Муддатест, ки саҳифаҳои рӯзномаҳои давлатию ғайридавлатиро мақолаҳои сар то по туҳмату буҳтон дар ҳаққи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва роҳбарияти он фаро гирифта, қариб ба ҳукми одат даромадааст. Муаллифони мақолаҳо гоҳ аз инқилобҳои кишварҳои арабӣ мисол мезананд, гоҳ аз созмонҳои исломии Ихвон-ул- муслимин ва дигар ҳизбҳои исломии ҷаҳон ба бадӣ ёд мекунанд, гоҳ ба сӯи ҳаракати ҲАМОС, ки дар баробари лашкари хуношоми ғосиби Исроил ба дифоъ аз марзу буми хеш устувор истодаанд, санги маломат меандозанд, гоҳ мавзӯи даргириҳои дохилии Сурия, Либия, Ироқ, Афғонистон ва Украинаро барои ибрат гирифтан мисол меоранд ва билохира ба ҷанги пасисаршудаи дохилии Тоҷикистон бармегарданд ва дар кулли ин масоил Ислому мусалмононро гунаҳгори аслӣ дониста, билохира санги маломатро ба сари ҲНИТ мезананд ва хонандаро (агар он рӯзномаҳо хонанда дошта бошанд) ба ҳарос оварданӣ мешаванд. Баъди жожхоиҳо ва сафсатасароиҳо хулоса мекунанд, ки бояд фаъолияти ҲНИТ боздошта шавад, ҲНИТ фаъолияташро хотима диҳад, Ислом ба ҳизб эҳтиёҷ надорад ва монанди инҳо. Аз ҳама аҷибаш ин ки хулосаи ҳамаи матолиб як чиз аст.
Вақте ҳамаи ин навиштаҳоро аз назар гузаронӣ ва дар радифи инҳо намоишҳои бо мақсади бадномкунии як қишри ҷомеа ва таҳқири миллати тоҷик саҳнасозишудаи телевизиониро тамошо кунӣ, ба чунин хулоса хоҳӣ омад: Чанд нафари ангуштшуморе, ки аслан маҳруми табиати солиманд, вале бо ҳазор макру ҳиял дар ниҳодҳои алоҳида ба мақоми садрнишинӣ расидаанд, аз буғзу адовати нисбат ба арзишҳое, ки бо Худо, ҳақиқат ва ахлоқ алоқа доранд, муборизаи оштинопазир бар алайҳи Ислому мусалмононро, ки мутобиқ ба хости шахсӣ ва муқтазои табиати онҳост, ба нақша гирифта, ба он ранги фаъолияти ниҳодинаи ҳукуматӣ дода, кулли зердастонашон, аз ҷумла қаламбадастони чоплусу тамаъпешаро низ ба ин ҷабҳа сафарбар кардаанд, то барои таҳаққуқ ёфтани мақсади худ фазои муносиб фароҳам биёранд. Эшон аз ин нақшаи тарҳрезикардаи хеш чанд фоидаро интизоранд: 1. Аз олами ғарб, ки бо Ислом мушкил дорад, маблағи ҳангуфт ба даст меоранд. 2. Мардуми кишварро ба “худӣ” ва “бегона” ҷудо карда бо хиёнат кардан ба миллат эътимоди онҳоро нисбат ба ҳукумат ва Президенти кишвар коҳиш дода, дар дохил барои расидан ба қудрат заминагузорӣ менамоянд. 3. Амри хоҷагони берунмарзии саҳюнистмаобашонро тибқи хостаҳои онҳо анҷом дода, роҳи расидан ба мақоми аввали кишвар ва ишғоли тахту тоҷро бо дастгирии абарқудратҳо ҳамвор месозанд.
