Categories Мавқеъ

Мураббӣ ва муаллими муваффақ

Шакке нест, ки вазифаи як мураббӣ байни дигар ҳирфаю тахассусҳо бисёр бузург ва фарқкунанда аст, ба шарте, ки онро холисона аз рӯи имону инсоф бо беҳтарин ваҷҳ анҷом дода, донишомӯзонро бар асоси арзишҳои миллию динӣ тарбия кунад. Дар чунин сурат кори ӯ дар радифи арзишмандтарин корҳо қарор мегирад.
Бояд ёдовар шуд, ки лафзи мураббӣ дарбаргирандаи мударрису муаллим, падару модар ва тамоми касоне хоҳад буд, ки парваришу сарпарастии фарзандону кӯдакон ва наврасону ҷавонон дар ӯҳдаи ишон вогузор шудааст.
Бинобар ин, мураббӣ ё мударрис парваришдиҳандаи наслҳост ва ислоҳу фасоди ҷомеъа ба таври мустақим аз ӯ вобаста аст. Пас, ҳар вақто вазифаи худро, ки тарбияту таълим мебошад, аз рӯи имону ихлос анҷом диҳад ва шогирдонашро дар як фазои одобу ахлоқи накӯ тарбия кунад, метавонад қабул дошта бошад, ки ӯ ва шогирдонаш муваффақияту сарбаландӣ ва хушбахтию саъодатмандии дорайнро пайдо хоҳанд кард. Дар ин ҷода Паёмбари Худо (с) хитобан ба ҳазрати Алӣ мегӯяд: Ба Худо савганд, агар Худованд як нафарро ба василаи ту ҳидоят кунад, бароят беҳтар аз уштурони гаронбаҳою арзишманд аст”.
Инчунин он Ҳазрат (с) фармуд: Касе хайр ва некиро барои дигарон меомӯзонад (яъне онҳоро таълиму тадрис медиҳад), ҳама чиз, ҳатто моҳиҳо дар қаъри баҳр барои ӯ талаби омурзиш мекунанд.
Аммо, агар муаллим дар адои вазифа бепарвоию саҳлангорӣ кунад ва шогирдонашро ба инҳирофу идеологияҳои вайрон ва рафторҳои зишту нодуруст роҳнамоӣ созад, бояд бидонад, ки ҳам худ ва ҳам онҳоро дучори бадбахтии дунёву қиёмат кардааст.
Паёмбари акрам (с) дар ин росто мефармояд: Ҳамаи шумо масъулият доред ва ҳар кадоматон аз зердастони худ пурсида мешавед …”.
Пас, муаллим ё устод дар мактабу донишгоҳ масъул ҳасту масъулият дорад, ки дар қиболи донишомӯзон посухгӯ ва барои онҳо ҷавобгӯ мебошад. Бинобар ин, эй мураббӣ, эй муаллим ва эй мударриси муҳтарам, қабл аз ҳар чиз ва ҳар кас бояд худатро ислоҳ намоӣ, зеро ҳар коре ту анҷом медиҳӣ, аз нигоҳи шогирдон зебову писандида мебошад ва ҳар коре аз анҷом доданаш худдорӣ меварзӣ, дар назари ишон зишту нописанд аст!
Пас, аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки рафтору гуфтори неки мураббию муаллим ва падару модар беҳтарин равиши тарбия барои донишомӯзону фарзандон аст.

Вазифаи як мураббии муваффақ
Ҳадафи аслии тарбияву таълим ҳамчун васила қарор додани он дар шаклгирии шахсият аст ва бо мурури вақт аз миёни шахсиятҳо чеҳраи идеалу намуна арзи вуҷуд кардан. Аммо яке аз вижагиҳои шахсияти намунавӣ он аст, ки бояд бо парвардигораш дар иртибот бошад ва барномаи зиндагӣ аз гуфтаву фармудаҳои Ӯ маншаъ гирифта, барои ислоҳи ҷомеъа иқдоми ҷиддӣ намояд. Ин аст рисолати муаллим ва ҳадаф аз тарбияву таълим.
Тавре маълум аст, тарбият бар пояҳое устувор аст, ки аз ҷомеъае ба ҷомеъаи дигар фарқ мекунад. Масалан, дар ҳоле ки пояҳои тарбият дар ҷомеъаи коммунистӣ бар асоси моддиёту маҳви маънавиёт ва қатъи робитаи донишомӯз бо Парвардигораш устувор буд, дар ҷомеъаи ғарбӣ бар пояи судҷӯию баҳракашӣ ва худхоҳию бебандуборӣ шакл гирифтааст. Аммо бидуни шакку тардид пояҳои тарбият дар ҷомеъаи исломӣ бар асоси эҷоди ақидаи солим, авотифи пок ва ахлоқи воло устувор аст, ки ин замина ва фурсати хубест барои шаклгирии робитаи донишомӯз бо атрофиён, бахусус бо Парвардигори хеш.
Агар мо бихоҳем ин рангу бӯро дар зиндагии худ дошта бошем, пас лозим аст, ки барои парвариши мураббиёни муваффақ дар заминаи тарбия ва таълим иқдоми ҷиддӣ намоем. Мураббӣ бояд дорои шароити лозима бошад, то битавонад нақши як муаллим ва мураббии шоистаю муваффақро ифо намояд.

