Аммо мутаасифона дар вақтҳои ахир, муносибати сарди Тошканд бо Душанбе дар қатори он, ки ба дигар соҳаҳои кишвари мо мушкил эҷод кардааст, ба соҳаи саёҳати кишвар ҳам бетаъсир набудааст.

Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва саёҳат дар бораи манъи рафту омади саёҳон тавассути Ӯзбекистон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт: «Мо борҳо дар ин маврид ба ҳамтоёни тошкандии хеш муроҷиат кардем, аммо мисли ҳамеша танҳо сарҷунбонӣ ба маънои хубро мебинем, аммо дар амал мушкил ҳамоно боқӣ мемонад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои мавзеъи саёҳат дар минтақа мебошад ва ба иддаъои ҳукумат, солҳои охир соҳаи саёҳии кишвар ҳам «равнақ»  ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мавзеъҳои саёҳат ба қабули сайёҳон омодагии хуб доранд.

Мутаассифона, бар замми ин ки дар Тоҷикистон маконҳои таърихӣ ва ҷаззоб барои ҷалби сайёҳон зиёд аст, аммо то ҳол ин соҳа рушд накардааст. Илова бар ин, сайёҳон дар умум аз нуқтаҳои доғи сайёҳӣ дида аз амну хатар бештар нигаронанд, бахусус дар минтақаҳои куҳӣ.

Ӽодисае, ки чанд ҳафта пеш дар чанд километр дур аз Душанбе сурат гирифт, ин ҳам ба имеҷи кишвар ҳамчун мизбони саёҳон латма ворид карда, таъмини амнияти сайёҳон дар кишварро то ҳадде зери суол бурд. Ин ҳамон ҳодисаест, ки чанд саёҳони хориҷӣ дар Ӽушёрӣ мавриди ғорат қарор гирифтанд, ки воқеан ҷои таассуф аст. То ҳол, мақомоти зирабт дар бораи боздошти ғоратгарони онҳо иттилоъе надодааст.

Бо вуҷуди ин, мақомот мегӯянд, ки ҳоло ҳам монеаҳо дар рушди саёҳати кишвар кам нест. Соҳае, ки метавонад ба буҷаи Тоҷикистон малағи кам не, балки маблағи калон биорад.

Ҷаноби Файзуллоев мегӯяд, ки соли 2008 – 2009 дар ҷаласаи Шӯрои абрешимӣ дар Олмон масъалаи банд будани омаду рафти сайёҳон тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистонро матраҳ кардем, аммо мутаассифона то ба ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин назаранд, ки кишвари ҳамсоя риштаҳои банд кардани роҳҳои рушд ва имеҷи Тоҷикистонро бо истифода аз фишангҳои марзӣ, сиёсӣ ва минтақавӣ зиракона ба роҳ мемонад. Ин таҷрибаи ҳамсоядорӣ яке аз таҷрибаҳои талх дар минтақа мебошад.

Толиб Наимов, устоди Донишгоҳ мегӯяд: «Тоҷикистонро зарур аст, ки ба ҳар сурат роҳҳои алтернативиро биҷӯяд. Шах шудан, бо далели он ки кишвари ҳамсоя ба мо имкони рушд ва ворид шудани сайёҳонро намедиҳад, роҳи ҳал нест. Роҳҳои алтернативиро пайдо кардан лозим аст. Ширкатҳои хусусии саёҳиро ташкил кардан даркор то замина барои рақобат эҷод шавад ва ҳам барои рушди сайёҳии миллӣ фазо солим гардад.»

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии кишвар ҳам мутмаин аст, ки набуди ширкатҳои фаъол дар фазои соҳаи сайёҳии кишвар ба рушди саёҳатӣ ва ворид шудани сармоя латма задааст. Ба бовари ӯ, ширкатҳои хусусии саёҳии кишвар ҳамагӣ 15%-и хизматрасониҳоро дар ин самт иҷро мекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Мо ҳам мехоҳем, ки ширкатҳои саёҳии мо чархбол, ҳавопаймо, нақлиёт ва дигар зарфиятҳои техникӣ дошта бошанд, аммо надоранд.»

Зимнан то соли 2011 дар Тоҷикистон 170 ширкати саёҳатӣ ба қайд гирифта шуда буд, баъдан ин рақам ба 70 адад поин шуд. Инчунин, ин соҳа мушкилии кадр дорад ва гуфта мешавад, ки яке аз омилҳои заъфи рушди соҳа норасоии кадр аст.

Ҷаноби Наимов дар ин бора мегӯяд: «Дар мо ширкатҳои хусусии саёҳатии муосир тақрибан фаъолият намекунанд. Сармоя дар ин соҳа вуҷуд надорад. Амнияти онҳо дар минтақаҳои куҳӣ ва роҳҳо нигаронкунанда аст, ки бояд аз механизмҳои саёҳатии имрӯза ва аз барномаҳои хос истифода кунем.» Аммо…

More From Author

You May Also Like