Муфтӣ Икромча: олими фидокор ва шахсияти нотакрор

Наҳзати
рӯҳониву фарҳангиву иҷтимоии охири асри 19 ва ибтидои асри 20, ки бо исми «ҷадидия»
ва «маорифпарварӣ» ёд мешавад, аз табақоти гуногуни ҷомеъа нерӯ мегирифт. Дар
ин ҷунбиш ҳам зиёиву ҳам рӯҳонӣ, ҳам
ашрофу заҳмадкаши оддӣ ширкат меварзид. Қишрҳои гуногуни иҷтимоъро ба ҷадидия
азиз доштани дини мубини Ислом ҷалб мекард. Биноан, барои мардумони он давр
гуногунзуҳурии табақоти ин майлон воқеъаи чандон ҳайратангезу ғайри­чашмдошт
набуд.

Бояд гуфт, ки Аморати Бухоро дар давраи Сомониён
такя ба дини мубини Ислом дошт. Бо
шикасти нахустин давлати миллии тоҷикон –
Сомониён ва ба сари қудрат омадани сулолаи туркнажодон Аморати Бухоро
дигар ҳеҷ гоҳ дар пояи дини мубини Ислом чун дар аҳди Сомониён устувор нагардид.
Кӯчиёни аз дину ойин ва тамаддуни исломӣ
бо он таъсире, ки аз ин лиҳоз мардуми эронитабор мебардоштанд, албатта, ба нерӯи
дар савияи пешин нигоҳ доштани Ислом қодир набуданд. Аз ин рӯ, дар таърихи
давраи ҳазору дусадсола – ҳазору сесадсолаи исломӣ, мардуми мо баробари ба сари
ҳокимият омадани қабилаҳои турку муғул, тадриҷан пойин фаромадани сатҳи илму
фарҳанг ва маърифати исломӣ пайвандҳо дорад. Шикасти тадриҷии дину ойин дар қарнҳои
нуздаҳ- бист ба он анҷом ёфт, ки Аморати Бухоро дар сиёсату иҷтимоиву фарҳанг
аз асосҳои рӯҳонӣ ошкоро қатъи назар мекард. Ва ин беэътиборӣ ба дини мубини
Ислом боиси ривоҷи куфру бидъат ва бемаънавиёту бадахлоқии ҳамагонӣ гардид.
Намоянда-гони синфу табақаҳои гуногунро дар муқобили ҳукуматдорони Аморати
Бухоро пеш аз ҳама ҳамин хор кардани шариъати муҳаммадӣ муттаҳид кард, яъне
маъорифпарвару ҷадидия пеш аз ҳама неҳзати маънавӣ буд. Маъорифпарварон ё худ ҷадидон
барои ба мавқеъу эътибори суннатӣ соҳиб шудани дини мубини Ислом ба арсаи
майдон баромаданд, то кулли мардумро ба мартабаи суннати маънавиву ахлоқӣ
бинишинонанд. Азхудгузаштагии барои мо – имрӯзиён ҳайратангези ҷадидон ё худ
маорифпарварон дар мубориза аз садоқаташон ба дини мубини Ислом ва ғояҳои
лоязолӣ ва поку муназзаҳи ин ойини ҷовидонии Худованд маншаъ мегирифт.

Аз миёни мансабдорони рӯҳонии амир якчанд нафар ба
ҷунбиши маориф­парварӣ ё худ ҷадидӣ, ки ҳамроҳ гардида буданд, ки машҳуртаринашон
қозӣ Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) ва муфтӣ Муҳаммадикром ибни
Абдусалом машҳур ба Домулло Икромчаи Бухорӣ (1847-1925) буданд. Шахсияти иҷтимоиву
сиёсӣ ва фарҳангии ин ду тан ба ҳам хеле шабоҳат дорад: ҳар ду рӯҳонӣ, ҳар ду
корманди дастгоҳи амир, ҳар ду нотарсу далер, ҳақталош, маорифпарвар ва ҳар ду
дар ташаккули маърифату маънавияти асосгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин
Айнӣ саҳми бузург гирифтаанд.

