Categories Uncategorized

Назоратчии Гуантанамо чӣ тавр мусалмон шуд?

М. Сиддиқзод

Ҷаноби Ҳолдбрукс, марди амрикоӣ, ки дар маҳбуси машҳури Гуантанамо ба сифати назоратчӣ фаъолият дошт ва дар тӯли чанд соли мушоҳидаи рафтори мусалмонони маҳбус ба Ислом гаравид, чанд пора аз ҳаёти маҳбусон нақл кардааст, ки онро  сомонаи Onislam – овардааст:

“Шумо аз интихоби дини худ – Ислом бо дили пур дар ҷомеа ҳарф занед. – мегӯяд Террии 29-сола дар Маркази исломии Ҳантсвилле. – Шумо бо ҳам муттаҳид ва бо ҳамсояҳои худ ҳамеша дастрас бошед.  Ба онҳо бигӯед, ки шумо мусалмонед.  Онҳоро ба манзили худ хонед ва бо онҳо муомилаи дӯстона барқарор кунед. Боз беҳтар аст, агар онҳоро ба масҷид даъват кунед ва нишон диҳед, ки ибодатгоҳ макони тайёр кардани бомб нест.”

Ба Ислом гаравидани Терри низ хеле ҷолиб аст.  Вақте соли 2003 ба маҳбаси Гуантанамо ба кор омад, ӯ танҳо 19 сол дошту даҳрӣ буд. Ба шароб майли зиёд дошту мухлиси мусиқии “роки гарон” ва чанд ҷойи танашро холкӯбӣ зада буд. Ва чун рафтори мусалмонҳои маҳбаси Гуантанамро медид, ба сабру таҳаммули онҳо сари таъзим фуруд оварда, дар муддати чор – панҷ моҳ аллакай ӯ омодаи дини Исломро қабул кардан буд.

Чун аз хизмат аз маҳбас рафт, сирри Гуантанамаро ба фош кардан оғозид.  Махсусан, ӯ ба гуруснанишинии зиндониён таваҷҷуҳ дошт.

Дар бораи гуруснанишиниҳои онҳо чунин менигорад:  “Онҳо омодаанд бимиранд, то ки чунин муносибати таҳқиромезро бипазиранд.

Ҳатто китобе бо унвони “Хоин?” навишт, ки дар он аз вазъияти буғранҷи тоқатнофарсои зиндон нақл намуда, таъкид дорад, ки бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо ва шиканҷа маҳбусони мусалмон боз табассум доштанд.

“Ин китобро ман барои он менависам, то ки ҳар нафаре бихонад, бидонад ва шарм бидорад, ки мо чунин маҳбасҳо дорем.  Ман танҳо мехоҳам бо мардум фикри мардумро донам ва ба назарҳои онҳ таваҷҷуҳ кунам.  Ман Исломро пазируфтам, вале хоин нестам. “- шарҳ додааст дар муқаддимаи китоби худ.

Маҳбаси Гуантанамо як саҳфаи сиёҳ ва ё шармбори Амрикост, ки он бо шиканҷа ва масхараи маҳбусон ном баровардааст ва онро соли 2002 бо фармони Ҷорҷ Буши хурдӣ дар доираи мубориза бар зидди терроризм кушода буданд.

Гуантанамо дар ҳудуди давлати Куба ҷазираест, ки Амрико ба муҳлати номаълум иҷора гирифта, аз соли 2002 зиёда аз 700 нафар шаҳрвандони кишварҳои гуногунро (асосан, Арабистони Саъудӣ, Афғонистон ва Яман) дар Афғонистон дастгир карда, ба ин маҳбас интиқол медод.

Ин маҳкама ҳамчун ҷойи шиканҷа ва масхараи маҳбусон аз тарафи амрикоиён низ маъруф аст.  Ва аксҳои хеле зиёд аз ин рафтору кирдорҳои ғайриинсонии амрикоиён дар ин зиндон гувоҳӣ медиҳанд.  Воқеан, вақте сухан дар бораи манфиатҳои худи Амрико равад, демократия ба дараҷаи дувум мегузарад.  Дар байни ин 750 боздоштшудагони Гуантанамо чанд нафар тоҷикон низ буданд, ки аксарашон тадриҷан ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

More From Author

You May Also Like