Вале қаламбадастон ва дигар афроди дастбакоршуда ба ҷуз кашидани бори зиллату беҳайсиятии муздурӣ ва пойбӯсӣ ба ивази маблағи хӯру намур, ҳосили дигар надоранд. Барои ин тоифаи маҳруми неруи ташхисдиҳанда фарқ намекунад, ки хидмати чӣ касеро анҷом медиҳанд. Ҳадафи аслии эшон сер кардани нафси ҳайвонияшон аст. Солҳои тӯлонӣ аз ҳизби коммунист ва ҳукумати шӯравӣ чунон содиқона дифоъ мекарданд ва онро ҳизби ҷоноҷон мехонданд, ки ҳангоми васфи онҳо кафки даҳонашон ба осмон мепарид. Имрӯз аз демократия ҳамон тавр “содиқона” ҳимоят ба амал меоранд. Аз ин тоифа ҳама чизро интизор шудан мумкин аст, ҳатто худой накарда чингизие ба сари қудрат ояд, инҳо ба хидмати ӯ низ омодаанд ва ба сари ҳар касе хоҳанд, санг мезананд. Зеро барои онҳо арзишҳое мисли ватан, миллат, давлат, дин ва монанди инҳо қимат андорад. Ин тоифаро мардум хуб мешиносанд, дар солҳои ҳукмронии ҳизби коммунистӣ маҳз ба иллати хидмати хирсонаи ҳамин тоифа буд, ки як кишвари абарқудрати ҷаҳон, ки раъйи он дар ҷомеаи байналмилалӣ нақши ҳалкунанда дошт, аз по афтод ва аз харитаи ҷаҳон ба тамом маҳв гашт. Як хидмати хирсонаи ин тоифа инсонҳо ба ҳукумати шӯравӣ ин буд, ки ягон шахси озодандеш, баору номус ва кадри миллиро чашми дидан надоштанд ва шабу рӯз бо тамоми тавонашон мекӯшиданд, ки аз ӯ душмани ҳизби коммунист ва давлати шӯравӣ битарошанд. Имрӯз шогирдону пайравони ҳамон тоифа дод аз миллату ватан ва фарҳангу тамаддуни миллӣ ва низоми демократию давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мезананд ва қаламбадастони чоплусашон фарзандони фарзонаи миллатро зери ин шиорҳои бодабдаба бадном кардан мехоҳанд. Ҳисси “ватандӯстӣ” ва “миллатхоҳ”-ии онҳо то рӯзи бознишастагии эшон идома хоҳад кард. Бо наздик шудан ба синни нафақа аз насли пешинашон пайравӣ карда, рӯ ба сӯи кишвари қудратманд меоранд ва ифтихори шаҳрвандии онро касб намуда, нафақаро аз он ҷо мегиранд ва мисли насли пешинашон ҳар ҷо биншинанд ва бо касе ҳамсуҳбат шаванд, бо ифтихор хоҳанд гуфт: “Ҳазор доллар нафақа мегирам ва барои фарзандону набераҳоям шаҳрванди фалон кишварро гирифтаам”. Бинобар ин, набояд аз гуфтаҳои онҳо тааҷҷуб кард, чун эшон на мизони ҳақиқату адолатро мешиносанд ва на чи будани ватану миллатро. Меъёри зиндагии онҳо аз кадом роҳе набошад кандану хӯрдан аст. Инсонҳои оқилу фаҳмида аслан фирефтаи “зинда бод”-гӯиҳои ин тоифаи мардум намегарданд ва рӯи онҳо эътимод намекунанд.
Барои исботи сафсатахонӣ ва туҳмату буҳтон будани навиштаҳои онҳо чанд мисол кифоя аст. Муаллифи мақолаи “Нақшаҳои пинҳонии ҲНИТ” Самариддини Қиём (Дар сомона 19,08,2014 №163) навиштааст: “Ба назар чунин мерасад, ки ҲНИТ давоми дасти хунолудаи шабакаи “Ихвон-ул-муслимин” аст ва ё тавассути шабакаҳои исломии Фатҳулло Гулен ба Қасри Сафед мепайвандад. Вагарна ҳар нафаре, ки ақли солим дорад, дарк мекунад, ки мушкилиҳоро бо ҷангу куштор ҳал карда намешавад”.