Дар хусуси саҳми Садри Зиё дар ҳаёти Садриддин Айнӣ
муҳаққиқон хеле навиштаанд, вале дар хусуси хидмати Муфтӣ Икромча дар ин ҷода,
ба истиснои гуфтаҳои устод Айнӣ пажӯҳишгарон тақрибан хомӯш мондаанд. Устод Айнӣ
дар боби омӯзиш ва касби камол ёфтанаш дар назди Муфтӣ Икромча гуфтааст.
«…Домулло Ҳоҷӣ Икром… беҳтарин устоди ман буд ва ман ҳар чизеро, ки дар
мадрасаҳои Бухоро аз дарсҳои расмӣ омӯхтаам, аз он кас омӯхта будам…» (Ниг.
С. Айнӣ. Куллиёт ҷ.7, с.578).

Садриддин Айнӣ аз ҳама бештар дар «Таърихи инқилоби
Бухоро» (1919-1920) дар бораи устоди худ иттилоъ додааст. Аз ин асар симои ин
донишманди ҷасур ва мутафаккири бузурги исломӣ ба хубӣ ошкор мешавад. Ва агар
бо меъёрҳои оид ба «ориф», яъне зиёӣ ва рӯшанфикр таъин кардаи Шайхурраис Абӯалӣ
ибни Сино ба ин шахсият бингарем, дархоҳем
ёфт, ки Муфтӣ Икромча шахси фавқулодда озод ва зиёии асил будааст.

Ибни Синои Бухорӣ яке аз шартҳои асосии орифи
комилро дар озодии шахс медонад ва роҳи ба ин озодӣ мушарраф шуданро дар
дилбастагии комил ба кори Худованд (ҷ) медонад. Ин донишманди бузург гуфтааст,
ки «бо тамоми вуҷуди хеш рӯ ба Хақ овардан растагорист» ва ин ҳол ба кас бисёр
сифатҳои аҷиби инсонӣ, аз ҷумла далериву
шуҷоъат мебахшад. Ба ҳамин маънӣ Ибни Сино фармудааст: «ориф бояд далер бошад»
(Ниг. Абӯалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб, Душанбе, Ирфон, 1981, ҷилди якум, с.252).

Ҳастии Муфтӣ Икромчаи Бухорӣ низ гӯё аз маърифати
илоҳиву шуҷоъату матонату далерӣ таркиб ёфта буд. Дониши амиқи илоҳӣ ва эътиқоди
сахту асил ба ақоиди дини мубини Ислом ӯро аз қайду банди дилбастагии моддиву
мавқеъхоҳии замон озод нигоҳ медошт ва дар дифоъи ин ойини муназзаҳ бо шуҷоъату
қатъияту фидокории ҳайратангез меразмид ва то ҳақиқат ва адолатро рӯи об
баровардан аз мубориза даст намекашид. Ӯ дар шуҷоъату далерӣ аз дигар
маорифпарварони исломӣ фарқи ҷиддӣ дошт. Чунончи Садри Зиё дар ҳаққи вай гуфтааст, ки бо сифати чунин шахсият ӯ дарди
танҳоӣ мекашид: «Ҳоҷӣ Домулло Икром ҳам он қадар соҳиби ҷуръату ҷалодат буданд,
ки бо вуҷуди яккаву танҳо буданд ва касе тарафдорӣ накардан дар баробари ин ҳама
уламои сӯъ ва кордорони шум дар ҳар мартаба мунозира ва мудофиъа карда, ҳар як
масоил ва муқаддимоти рисолаашонро ба бароҳин (бурҳонҳо) исбот ва ба далоил
мудаллал менамуданд… Ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин қавми беъор ва абнои рӯзгор
наметарсиданд. Бад-ин коре, ки ихтиёр кардаанд, устувору барқарор буданд.»
(Ниг. Садри Зиё. Тазкори ашъор, замимаи 2, дастнавис, саҳ. 5).

