Categories Ахбори рӯз

Муроҷиати раҳбарияти ҲНИТ

Ба вазири корҳоидохилии ҶТ,

генерал-лейтенанти милиса

РаҳимзодаРамазонҲамроҳ

Муҳтарам Рамазон Ҳамроҳ!

Эҳтимол аз тариқи ВАО огоҳӣ доред, ки муддатест дар шаҳру навоҳии кишвар алайҳи аъзову ҷонибдорон ва сохторҳои маҳаллии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз тарафи мақомоти иҷроия, амният, ба хусус ниҳодҳои зертобеи ВКД таҳдиду фишорҳо барои даст кашидан аз узвият дар ҲНИТ идома дорад. Даъват ба ШКД ва аз таҳдиду фишор кор гирифтан дар қиболи аъзои ҳизб муҳимтарин василаҳои ғайриқонуниеанд, ки имрӯзҳо кормандони ВКД аз он истифода мекунанд. 
Шӯрои сиёсии ҲНИТ зимни баррасии
вазъият дар кишвар, махсусан баъд аз шиддат ёфтани фишорҳо, ки имрӯзҳо волоият ва эҳтироми қонунро умуман зери суол бурдааст, мафҳуми “милиса-ҳомии ман”-ро ба шаҳрвандон дигаргуна мебинем. Аз ин рў
ин ниҳоди ҳизби маро муваззаф сохт, то ба Шумо, ҳамчун роҳбари ин ниҳоди интизомӣ, ки вазифаи пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва таъмини ҳамаҷонибаи суботу оромӣ дар ҷомеаро бар зимма дорад, муроҷиат намоям.

Ба касе пӯшида нест, ки фаъолияти ҲНИТ меъёри конститутсионӣ буда, дар натиҷаи тафоҳуми миллӣ ва сулҳу созиш ба
даст омадааст, гузашта аз ин, тазминкунандаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Касе, новобаста аз
мансубият ва масъулияти хеш ҳақ ва салоҳияти онро надорад, ки меъёрҳои конститутсиониро нодида бигирад. Ҷои тазаккур ҳам ҳаст, ки мавқеъгириҳои ҲНИТ дар ҳолатҳои ҳассос борҳо кишвар ва минтақаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намуда, пойдории давлати миллӣ маҳз бо мавқеъгириҳои ватандӯстонаи роҳбарияти ҲНИТ ва боло гузоштани
манфиати Ватану миллат аз дигар манофеъ ба даст омадааст.

Зимнан баргузории
интихоботи парлумонӣ, ки талаботу меъёрҳои қонунгузорӣ зимни раванди он ошкоро аз тарафи
масъулин поймол гардиданд, умедвории мардумро ба ояндаи нек ва қонунмеҳварии ҷомеъа зери суол бурд. Дар
баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки ҲНИТ дар тӯли солҳои сипаришуда дар асоси талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои ҳизбӣ шумораи аъзо ва ҷонибдорони худро дар
дохили кишвар ба маротиб афзоиш бахшида, муваффақияти чашмгир ва дастоварди хеле бузургро барои як кишвари дар ҳоли рушд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, мисли Тоҷикистон, ба армуғон овард. 
Вале мутаассифона, иддае дар мақомот ин дастовардро барои худ ва ҷомеа омили хатарнок нишон дода, дар ин авохир даст ба амалҳое мезананд, ки ақли солим қабул надорад. Дар зер намунаеро
аз қонуншиканиҳои танҳо ду моҳи ахир, ки аз тарафи ниҳодҳои зертобеи ВКД сар
задааст, хоҳем овард ва умед аст, ки
ба онҳо расидагии комил сурат
гирифта, кормандони ШКД аз иқдомҳои ғайриқонуние, ки ноумедии мардумро нисбати милиса бештар мекунанд, даст мекашанд:

– Монеагузорӣ дар роҳи сафари масъулини шуъба ва бахшҳои ҲНИТ барои ширкат дар ҷаласаи баъдазинтихоботии ҲНИТ, аз ҷумла раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд Муллоаббос Раҷабзода, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд Анвар Қурбонов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир, Муҳаммаднабӣ Саидбурҳонов (Сомонаи www.ozodi.tj аз 02.03.5, сомонаи www.nahzat.tj ,аз 02.03.15 );

– Дар семинаре, ки ВКД-и Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор кард, аз ҷониби Раҳим Каримов пешниҳод шуда, ки ҲНИТ ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шуда, баста шавад.
Мо ингуна пешниҳодҳоро “фитнаомез” ва”мухолиф ба Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ”
медонем.(Сомонаҳои www.ozodi.tj аз 02.04.15 www.ozodagon.tj );

– Фишор ба афроди ғайриҳизбӣ бо ҳадафҳои муайян, ки гӯё онҳо аъзои ҲНИТ ҳастанд. Аз ҷумла Наҷмиддинов Шамсиддин ва Бекназар Каримов, сокинони ноҳияи Фархор ба назди раиси бахши ноҳиявииҲНИТ омада, аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки ба онҳо маълумотнома дар бораи аъзои ҳизб
набудан диҳад, зеро таҳти фишор қарор доранду гӯё аъзои ҲНИТ мебошанд. (Сомонаи www.nahzat.tj аз 20.04.15);

– Фишор ба раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, Рустамов Талбакшоҳ аз ҷониби мақомоти ШКД-и ноҳияи мазкур барои тарки масъулият дар ҲНИТ, (www.nahzat.tj аз 18.04.15);

