Categories Ахбори рӯз

Муроҷиатномаи Шурои сиёсии ҲНИТ ба ҷомеаи Тоҷикистон

Шурои сиёсии ҲНИТ вазъи имрузаи кишвар, ба хусус, нооромиҳои минтақаи Раштро мавриди баррасӣ карор дода, пеш аз ҳама ба наздикону хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодисаҳо таъзияи хешро баён менамояд. Ҳамзамон зарур мешуморад, ки дар чунин лаҳзаи ҳассос ва душвор ба ҷомеаи кишвар муроҷиат намояд.
Кишвари азизи мо – Тоҷикистон пас аз имзои Созишномаи Сулҳ ва ризоияти Миллӣ вориди марҳалаи субот ва оромиш аз як тараф ва ҳамдигарфаҳмиву созиш аз тарафи дигар гардид. Мо тавонистем дар як марҳалаи кўтоҳ оқибатҳои ҷанги хонумонсўзро бартараф намуда, ваҳдату якпорчагии миллиро таъмин намоем. Муҳимтарин омили таъминкунандаи сулҳу субот ва Рушду инкишофи давлат ва миллати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва амали созандаи тамоми мардуми кишвар ва сарҷамъ шудани аксари неруҳо ва доираҳои сиёсӣ, фикрӣ ва расонаӣ атрофи манфиатҳои милливу давлатиамон будаанд.
Сулҳу ваҳдати Миллии мо аз рўзҳои аввалаш баъзе доираҳои дохиливу хориҷиро ки миллату давлати Моро ҳамеша заъифу мубталои мушкилот дидан мехоҳанд, нороҳат сохта буд ва равандҳои баъдӣ нишон дод, ки онҳо ҳамеша дар камин нишастаанд, то фурсати муносиберо барои латма ворид намудан ба таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдат ворид намоянд. Ин нерухо фарзандони миллати тоҷикро як маротиба тавонистанд муқобили ҳам гузоранд ва ҷомеъаи моро ба лагерҳои гуногуни идеологӣ, қавмӣ, минтақавӣ ва мазҳабӣ тақсим намоянд.
Имрўз ҳама медонад, ки сабаби аслии он ҷанги таҳмилӣ ҳамдигарнофаҳмӣ ва ба якдигар бо таҳқиру тавҳин ва хушунат муносибат кардан буд. Маҳз якдигарро гуш карда натавонистани нерўҳо ва ақлҳои созандаву муътадил боис гашт, ки дигарон вориди саҳна гарданд. Вале, миллат бо роҳбарии фарзандон ва нерўҳои ватандӯсту огоҳаш тавонист пеши роҳи парокандасозии тарроҳишударо бигирад ва ба ҳамагон исбот созад, ки мо миллати мутаҳид дар Тоҷикистони якпорча боқӣ хоҳем монд.
Сулҳ ва Ваҳдати миллии мо ба хуни даҳҳо ҳазор шаҳид ва ашки садҳо ҳазор ятиму бевазан ва модарон ба даст омадааст ва ба осонӣ аз даст додани он хиёнат ба миллат ва ҷиноят назди Парвардигор аст. Ҳар касе даст ба ҳуқуқпоймолкунии шаҳрвандон, таҳдид ва таъқибу фишор, инчунин куштор ва таркиш мезанад, агарчӣ аз номи давлату миллат ё дину мазҳаб амал кунад хам, ҷуз чиноят ва амали зишт коре накардааст. Хушунат танҳо хушунатро ба бор меоварад, таҳқир танҳо таҳкирро эҷод мекунад, таҳдид танҳо таҳдидро меафзояд. Ин амалҳо ҳамеша ҷиноят буданд ва ҷиноят мемонанд. Вале имрўз ҷинояти бештаранд, зеро миллатро бори дигар ба вартаи парокандагӣ ва нооромиҳо меафкананд.
Нишонаҳои ворид гаштани кишвар ба ин муҳити носолим аз қабл маълум буд ва доираҳои манфиатдор талош мекарданд, ки фазои равонӣ ва иттилоотиро боз печидатар намоянд. Ҷойи таассуф он аст, ки онҳо то ҳадде ба мақсади худ расиданд ва агар неруҳои созандаву миллатдўст ва ақлҳои солим атрофи манофеъи милливу давлатӣ ва ормонҳои мусолиҳаи миллӣ даври ҳам наоянд, эҳтимол аст, ки доираҳои мазкур ба аҳдофи шуми худ дастрасии бештаре пайдо намоянд.