Ғолибан,
далерӣ ва шуҷоъат аз комилтарин ҷанбаи зотии Муфтӣ Икром буд ва «ба
тамоми вуҷуди худ рӯй ба Ҳақ овардан» ва ривоҷи куфру бидъат ӯро бо иқтидори
азим ба туғён оварда буд, вагарна дигар маорифпараврону ҷадидон аз лиҳози дараҷаи
эътиқоду дилбохтагӣ ба дини мубини Ислом шояд аз ӯ ҷиддан фарқ намекарданд. Ба ҳар
ҳол, дар ҷодаи муборизаи оштинопазир дар муҳити тангу тори Аморати Бухоро чеҳраи
Муфтӣ Икромча ягонаву махсус буд. Масалан, аз баҳои фавқуззикри Садри Зиё ба
Муфтӣ Ик­ром­ча маълум мешавад, ки худи Садри Зиё дар муборизаи зидди «уламои сӯъ
ва кордони шум» хеле иҷтиноб меварзид, эҳтиёткорона амал мекард ва барои ба
даст овардани мақсадҳои ниҳоӣ аз вақт ҳам самар бардоштанӣ мешуд. Дар ҳоле ки
Муфтӣ Икромча бо тезбиниву зудамалии тамом ба андозае, ки дили дигар
муборизонро ба тасхир меовард, меразмид, Садри Зиё ва дигар рӯшанфикрони исломӣ
дар ин мавридҳо гӯё дар мақоми тамошобин қарор доштанд. Ҳар замон аз шартҳои
шариъат дур рафтани сиёсатмадорону рӯҳониён уламои воқеъии исломиро ба шӯр меовард, вале дар
аксар маврид ба зудӣ ва ошкоро дар муқобили онҳо як тан – Муфтӣ Икромча бо нерӯ
ва матонати маърифати исломӣ рӯёрӯй ва побарҷо меистод ва истодагарӣ мекард.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки Муфтӣ Икромча ба ҳамон
андозае, ки инсони маънавиву назарӣ буд, ба ҳамон андоза инсони амалӣ низ буд.
Ин ду ҷанба дар вуҷуди нотакрори Муфтӣ Икромча аз ҳам гӯё имтиёзу тавофуте
надоштанд. Шояд чунин далерии ӯ аз он низ об мехӯрд, ки Муфтӣ Икромча аз
дигарон дида аз хор шудани шариъати Ислом бештар месӯхт, яъне ӯ дили беандоза ҳассос
дошт ё балки Муфтӣ Икромча шояд аз дигарон фузунтар даррок буд ва масъулияти олимии худро дар назди Худованди
мутаъол беш аз дигар уламои давр ҳис мекард.
Ӯ бештар дарк карда буд, ки калиди пешомади шарифу ояндаи дурахшон дар
ислоҳи фаврии корҳои хурду бузурги шоён
аст. Ба ҳар ҳол чуноне гуфта шуд, Муфтӣ Икромча дар миёни рӯвшангарони
охири қарни ХIХ ва ибтидои қарни ХХ дар шуҷоъат шахсияти комилан беҳамто ва
нотакрор буд.

Ба шаҳодати Садриддин.Айнӣ Ҳоҷӣ Муфтӣ Икроми Бухорӣ
ақидае дошт, ки «дарбори амир бошишгоҳи одам нест» ва гӯё барои дифоъи ҳақиқат
ифои вазифаи расмӣ мекард, вагарна тайёр буд, ки ҳар лаҳза дар роҳи ҳақиқат ҷон
нисор кунад. Чунончи, ӯ ба Айнӣ, ки талаби амири Бухороро дар хусуси ба хизмати
дарбор рафтан рад карда буд, гуфта буд: «…Такрор мекунам, ки бо рад кардани
ту ин талабро ба ту зарар расонидан наметавонанд. Агар, фарзанд, ба ту осебе
расонидан хоҳад, ман ҳамаи мансаб ва обрӯи худро ба сари халос кардани ту сарф
мекунам, ё туро халос мекунам, ё баробари ту маҳв мешавам. Рав, осуда гаштан
гир!» (Ниг. С. Айнӣ. Куллиёт, Душанбе, ҷ.7,
с.579).