Вижагиҳои мураббӣ ва муаллими муваффақ дар тарбия ва таълим
1. Мураббии муваффақ бояд дар заминаи кори худ моҳир бошад ва ҳангоми таълиму равишҳои омӯзишӣ даст ба ибтикору навоварӣ бизанад. Тамоми талошҳои худро барои тарбияи шоистаи шогирд ба кор гирад. Маълумоти судманд ва бештареро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад. Адабу ахлоқи барҷастаро ба шогирдон биомӯзад ва барои дур карданашон аз одатҳои зишту нописанд кӯшиш ба харҷ диҳад. Дар ин асно ӯ ҳам мураббӣ ҳаст ва ҳам муаллим.

2. Он таклифу вазифаҳое, ки бар дӯшаш ҳаст, холисона анҷом диҳад, то битавонад бо гуфтору рафтораш улгӯи хубе барои шогирдон бошад. Он чиро, ки барои худ ва фарзандон дӯст медорад, барои шогирдон ҳам дӯст бидорад ва аз лағжишу иштибоҳоти онҳо даргузарад. Агар ҳар гоҳ касеро мавриди ҷазо қарор доданист, дар авҷи меҳрубониву дилсӯзӣ ӯро муҷозот кунад. Паёмбари Худо (с) мефармояд: “Имони ҳеҷ яке аз шумо комил набувад, магар он чиро, ки барои худ дӯст медоред, барои бародаратон низ дӯст бидоред”.

3. Яке аз хусусиятҳои дигари муаллими муваффақ ин аст, ки бо илму ахлоқе, ки ба донишомӯз меомӯзад, амал кунад, то гуфтору кирдораш мухолифи ҳам қарор нагиранд. Дар ин ҷода Худованди бузург мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизеро мегӯед, ки худ онро анҷом намедиҳед? Назди Худо сахт нописанд аст, ки чизеро бигӯед ва худ онро анҷом надиҳед”.
Дар ин фармудаи Худованд касоне, ки суханеро мегӯянд, аммо ба он амал намекунанд, мавриди сарзаниш қарор гирифтаанд. Паёмбари Худо (с) мефармояд: “Худоё, паноҳ мебарам ба Ту аз (шарри) донише, ки нафъе (ба одамӣ) намерасонад”.

4. Муаллим бояд бидонад, ки вазифаи ӯ шабеҳ ба вазифаи паёмбаронест, ки Худованд онҳоро барои ҳидояту омӯзиши башар фиристод, то Парвардигор ва Холиқи худро бишиносанд. Муаллим дар ибрози муҳаббату дилсӯзӣ нисбат ба шогирдон бояд нақши падарро иҷро намояд. Ҳамчунин дар ҳама ҳолат оид ба донишомӯзон ва дарси онҳо масъул аст. Ӯ бояд донишомӯзонро дар ҳалли мушкилот ва дигар мавридҳое, ки марбути ӯст, кӯмаку ёрӣ расонад. Паёмбари акрам (с) мефармояд: «Ҳамаи шумо масъул ҳастед ва дар қиболи зердастонатон бозхост мешавед».

