Categories Ахбори рӯз

Мусобиқаи футбол дар ҲНИТ

Шуъбаи ҳизб дар минтақаи Қӯрғонтеппа тасмим дорад, ки дар рӯзҳои наздик миёни тимҳои футболи ҳизб дар минтақа мусобиқа ташкил намояд.
Қамариддин Афзалӣ, раиси шуъба мегӯяд, «дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа дастаҳои футбол дорем, ки байни ин дастаҳо дар муддатҳои муайян мусобиқоти варзишӣ доир менамоем ва ин навбат мусобиқаи мо ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида мешавад”.
Ба гуфтаи раиси шуъба, ғолибони мусобиқаро ҷоизаҳои хотирмон интизор аст.
Бояд гуфт, ки пиёда намудани бозиҳои варзишӣ яке аз буъдҳо барномаи Наҳзат ба шумор мераванд, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ будаанд.

More From Author

You May Also Like