Табиист, ки амиру аҳли дарбор дар нисбати Муфтӣ
Икромча хомӯш наменишастанд. Онҳо ҳама вақт бо ӯ муносибати бад мекарданд. Дар
маҷмӯъ натиҷаи муборизаҳои дурахшони Муфтӣ Икромча он шуд, ки вайро ду бор солҳои
1912 ва 1917 ба тӯмани Пешкӯҳ ва шаҳри Ғузор бадарға карданд ва ду фарзанди барӯманди вай – Мирзо Насруллоҳ
ва Абдураҳмон Махдумро моҳҳои апрели соли 1917 ва марти соли 1918 аз дами теғ
гузарониданд. Аморати Бухоро, ки худро дар ҷаҳон чун ҳомии бузурги дини
мубини Ислом муъаррафӣ мекард,
муно-сибаташ дар аввали садаи ХХ бо рӯҳониён бузург ва воқеъии исломӣ ҳамин
гуна буд.

Роҷеъ ба Муфтӣ Икроми Бухорӣ дар тазкираи Мӯҳтарам,
дар асарҳои Садри Зиё: «Тазкори ашъор», «Рӯзнома» ва «Наводири зиёия», дар
китобҳои Садриддин Айнӣ: «Ёддоштҳо» ва «Таърихи инқилоби Бухоро»,
И.С.Брагинский – «Очеркҳо оид ба таърихи адабиёти тоҷикӣ» (Очерки из истории
таджикской литературы», 1956), Н.Ҳотамов – «Сарнагун кардани сохтори амирӣ дар
Бухоро» («Свержение эмирского режима в Бухаре», 1977) ва дар «Энсиклопедияи
адабиёт ва санъати тоҷик» (1988) бо қалами Р.Ҳодизода маълумот дода мешавад,
вале ин ҳама навиштаҳо тарҷумаи ҳол ва ё хусусиятҳои осори Муфтӣ Икромро ба
тафсил фаро нагирифтаанд.

Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки Муфтӣ Икромча соли
1847 дар деҳаи Боғи калони Бухорои Шариф ба дунё омадааст. Танҳо дар «Тазкори
ашъор»-и Садри Зиё соли таваллуди Муфтӣ Икром 1854 мелодӣ зикр шудааст. Далеле,
ки мо меоварем, ҳақиқатан ба соли 1847 будани санаи мавлуди Муфтӣ Икром далолат
дорад. Ин санад мақола – хабарест ба унвони « Ҳафтоду сесола ҷавонбухороӣ», ки
дар маҷаллаи «Шӯълаи Инқилоб» (1920, №51, саҳ. 14-15) ба табъ расидааст ва мо
онро ин ҷо пурра иқтибос меоварем:
«Домулло Ҳоҷӣ Икроми Муфтии судур, ки аз уламои ҳақпарасти дунё ба шумор
мераванд, ҳамаи аҳолии Туркистонро маъруфанд, ишон аз уламо аввалин касеанд, ки
ҳукумати амирро ошкоро танқид кардаанд. бинобар дар назди ҳукумати амир ва
уламои расмии ӯ ҳамеша машҳур ва мағзуб буданд. Ба сабаби ин ки дар боби зулму
фасоди қозиёни аср як рисола навишта, фасоди ишонро бо далоили ақлӣ ва нақлӣ
исбот намуда буданд, дар соли 1910 ду сола нафъӣ (бадарға) гардиданд. Дар соли
1917 такрор аз Бухоро ба Ҳузор нафъӣ шуда, тамоми ас-бобу ашёашон аз тарафи ҳукумати
амир мусодара ёфт. Дар соли 1918 дар Ҳузор (Ғузор) аз тарафи ҳукумати амир маҳбус
шуда, дар ҳабсхона дар ҳузури худашон Абдураҳмон ном як писари бистсолаашон шаҳид
карда шуд. Ишон то ҳол дар Ҳузор зинда будаанд. Баъд аз он ки дар Ҳузор инқилоб
барпо шуда, Ҳукумати Инқилобӣ таъсис ёфтааст, ҷаноби Домулло дар Анҷумани умумӣ,
дар курсии хитобат баромада, дар боби оқибати зулму залима ва аҳамияти Инқилоб
нутқи балеғе эрод карда, ҳозиринро ба гиря даровардаанд».