5. Муаллим бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки дар ҳузури Худованд мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад, ки чӣ чизеро ба шогирдон омӯхт? Оё барои онҳо пайдо кардани роҳҳои дурусту роҳнамоиҳои холисонаро анҷом додааст? Паёмбар (с) мефармояд: “Худованд ҳар касеро, ки бар дигарон сарпараст кардааст, мавриди муҳосаба қарор медиҳад, оё онро ҳифз кардааст ё зоеъ? То ҷое ки мард дар бораи хонаводааш мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад”.
Иловатан бар ӯ лозим аст, ки ба гунае ба онҳо сухан бигӯяд, ки суханонашро бифаҳманд ва бо ҳар донишомӯз ба андозаи дарку фаҳми вай сухан бигӯяд. Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд: “Бо забоне бо мардум сухан бигӯед, ки мефаҳманд. Оё дӯст доред, ки Худованд ва Паёмбараш такзиб шаванд”?
Бидуни шак, муаллим бинобар мавқеияти кору шуғлаш дар миёни донишомӯзоне ба сар мебарад, ки сатҳи ахлоқу тарбият ва заковату фаҳмиши онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Аз ин рӯ, бояд ба гунае амал кунад, ки ҳамаи онҳоро мадди назар дошта бошад ва дар бархӯрд дилсӯз бошаду ба фармудаи мураббии бузург, Паёмбари акрам (с) амал кунад, ки мефармояд: “Ҳамоно ман барои шумо ба манзалаи падар ҳастам ва шуморо омӯзиш медиҳам”.

6. Муаллими муваффақ бояд бо дигар ҳамкоронаш таъовуну ҳамкорӣ ва қасди хайрхоҳӣ дошта бошад, барои таъмини маслиҳати донишомӯз бо ҳаммаслаконаш ба машварат ва табодули назар бипардозад, то улгӯи хубе барои шогирдон бошад. Аз сӯи дигар, ҳамаи муаллимон бояд Паёмбари Худо (с) -ро улгӯи худ қарор бидиҳанд. Зеро Худованд дар ин бора хитоб ба мусалмонон карда мефармояд: “Дар ҳақиқат, барои шумо дар пайравӣ кардан аз Паёмбари Худо (с) улгӯ ва сармашқи некӯст”.

7. Муаллими муваффақ касест, ки аз назари илмӣ тавозӯъ дошта бошад. Эътироф аз ҳаққу ҳақиқат фазилат ба шумор меравад. Пас ҳақиқатро бояд бипазирад, то ҳамвора дар иштибоҳот ба сар набарад. Муаллим дар пазируфтани ҳақ ва эътироф ба он бояд ба салафи солеҳ пайравӣ дошта бошад. Зеро ҳар вақто онҳо ба ҳақиқати чизе мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки бар хилофи эътиқоду назарашон асту онро мепазируфтанд. Барои исботи ин даъво, метавон ба гуфтори ибни Аби Ҳотам дар китоби “Муқаддимаи ҷурҳ ва таъдил” такя кард. Чуноне дар қиссаи Молик (р) ва мунсариф шудани ӯ аз фатвояш пас аз шунидани ҳадиси Паёмбар (с) зикр шудааст.
Ишон ин масъаларо ба ин тарз овардааст, дар боби марбут ба пайравии Молик аз Паёмбар (с) ва мунсариф шудан аз фатвояш ҳангоме, ки ҳадисеро бар хилофи назараш барои ӯ аз Паёмбар (с) нақл карданд, Ибни Ваҳаб мегӯяд: Шунидам, ки дар бораи хилол кардани ангуштони пой аз Молик савол карданд ва ӯ дар посух гуфт, ин кор суннат нест.
Ибни Ваҳаб меафзояд, ман ба ӯ чизе нагуфтам, то ин ки мардум танҳояш гузоштанд он гоҳ гуфтам, ба эътиқоди мо ин кор суннат аст ва далел ҳам дорем.
Гуфт: далел чист?
Гуфтам: аз Муставрид ибни Шаддоди Қаршӣ ривоят аст, ки гуфт: ман Паёмбари Худо (с)- ро дидам, ки бо ангушти кӯчак ангуштони пойҳояшро хилол мекард. Он гоҳ Молик гуфт, ин ҳадис ҳасан аст ва ман то ин лаҳза онро нашунида будам.
Ибни Ваҳаб мегӯяд: баъд аз ин воқеъа, ҳангоме, ки Молик дар бораи ин мавзӯъ мавриди суол қарор мегирифт, ба хилол кардани ангуштони пой тавсия менамуд”.
Аз ин хотир, муаллиме, ки мехоҳад зимни анҷоми вазифа муваффақ бошад, бояд ба ҳаққу ҳақиқат гардан фуруд орад, агар дучори иштибоҳ шуд, онро эътироф кунад, ин хулқу хӯи накӯро ба шогирдон биомӯзонад ва арзишу аҳамияти тавозӯъ ва пазириши ҳақро низ барои онҳо баён намояд.
Ӯ ин корро амалан дар синфхона анҷом дода метавонад ва ҳар гоҳ посухи бархе аз донишомӯзонро ба саволҳо беҳтар аз посухи худ дид, онро эълон кунад ва ба бартарии посухи фулон донишомӯз эътироф намояд. Зеро ин кор боис мешавад, ки итминону эътимоди донишомӯзонро ҷалб сохта, шогирдонаш ӯро дӯст бидоранд.
Пас, чӣ хуб мебуд, агар ҳамаи муаллимон дар масири ин гуна муаллимони ростгӯ ҳаракат ва дар пазириши ҳақиқат роҳи онҳоро дунбол мекарданд.

