Ба номи офаридгори якто
Мо зери мафҳуми миллат ағлаб як гурӯҳ ва ё қавме аз Одамонро, ки дорои забону шакли пӯст, расму оин, дин ва мактабу идиулужии хоси худ мебошанд, дар назар дорем. Ин навъ бардошт аз миллат хоси мактабҳои мубтанӣ бар моддигароист.
Дар дунё ақвом ва гурӯҳҳои бисёре бо ҷанбаву нишонаҳои дар боло зикр гардида аз қадимулайём то ба кунун арзи ҳастӣ доранд, ки ба бақои худ идома дода истодаанд.
Аммо мантиқи Қуръон дар ин мавзӯъ чист? «Миллат» и Қуръон ва Ислом чӣ гунна миллатест?
Ислом динест, ки зербинояш Тавҳид аст. Тавҳид, яъне якто шинохтану парастидани Холиқу Сонеъи осмонҳову замин, ҳар он чӣ дар онҳо вуҷуд доранд-аз ҷамоду наботу ҳайвону Инсон ва малак. Вожаи Тавҳид дар луғати Қуръон инчунин, маъно ва мафҳуми густардатаре дорад. Танҳо бо якто шинохтану парастидани Худо, шарти муваҳиду мусалмон будани Инсон иҷро нахоҳад гашт. Якто донистан ва шинохтани Худо зербинои фикрии мактаб ва идиулужии Ислом аст. Аммо боз шарту қавоиде ҳам вуҷуд доранд, ки бидуни риояи онон имон ва мусалмонии мусалмонон абтар асту ноқис. Мактаби тавҳид пайравони худро ба ваҳдату ягонагӣ даъват менамояд, ки он кафил ва зомини пешрафту рифъат ва таҳкиму суботи тамоми мусалмонон мебошад. Даъват ба ягонагӣ ва аз ҳам ҷудо – ҷудо набудан, нидои фитрат ва асли Куръон аст. Фармони Худост, ки риоя ва пиёда намудани он мунҷар ба саъодати дунёву уқбо ва хуррамии фарду кули ҷомеъаи башар мебошад.
Вожаҳои Тавҳид , Ваҳдат, Иттиҳод ва Миллат дар Қуръон бо ҳам бисёр муртабит ва наздик ҳастанд. Миллатеро, ки Қуръон ба мо муаррифи мекунад, ҳеҷ рабте ба мансубиятҳои забониву шаклӣ ва торихиву ҷуғрофӣ надорад. Миллат дар Ислом чизи дигарест.
Миллате, ки Қуръон ба мо муаррифӣ мекунад, як даста ва ё гурӯҳи Инсонҳост, ки новобаста аз ҷанбаҳои зоҳирӣ ва мансубиятҳои торихиву ҷуғрофиашон дорои шинохту ҷаҳонбинӣ ва идиулужии воҳид (манзур ҳамон дин аст) ҳастанд, мебошанд. Ҳуҷҷат ва ҳадафи ягона доштан –возеҳтарин аломат ва нишони як миллати воҳид будани тамоми мусалмонон аст. Чунончи Иқбол фармудааст:
Аҳли Ҳақро ҳуҷҷату даъвӣ якест,
Хаймаҳо аз ҳам ҷудо, дилҳо якест.
Ислом чун по ба арзи ҳастӣ намуд, тамоми ағлолу салосилеро, ки пои миллатҳоро дар як маҳдудаи танге мунхасиру мехкуб карда буданду инсониятро бино ба тафовуту афзалият ва заъфӣ эътибору , мақом аз ҳам ҷудо карда буданд, шикасту озод кард. Сипас муттаҳидашон намуд. Чӣ қадар суханони зарифу латифе, ки аҳли адабу сухани мо оиди ин рисолати осмонӣ (ваҳдат) гуфтаву навистаанд, ки ҳад ва ҳисобаш нест. Чунончӣ Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Мо зи неъматҳои ӯ ихвон шудем,
Якзабону якдилу якчон шудем.
Мутобиқу мувофиқи дастуроти Қуръон ва қароъини қуръониву аҳодиси набавй ҳеҷ қавм ва ё миллате дар дунё бар дигаре ба ҳукми мансубиятҳои моддй ва афзалиятхояш дар умури дунявй бартарият надорад. Мантиқи Ислом арабиву ачамӣ ва мағрибиву машриқиро аз ҳам ҷудо намешуморад. На араб бар аҷам бартарият дорад ва на турк бар тоҷику дигаре бар саввумӣ. Ҳама дар пештоқи адли Илоҳӣ ва саҳнаи хилқати ҷаҳон бо ҳам мусовӣ (баробар) ҳастанд. Он ибора, ки «араб бар дигаре афзалияту бартарият дорад» хатост. Хатое, ки мунҷар ба хунрезиву садамаҳое дар олами Ислом гаштааст.