Бояд гуфт, на дасти “Ихвон-ул-маслимин” ба хуни дигарон, балки дасти низомиҳои ғосиби Миср, ки ҳукумати аз роҳи интихобот ба сари қудрат омадаро аз дасти роҳбарони конститутсионии он ғасб кард, ба хуни ихвониҳо олуда аст. Ҳазорон нафар инсонҳои ҳақманиш аз тири низомиёни Сисӣ кушта шуданд, ҳатто хуни занону кӯдаконро резонданд. Додгоҳи ҳукумати ғосиби Сисӣ ба як бор 500 нафару 600 нафарро ҳукми қатл дод. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар об дар даҳон гирифтанд, имрӯз инсоне ба номи Самриддини Қиём бо ҷонибдорӣ аз золимон нашармида дасти “Ихвону-ул-муслимин”-ро хунолуд мехонад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ибораи муаллиф, ки менависад: “Ба назар чунин мерасад”… ҳар шахси соҳиби ақлу тамиз беихтиёр аз ҳамнишинаш мепурсад: Оё ба назари касе чизе расидан метавонад далели ҷангхоҳии ҲНИТ бошад? Танҳо одамони гирифтор ба бемории молихулиё гоҳо шадидан хаёлҳои беҳуда мекунанд ва ба ҳама чиз бадбин мешаванд.
Ҳамин муаллиф ҷои дигар менависад: “Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Либия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?”
Маълум аст, ки муаллифи ин мақолаи сар то по буҳтону туҳмат ё аслан дар бораи ҲНИТ маълумот надорад ва Оинномаву барномаи онро боре ҳам нахондааст ва ҳар чи хоҷагонаш фармудаанд, онро менависад, ё воқеан дар туҳмат задан беҳамтост. Оё роҳбарияти сатҳи боло ва миёна ва ҳатто ягон узви қатории ҲНИТ боре дар ҷое даъво кардааст, ки онҳо инқилобхоҳанд?! Чаро бидуни кадом далели мушаххас бешармона ҳизберо, ки сиёсати сабру таҳаммулро пеш гирифтааст, ин гуна туҳмат мезанад ва бо эҷоди тарсу ваҳм амнияти мардумро халалдор месозад!? Ё шояд худи муаллиф ин гуна хоҳиш дораду ба дигарон талқин мекунад!? Як қатор қонуншиканиҳое, ки бархе аз ниҳодҳои ҳукуматӣ дар мавриди ҲНИТ, роҳбарият ва қароргоҳҳои ҳизб дар вилоёт ва навоҳии ҷумҳурӣ содир намуданд, ҷуз иғвоангезӣ ва кашидани пои ҳизб ба фитна чизи дигар набуд. Вале бо ин вуҷуд ҲНИТ аз худ сабру бурдборӣ нишон дод ва тарҳи гурӯҳҳои муғризро нақши бар об кард. Ин аст чеҳраи воқеии ҲНИТ, на он ки иғвогарон қаламдод мекунанд.
Муаллифи ёвагӯ дар раванди гуфтори парешону бесару нӯгаш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё низ чунин гила кардааст: “Бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравони ҲНИТ ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо касро ба андеша водор мекунад”. Ба дунболи ин қишрҳои ҷомеаи кишварро низ зери шубҳа қарор дода менависад: “Шояд онҳо хомӯшона бо ин амалкардҳо ва нақшаҳо ҳамфикр ҳастанд. Шояд онҳо низ мехоҳанд Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме, чун Сурия, Ироқ, Либия, Украина ва Афғонистон бошад”.
