Categories Ахбори рӯз

Муовини аввали Саддом Ҳусайн кушта шуд

Манобеи Ироқ дар устони (вилояти) Салоҳиддин, рӯзи
ҷумъа 17.04 2015, аз кушта шудани Иззат
Иброҳим Аддурӣ, муовини аввали Саддом Ҳусайн, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар
ва раҳбари кунунии ҳизби Баъси шохаи Ироқӣ хабар доданд.

Ба гузориши телевизиони Алъарабия , ба нақл аз Роид Алҷуварӣ устондори Салоҳиддин, Иззат Иброҳим Аддурӣ таи даргирӣ дар минтақаи Ҳамирин кушта шуда аст.

Иззат Иброҳим Аддурӣ, аз қадимтарин ва наздиктарини дастёрони Саддом, аз ҷумлаи баландпоятарин
мақомоти давлати собиқи Ироқ аст, ки таҳти таъқиб қарор дошт.

Вай ки дар
Тикрит, зодгоҳи раҳбари собиқи Ироқ мутаваллид шуда буд, дасти рости Саддом Ҳусайн
дар умури рӯзмарра маҳсуб меёфт. Ӯ муовинати фармондеҳии кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқро ба ӯҳда дошт ва дар замони
ҳамалоти химиявӣ соли 1977 ба манотиқи курднишини Ироқ, ки боиси қатли ҳазорон
курд шуд, узви аршади кумитае буд, ки масъули умури он манотиқ буд.

Аддурӣ, ки аз сӯи Амрико таҳти таъқиб буд, 9 сол пас аз суқути Саддом дар соли 2003 барои аввалин бор дар соли 2012 дар як навори видеоӣ зоҳир шуд.

Мақомҳои Ироқӣ ва
Амрикоӣ, ӯро масъули бахше аз хушунат дар устонҳои шимолии ин кишвар медонанд.
манбаъ: Аларабия

More From Author

You May Also Like