Конфронси байналмилалӣ, ки ба унвони “Исломшиносӣ ва мақоми ҳуқуқии он дар дунё” ёд мешавад, дар Истанбул, пойтахти Туркия баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши расонаҳои Туркия ин конфронс зери назари идораи кулли интишорот, расона ва матбуоти Туркия бо ҳузури муовини нахуствазири Туркия оғоз хоҳад шуд.
Коршиносон аз кишварҳои мухталиф дар ин конфронс, падидаи исломҳаросӣ дар Ғарбро баррасӣ хоҳанд кард.