Аввал ин ки ҲНИТ ҳеҷ гуна “нақшаи фундаменталистӣ” надорад ва инро ҷомеаи солимфикри кишвар хуб медонад, бинобар ин намехоҳанд ба ҲНИТ мисли ӯ туҳмат зананд. Агар муаллифи “муҳтарам” ҳам зиллати муздуриро ба гардан намегирифт ва заррае ҷавҳари одамият медошт, мисли дигарон ба чашми дуруст ва беғаразона менигарист. Вале афсус ки молу сарват ва мансабу мақом инсонро кӯр мекунад ва ноилоҷ сафедро сиёҳу сиёҳро сафед мегӯяд ва заррае намешармад.
Нуқтаи дигаре, ки аксари кулли мардуми кишварро ба ҲНИТ бадбин намекунад, ин воқеияти ҳол аст, зеро тамоми мардум мебинанд, ки дар дохили ҲНИТ аз маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ ва худбартариятбинӣ нишоне нест ва дар беруни ҳизб низ. Наҳзатиҳо ҳама ашхоси оддӣ буда, на бо истифода аз мансаб даст ба ришвахорӣ мезананд, на қасрнишину кӯшкнишинанд ва на аз деворҳои хонаҳо ва аз шишаҳои сиёҳи мошинҳои гаронбаҳояшон бӯи сарвати аз роҳи ҳаром гирдомада меояд. Мардуми кишвар на ба чашми худ дидаанд ва на ба гӯшашон шунидаанд, ки наҳзатиҳо касеро бо туҳмату буҳтон ва ҷиноятҳои сохтаву бофта равонаи зиндон карда бошанд. Бо вуҷуди он ки дар васоити ахбори омма ба ягона ҳизби исломӣ айбҳои зиёд мечаспонанд, вале мардум мебинанд ва хуб эҳсос менамоянд, ки наҳзатиҳо мавриди туҳмату буҳтон қарор гирифтаанд. Ҳамчунин на бародарони раиси ҲНИТ, на писарону духтараш ва на қудою домоду додарарӯсонаш тиҷорати касеро ғайриқонунӣ азхуд менамоянд ва на худи ӯ худситоию манманӣ ва яккатозӣ мекунад. Мардуми кишвар медонанд, ки ягон наҳзатӣ ҳатто як роҳи мӯрчагардро пулакӣ накардааст. Оддитарин фарди ҷумҳурӣ медонад, ки наҳзатиҳо ҳеҷ гоҳ ба дастархони соҳибхонае дахолат накардаанд ва карданӣ ҳам нестанд, фазои шодию сурури тӯю ҷашни арӯсии касеро халалдор накардаанд, риши касеро наметарошанд, ба касе туҳмати террористу фундаменталистӣ намезананд, монеъи масҷидравии фарзанди касе нашудаанд, замини давлатро мисли моли аз падараш ба мерос гирифта намефурӯшанд, фарзандони шаҳрвандонро облава намекунанд, писарони ягон наҳзатӣ соатҳои 2-3 шаб пойгаи автомобилӣ карда, одамони бегуноҳро аз зиндагӣ маҳрум сохта, бегуноҳ дониста намешаванд. Ин воқеият аст, мардум воқеъбинанд, шумо ҳам як бор дар ҳаётатон ба воқеияти зиндагӣ ба чашми худатон нигоҳ кунед, дигар виҷдонатон ба шумо иҷоза намедиҳад, ки ба ин андоза туҳмат занед. Агар дар ҳақиқат шумо ватандӯст бошед, як бор ба хоҷагонатон бигӯед, ки онҳо худашон инқилобро заминагузорӣ накунанд, инқилобхоҳонро ҷустуҷӯ кардан фоида надорад. Агар шумо ба воқеияти инқилобҳои солҳои ахири арабӣ ба чашми инсоф бингаред, мебинед, ки дар пушти ҳеҷ яки онҳо ягон ҳизбу созмони исломӣ қарор надорад. Мутмаин бошед, ки ҲНИТ инқилоб нахоҳад кард, вале вақте мардум ба ҷон расад ва паймонаи сабраш лабрез шавад, заминаи инқилоб фароҳам меояд, бидуни ҲНИТ ҳам ин кор рух медиҳад.
А. Шарифзода