Аз ин мақола бармеояд, ки агар дар соли 1920 Муфтӣ
Икромча 73-сола бошад, пас соли таваллуди ӯ 1847 мелодӣ аст. Яъне, аз ин мақола
аввалан ба соли 1847 будани санаи мавлуди Муфтӣ Икромча шакку шӯбҳае боқӣ
намемонад. Ва дар таъини таърихи тавлиди ҳамзамони худ ҳафт сол ба хато рафтани
Садри Зиё домани афкорро ба сад кӯчаву паскӯчае мекашад: шояд гуфтаи вай дуруст
бошад? Шояд ҳамраъйии нокомил дар миёни ин ду рӯҳонии баландпоя самимиятро
коста, омили рӯҳии чунин бепарвоиву беэҳтиётии Садри Зиё гардида бошад? Шояд…
Ва ғайра ва ҳоказо.

Сониян, дар мақолаи мазкур Муфтӣ Икром ошкоро «ҷавонбухороӣ»,
яъне «ҷадид» номида шудааст ва бо ҳамин далел ҳам мо даъво дорем, ки ҷадид
номидани рӯҳониёне, аз қабили Муфтӣ Икромча ва Садри Зиё, ки ошкоро бо ҷадидон ҳамкору
ба онҳо хайрхоҳ буданд, лозим аст, зеро ин истилоҳ ҳақиқати таърихиро ифода
мекунад.

Ин аст, ки Садриддин Айнӣ дар бораи Садри Зиё
чунин гуфтааст: «Шарифҷон Маҳдум бешубҳа аз ҷумлаи маорифпарварон ва тарақ­қихоҳони
замони худ буд». (Ниг. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ.7, саҳ. 44). Ва маълум аст, ки дар
адабиёти илмиву бадеии ибтидои қарни ХХ истилоҳҳои «маорифпарвар, тараққихоҳ, ҷадид»-ро
чун муродифи ҳамдигар истифода мебурданд. Пас, чаро мо имрӯз «ҷадид»-ро
маорифпарвару тараққихоҳ меномем ва мепиндорем, вале чун маорифпарвару тараққихоҳро
ҷадид номанд, изҳори ноқаноъатмандӣ мекунем? Ин, ба фикри мо, аз изҳори фазлфурӯшӣ
беш нест. Ба ҳар ҳол қабл аз инкори андешаи мазкур бояд меъёрҳои «ҷадид»
номиданро равшану дақиқ кунем. Ба
андешаи мо, меъёр наметавонад шуғли ҳаррӯза ва зиёда аз ин мансубияти синфӣ қарор
гирад, зеро гап дар сари муносибати амалии фард ба масъалаҳои асосии мавриди
андешаи ҷадидон, аз қабили эҳёи Ислом аз роҳи мубориза бар зидди қабоҳатҳо ва
бидъатҳои мазҳабӣ ва ислоҳи мактабу маориф аст. Камина дар ин хусус дар китоби
худ « Ислом: ҷадидия ва инқилоб» (1997) муфассалтар сухан рондаам ва алҳол бояд
ба таъкид бигӯям, ки ҷадидон ё худ маорифпарварон пеш аз ҳама мусалмонони ҳақиқиву
воқеъӣ буданд. Ин гурӯҳи камшумори аз илми илоҳӣ бохабар барои дар пояҳои дини
мубини Ислом устувор кардани маънавияту ахлоқу маърифат ва иқтисодиёти ҷомеъаи
Аморати Бухоро бар зидди таъассуб ва бидъаткорӣ ба майдони корзор баромаданд.
Мазмуни асосии муборизаи ҷадидон аз ҳамин иборат буд ва вазифаҳои рӯҳонии Садри
Зиёву Муфтӣ Икром барои иҷрои ин амалҳои таърихӣ хеле мусоъиду пурсамар омад.
Онҳо аз ин имкон хеле хуб истифода кардаанд ва чунончи Садриддин Айнӣ дар
«Таърихи инқилоби Бухоро» овардааст, ин амали ишон гоҳ-гоҳ мавриди пайравии
дигар муфтиҳову қозиҳо низ мегардид. Аз ин рӯ, мо имрӯз бояд бо овози баланд
бигӯем: Садри Зиёву Муфтӣ Икром маъорифпарварони исломӣ, яъне ҷадидони ҳақиқӣ буданд. Бале, ба фикри
мо, маҳз дар ҳамин сурат ҷунбиши ҷадидияро,
ки идомаи ҳаракати ислоҳотпарварӣ ва маорифпарварии исло­мӣ ба шумор меравад,
комилан хоҳем шинохт ва ба дарки чеҳраи аслии чунин бузургон муяссар хоҳем
гашт.