8. Муаллими муваффақ касест, ки ба аҳду паймон вафодор ва дар гуфтораш содиқ бошад, зеро садоқат дар ҳама ҳол маншаи хайру баракат аст. Паёмбари акрам (с) мефармояд: “Одамӣ пайваста рост мегӯяд ва хоҳони ростист, то ин ки назди Худованд ростгӯ сабт мешавад. Ҳастанд касоне, ки пайваста дурӯғ мегӯянд ва дунболи дурӯғ мераванд, то ин ки назди Худо дурӯғгӯ сабт мешаванд”.
Бинобар ин, садоқат ва ростгӯӣ хулқу хӯи бузург аст ва муаллимро мебояд, ки ниҳоли онро миёни донишомӯзон сабз намояд ва бо одат додан бар ростгӯӣ, ин сифати арзишмандро дар назари онҳо маҳбубу дӯстдоштанӣ ҷилва диҳад, ҳатто дар шӯхӣ кардан низ садоқат пеша намояд. Зеро Расули Худо (с) шӯхӣ мекарданд, аммо ҷуз ҳақ чизи дигар бар забон намеоварданд.
Муаллим, ҳатто ба қасди шӯхӣ ҳам набояд ба донишомӯз дурӯғ бигӯяд. Агар ба ӯ ваъдае дод, бояд пойбанд бимонад, то ростгӯиву вафо ба аҳдро аз гуфтору кирдораш биомӯзанд. Чунки донишомӯз суханони дурӯғро ташхис медиҳад, агарчи ба хотири шарм аз муаллим посухи ӯро дода наметавонад.

9. Яке дигар аз вижагиҳои муаллими муваффақ сабру истиқомат аст. Ҳангоми мувоҷеҳ шудани муаллим бо мушкилоти донишомӯз ва масоили омӯзишӣ бояд сабур бошад. Зеро сабру устуворӣ бузургтарин ёру ёвари ӯ дар кор ва пешаи муаллимист. Худованди мутаъол мефармояд: “Ва аз шикебоӣ (сабр) ва намоз ёрӣ ҷӯед”.
Паёмбари акрам (с) низ мефармояд: “Муъмине, ки бо мардум муошират ва шишту хез дорад ва озору азияти онҳоро таҳаммул мекунад, беҳтар аз муъминест, ки бо мардум шишту хез надораду озор ва азияташонро таҳаммул намекунад”.
Хулоса, мураббӣ ва муаллими муваффақ бояд дар тахассусу пешаи худ моҳир бошад ва он таклифу вазифаҳое, ки бар дӯш дорад, холисона анҷом диҳад, то битавонад барои дигарон хосатан барои шогирдонаш улгӯи хубе бошад. Аз ин хотир, ӯро зарур аст, ки ба илму ахлоқи ба донишомӯзон омӯзонидааш амал кунад, то гуфтору кирдораш ба ҳам мухолиф набошанд. Чунки он вазифаи паёмбаронае, ки дорад, фардо дар назди Худованд мавриди пурсуҷӯ қарор мегирад.
Ҳоло дар фарҷоми матлаби хеш мехоҳам тамоми муҳассилини макотиб ва донишҷӯёни азиз ва дар раъси онҳо муаллимону устодони арҷмандро ба муносибати фарорасии соли хониши 2014 – 2015 табрику муборакбод гуфта, барои якояки онҳо дар ҷодаи тарбияву таълим ва тадрису омӯзиш комёбиву муваффақият, дар зиндагӣ сарбаландию обрӯро таманно дорам.

Қиёмиддин Қамарзод

More From Author

You May Also Like