Чунончи дар боло қайд карда гузаштем, тамоми мусалмонони олам як миллати воҳид ҳастанд. Як рангии дилҳову ҳадафу ҳуҷҷати ягона ҳукми оҳанрабоест, ки тамоми мусалмононро рӯи худ ва атрофи худ ҷамъ овардааст. Иқбол мефармояд:
Миллат аз якрангии дилҳостӣ,
Рӯшан аз як ҷилва ин синостӣ.
Маркази паргорӣ доираи номутаноҳи ва бекаронаи ин миллати бузург (Ислом) ҳамон тавҳид аст. Якто шинохтану парастидани Худост. Иттиҳоду ягонагист. Иртиботӣ бо ҳамдигар аст. Дӯстиву баробарист. Адолату риояи кавонини адолат аст, ки маҳз риояву пиёда кардани онҳо зомин ва кафили саъодату хуррамии инсонҳо ва пешрафти ҷомеъаи башарист. Ҳамаи омил ва васоили дар боло зикргардида асос ва зербинои ин қасри бошукӯҳ-миллати Ислом мебошанд.
Инсон худ мавҷудест иҷтимоӣ, ки бисёре аз камолоти ӯ танҳо дар партави рабт бо ҷамоат муяссараш мегарданд. Бидуни иртибот бо ҷамоъат Инсон наметавонад, ки арзи ҳасти намуда, ба бақои худ идома диҳад. Иқбол мефармояд;
Фардро рабти ҷамоат раҳмат аст,
Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.
Худованд дар ниҳоди башар як ангеза ва кашише халк намудааст, ки он инсонҳоро ба ҳам муртабит (пайваста) мегардонад. Бидуни ин нерӯ ва кашиш ваҳдату низоми иҷтимоъӣ аз ҳам гусаста, кавонини зиндагонии башар фурӯ мепошанд. Он неру ҳамон майлу рағбат, ишқу муҳаббат, ва дӯстиву бародарист, ки зиндагии моро сару сомон ва интизом мебахшанд.
Ҷаҳони дирӯзу имрӯз саҳнаи кашмакаш ва даргириҳо буд ва ҳаст, ки решаҳои онҳо асосан аз сарчашмаи афкору бардошти ғалат аз миллату ҷомеъа об мехӯранд. Тарҷеҳ додану афзал ҳисобидани як қавму гурӯҳе бар дигаре чӣ қадар фоҷеаву садамаҳое бар сари инсоният ба бор оварда аст ва оварда истодааст.
Сабаб ва иллати тамоми ҷангҳои хунини давоми торих асосан ҳамин бардошту тасаввури ғалат аз мафҳуми миллат буд ва ҳаст. Чунончи ҷанги дуввуми ҷахонӣ, ки муфассалан аз он ҳарф заданро лозим намедонам. Зеро ҳамагӣ аз торих огаҳ ҳастанд.
Барои Инсон болидану ифтихор ва нозидан ба қавму нажоди худ амалест нописанду нишони нодонии ӯст. Иқбол мефармояд;
Бар насаб нозон шудан нодонӣ аст,
Асли ӯ андар тану тан фонӣ аст.
Ва ё ҷое дигар;
То ухувватро мақом андар дил аст,
Бехи ӯ дар дил, на дар обу гил аст.
Ҳамин тавр, миллате, ки Ислом таъсису ташкил додаст, ҳеҷ рабте ба ҷанбаҳои зоҳирӣ ва обу гили инсонҳо надорад. Миллатест, ки асосу милоки ҳастии онро ваҳдату ягонагии қалбҳо ташкил кардааст. Миллате, ки тамоми забонҳову рангҳо ва ҳадафу ҳуҷҷатҳо, нияту омоли инсонҳоро шерозабандӣ намуда, ба як мафҳуми воҳид-МИЛЛАТИ ИСЛОМ табдил намудааст. Боз аз фармудаҳои Иқбол ёдрас мешавем:
Асвад аз Тавҳид аҳмар мешавад,
Хеши Форуку Абузар мешавад.
Худованд чашмаҳое аз хикмат дар хушкзори калбҳои мо падид овараду дарҳое аз ирфон ба рӯйи диламон боз намояд, то бар ҳақиқат ва асрору асмои Оламу Одам даст ёбем. Худшинос бошему Худошинос, ки бидунашон иттиҳоду ваҳдати мо ғайри мумкин асту зербинои қасри миллати мо заъифу мутазалзил.
Султон САФАРОВ – Мастчоҳ.