Қайд кардан месазад, ки мақолаи «Ҳафтоду сесола ҷавонбухороӣ»
аз он ҳам шаҳодат медиҳад, ки Инқилоби Бухоро на танҳо бо қувваи болшевикон,
балки бо ҳамкории ҷадидон ба амал омада буд. Зеро ҷадидон низ мехостанд, ки
сохти амирӣ вожгун карда шавад. Аз ин рӯ, муносибат бо рӯҳониёну ҷадидҳо дар
ибтидо, дар давраи Ҷумҳурии Мардумии Бухоро, тахминан то охири соли 1924, яъне
то замони тақсимоти ҳудуди миллӣ ва бунёди сохтмони сотсиализм дар Осиёи Миёна
ва шиддат гирифтани муборизаҳои синфӣ хуб буд.

Ба фикри мо сарчаш­маҳои асосии ба вуҷуд омадани ҷунбиши
ҷадидия дар таърихшиносӣ таҷдиди назар мехоҳанд. Зеро агар аслу моҳияти ҷадидия
таълимоти ислоҳотгаронаи исломӣ бошад, табиъист, ки омили зуҳуру ривоҷи ин ҷараён
низ Исломи асил аст. Яъне ҳар огоҳии амиқ аз асли Ислом ба кӯшиши бозсозии иҷтимоъиву
фарҳангии феодализми Бухоро вомедоронд ва ҳар гуна истиқболи дастовардҳои дигар
мамолик низ ба маърифати исломии ашхос сахт марбут буд. Ба иборати дигар, он ҳама
дастовардҳои фанниву иҷтимоъии дигар кишварҳо бо маҳаки дини муҳаммадӣ санҷида
мешуд ва дар сурати мувофиқ омадан онҳо пазируфта мешуданд Аз ин рӯ, дарки
пешрафтҳои гуногуни дигар кишварҳо як навъ роҳи амиқ рафтан ба таълимоти ҷовидонаи
Исломи ноб буд. Дар он айём сафарҳои мунтазам ба дигар мамолик ғайриимкон буд,
вале сафари ҳаҷ чун як амри шаръӣ ногузир ва мувофиқи имкон ба ҳар як мусалмон
иҷборӣ буд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки сарчашмаи асосии зуҳуру рушди ҷадидия ва ҳаракати ислоҳотхоҳии
исломӣ дар кишвари Бухоро сафари ҳаҷ буд.

Ҳаҷ дар ҳама замонҳо миллатҳои мусалмонро як
андоза дар ҳолати огоҳии илмиву фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ нигоҳ медошт ва
барои дар сатҳи умумии иҷтимоъиву фарҳангӣ қарор гирифтани мардумони мусалмони
кишварҳои гуногун хидмат мекард. Ҳоҷӣ на танҳо як расми динӣ ба ҷо меовард, балки мамолики гуногунро дидан
мекард, аз сатҳи сиёсиву фарҳангии ин сокинони кишварҳои мухталиф огоҳӣ меёфт,
бо мардуми кишварҳои исломӣ ва дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ҳамнишину мусоҳиб
шуда, имкон меёфт ба вазъи ватани хеш бо дидаи ибрат нигарад, асли бурду бохти
иҷтимоиву фарҳангии диёрашро возеҳу равшан бубинад. Албатта, вусъату паҳнои
суди маънавӣ маросими Ҳаҷ ба қувваи тафаккур ва шахсияти ҳоҷиён мушаххасан вобаста буд. Ҳар кас ба қадри
тавоноӣ ва дониши худ аз ин сафар баҳраи маънавӣ мебардошт.