– Фишор ба бародари раиси бахши ҲНИТ Сайъалӣ Маҳмадҷонов дар ноҳияи Рашт, ки бояд аз узвияти ҲНИТ хориҷ шавад, вагарна ӯро туҳмат хоҳанд кард, ки гӯё дар вақти дарс ҲНИТ-
ро таблиғ мекардааст. Дар ҳоле ки ӯ омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ буда, аъзои ҲНИТ ҳам
нест.
Дар натиҷаи фишор ӯ тарки масъулияти омӯзгорӣ кардааст.( www.nahzat.tj, аз 09.04.15);

– Фишор ба аъзои ҲНИТ дар деҳаҳои “Роҳи Ленин” ва “Холмуродтеппа”-и ноҳияи А.Ҷомӣ барои хориљ шудан аз щизб ва дар рў ба рӯи камера нисбати он суханони носазо гуфтан. (www.nahzat.tj, аз 09.04.15);

– Дар таърихи 20, 21 ва 22 апрел Илёсов, муовини раиси ноҳияи Хуросон аз раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи мазкур талаб карда, ки мувофиқи мактуби сардори ШКД – и ноҳия полковник Саидов, рўйхати аъзои ҲНИТ ба онҳо дода шавад, ки ин хилофи қонунҳои ҷории кишвар аст.
Дар робита ба ин мавзўъ талаби сардори ШКД дар ноҳияи Хуросон ва муовини раиси ноҳияи Хуросон замима мешавад.

– Дар шаҳри Сарбанд касонеро, ки ҳатто аъзои ҲНИТ нестанд, ба ШКД даъват карда, мавриди фишор қарор додаанд, ки аъзои ҲНИТ-анд ва бояд аз ҳизб хориҷ шаванд. Инчунин дар таърихи 23-юми апрел масъули тафтишотии бахши ҲНИТ –ро
дар шаҳри Сарбанд ба ШКД даъват кардаанд;

– Дар таърихи 22.04.15 раиси бахши ҲНИТ дар Кӯҳистони Мастчоҳ, Мирзоолим Холов, ба назди раиси ноҳия даъват шуда, ки дар он ҷо сардори ШКД, сардори шуъбаи ноҳиявии КДАМ ва прокурори ноҳия низ ҳузур доштаанд. Мақомот бо фишор аз 200 нафар узви ҲНИТ аризаи хориҷ шудан аз ҳизбро гирифта, аз раиси бахши ҳизб талаб кардаанд, ки онҳоро аз ҳизб хориҷ намуда, худаш низ аз масъулият канор биравад;

– Дар ноҳияи Ёвон низ фишор ба аъзои ҲНИТ тавассути раисони ҷамоату
маҳаллаҳо ва сардори ШКД-и
нощия сурат гирифтааст. Аз ҷумла дар ҷамоати “Чоргул” аъзои ҳизбро ба идораи ҷамоат даъват карда, намояндагони ШКД ба онҳо гуфтаанд: шумо бояд аз аъзогии ҲНИТ даст кашед. 
Инчунин раиси ҷамоати “Ҳасан Ҳусейн”, Исо Мурод, ба хонаи аъзои ҲНИТ рафта, онҳоро маҷбур карда, ки барои аз сафи ҳизб хориҷ шудан ариза нависанд;

– Бинобар гузоришҳои расида аз вилояти Суғд фишорҳои мақомот болои аъзои ҲНИТ дар ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Ашт ва Б. Ғафуров идома доранд.

– 26.04.15 кормандони ШКД-и ноҳияи Ашт аъзои ҲНИТ, Хайруллоев Алишер, Иброҳимов Нозим, Масаидов Пайрав, Абдуғаниев Фаррух ва Масолиев Абдураҳмонро шомҳангом дар маркази ноҳия боздошт намуда, ба ШКД бурданд барои риши онҳоро тарошидан. Кормандони ШКД, Ҷалилов ва Қучқоров,
нисбати боздоштшудагон таҳқиру дашномҳои қабеҳро раво дидаанд, Масаидов Пайрав, Иброҳимов Нозим ва Хайруллоев Алишер, ҳатто мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.

– 27.04.2015 сардори ШКД-и ноҳияи А. Ҷомӣ раиси бахши ноҳиявии ҲНИТ, Рустамов Талбакшощро ба шуъба даъват намуда, аз ӯ талаб карда, ки аъзои ҳизбро аз ҳизб хориҷ ва бахши ҳизбро бандад. 
Сипас сардори ШКД раиси бахши ҳизбро назди раиси ҳукумат бурда, ки дар он ҷо гурӯҳе аз занон ба ў ҳамла карда, нисбаташ таҳқирҳоеро раво дидаанд. Вале сардори ШКД Рустамов Талбакшоҳро ҳамчун авбош боздошт намуда, ба боздоштгоҳи хеш интиқол медиҳад.

Ин аст намунае аз шумори зиёди қонуншиканиҳо, ки масъулини маҳаллии ВКД бо суистифода аз мансаб ва берун рафтан аз
салоҳиятҳои хидматӣ ба фаъолияти ҳизби сиёсии расмӣ ва аъзову ниҳодҳои он дар саросари кишвар монеъа эҷод ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол месозанд.

Бо дарназардошти далелҳои овардашуда роҳбарияти ҲНИТ аз Шумо эҳтиромона дархост менамояд, ки барои ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо ҷиҳати таъмини волоият ва эҳтироми қонун иқдом намуда, барои хотима бахшидан
ба ин гуна амалҳо чораандешӣ менамоед.

Ҳамзамон аз Шумо хоҳиш менамоем, то дар фурсати муносиб ҳайати ҳизбиро ба ҳузур бипазиред.

Бо эҳтиром,

Муовини аввали
раиси ҲНИТ,
ҲисайновУ. Ф.

More From Author

You May Also Like