Хатари ифротгароӣ ҳамеша кишвари моро таҳдид мекард, вале маҳз фарҳанги созиш ва ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва гузашт кардан, инчунин, рушди андешаҳои муътадили динӣ ва дунявӣ боис гашта буд, ки солҳои ахир кишвари мо дар шароити беҳтаре дар муқоиса ба ҳамсоягон вуҷуд дошта бошад. Вале, ахиран руҳия ва фазои носолими моломол аз хушунат, таҳқир ва адами боварӣ, ки гувоҳӣ аз рушди андешаҳои ифротии диниву дунявӣ медиҳанд, қадам ба қадам ҷойи фазои созишу эътимод ва боварии якдигарро гирифта истодааст, ки наметавонад ҷомеъа, аз чумла ХНИТ-ро нигарон насозад. Дар чунин шароит дигар маҳкум намудани кушторҳо ва таркишҳо, баёни таъзияву ҳамдардӣ кофӣ нест, балки, қадамҳои мушаххас ва муассирро барои таҳкими пояҳои сулҳу вахдати миллӣ ва давлатдорӣ бояд гузошт. Пеш аз ҳама, фарҳанги гуфтугӯ ва муколамаро ба ҷомеъа бояд баргардонд, то тамоми масоил ва мушкилот дар гуфтугуйи ошкор ва созандаи ҳама шаҳрвандон ва нерўҳо анҷом шавад. Ҳаргоҳ ки муколама аз байн рафт, ҷойи онро хушунат мегирад ва ҳарҷо ки ҳамдигарфаҳмӣ ноком шуд, ҷойи онро таҳдиду тарсонидан ишғол мекунад.
Пушида нест, ки имрузхо дар саросари чахон аз тарафи доирахои муайян алайхи дини мубини Ислом ва шахсиятҳои маъруфи он маъракаи таблиготии шадид ба рох монда шудааст. Онҳо бо ҳар васила арзишҳои мусалмониро зери по гузошта, бо суистифода аз барангехтани эҳсосоти диндорон мехоҳанд аз мусалмон як шахсияти хашин ва тундрав муаррифӣ намоянд. Мутаассифона, баъзе пайравони ин дини пок ноогоҳона бо амалхо ва рафторхои нораво ва эхсосотии хеш ба осиёби ин доирахо об мерезанд ва василае барои сиёх кардани ислом ва мусалмонон қарор мегиранд. Инчунин ҳолатхои суистифода аз дин ва созмонхои расмии кишвар аз тарафи баъзеҳо низ ба чашм мерасад, ки ҳадафмандона ин созмонхоро пушише барои амалҳои худ қарор медиҳанд. Чо доштани чунин ҳолатҳои алоҳида метавонад аз тарафи доирахои ғаразнок хамчун дастак ё «далел» алайҳи дин, созмонҳо ва шахсиятҳо истифода шавад. Бинобар ин, мо аз тамоми ҳамватанон, ба хусус, пайравони ин дини пок даъват менамоем, ки бо рафтор ва гуфтори худ бори дигар исбот намоянд, ки дини мубини ислом дини сулҳ, ваҳдат ва созанда мебошад. Ин масъулияти ҳар як мусалмон ва ҳар як шаҳрванди кишвари мост. Набояд арзишҳо ва шиорҳои динӣ ба дасти як тоифаи хурди тундрав бияфтад ва онхо динро намояндагӣ кунанд. Вакти он расидааст, ки мо сабру тахаммулпазирии бештареро касб намоем ва дар баробари мушкилиҳо ва иғвоҳои эҳтимолии оянда устуворӣ нишон бидиҳем.
Ҳамзамон, аз тамоми ҳамватанон, ба хусус, масъулин хоҳиш менамоем, ки дар муносибат ва гуфтори худ бо мардум аз зиёдаравӣ ва тундгуйи худдорӣ намоянд ва ноогохона эътикоду арзишхои мардумро таҳқир ва зери суол қарор надиханд. Зеро, чунин рафтори номуносиб айни хостаи доираҳои норозӣ аз сулҳу ваҳдати миллии мо мебошад, ки онро хамчун далел барои расидан ба ҳадафҳои шуми худ истифода хоханд намуд.

Дар охир, Шурои ссиёсии ХНИТ аз хамаи аъзо ва чонибдорони худ тақозо менамояд, ки дар чунин лаҳзаи ҳассос ва тақдирсози миллат, зиракӣ ва дурандеширо аз даст надода, даъвати роҳбарияти хизбро барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи ҷомеъа дастури кори худ қарор диҳанд. Пойбандӣ ба арзишҳои волои миллӣ ва мазҳабии худ, амал дар чорчуби манофеъи давлативу миллӣ ягона роҳи ҳифзи субот ва амнияти кишвар мебошад. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҳар як шаҳрванди асили кишвар азиз аст, вале барои аъзо ва пайравони ХНИТ азизтар, чун ин хама ормон ва маҳсули амали тамоми миллат, аз ҷумла мост, ки хешро як ҷониби сулҳ медонем.
Парвардигор Миллату Ватан ва сулҳу ваҳдати моро дар паноҳи исмати хеш хифз намояд.
Бо эхтиром, Шурои сиёсии ХНИТ

More From Author

You May Also Like