Муфтӣ Икромча, ки пас аз хатми мадрасаҳои олии
Бухоро ба сифати мударрис ифои вазифа мекард, маҳз бо сафари Ҳаҷ воқеъан чашм
ба оламу одам кушод. Ӯ дар синни чилу ҳафтсолагӣ, яъне дар айёме ба ҳаҷ
баромад, ки аз ҷиҳати синну сол ва таҷрибаи зиндагӣ ба андозае ба камол расида
буд ва чашми пурбину зеҳни тези модарзод имкон дод, ки ӯ аз ин сафари худ суду
ибрати зиёде бардорад. Дар ин хусус устод Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» қайд
кардааст, ки дар соли 1894: «Домулло Икром ва мулло Иваз ба Ҳиҷоз рафта
омаданд. Ин ду нафар аз сафари Ҳаҷ чашмбаста рафта наомада, балки аз ин сафар
хеле ибрат гирифта баргаштанд. Домулло Иваз тарзи таълимашро як дараҷа ислоҳ
карда, шарҳ ва ҳошияҳои бемаъниро аз ҷадвали дарси худ баровард. Домулло Икром
амир, вазир, муфтӣ ва қозиҳо, уламо ва ҷадвалҳои дарсро рӯйрост танқид кардан
гирифт, корҳои нодурусти мулло ва муфтиҳоро дар маҷлисҳо фош карда, ба рӯяшон
мезад».

Сипас дар «Таърихи инқи­­лоби Бухоро» чанд бор роҷеъ
ба Муфтӣ Икром маълумот дода мешавад, ки ҳама аз ташаббусҳои равшангарӣ ва ҳамкориҳои
самарабахши ин ягонаи таърих бо маорифпарварон ё худ ҷадидон ҳикоят мекунанд.
Ташаббусу шуҷоъат, нотарсиву мардонагӣ асосан ӯро дар чилу ҳафтсолагӣ пас аз
сафари Ҳаҷ домангир шуд. Хидматҳое, ки ӯ ба миллатҳои мусалмони Мовароуннаҳр,
аз ҷумла тоҷикон ифо кард, пас аз ҳамин
адои фаризаи Ҳаҷ амалӣ гардиданд.

Ҳоҷӣ Муфтӣ Икроми Бухорӣ муаллифи асар­ҳои «Иқозу-н-ноимин
ва эъломулҷоҳилин» ва «Ҳуҷуби сатри нисо» мебошад. Соли таълифи ин осор дақиқан
маълум нест. Китоби якум тахминан солҳои 1911-1912 мелодӣ, китоби дуввум дар
якчанд соли қабл аз Инқилоби Бухоро ба табъ расидааст. Хушбахтона, ин асарҳо ба
мо дастрас гардиданд ва аз мундариҷаи онҳо бармеояд, ки мақсади муаллиф аз ин
осор нақш дар адабиёту ҳунар нест, балки ҳамоно ҳадафҳои амалии иҷтимоъӣ дорад,
мехоҳад бо далелҳои шаръӣ дур рафтани аҳли ҷомеъаро аз асли дини мубини Ислом
дар масоили мушаххас исбот созад, вассалом. Дар хусуси рисолаи аввали ӯ
Садриддин Айнӣ гуфтааст, ки ин китоб аз «танқиди лафзии Муфтӣ Икром иборат аст, ки ӯ ба шакли китоб дароварда
буд» (Ниг. С. Айнӣ.Таърихи инқилоби Бухоро, саҳ.105).

Ба андешаи мо инак, фурсати он расидааст, ки ин осори гаронбаҳои Ҳоҷӣ
Икром якҷоя бо рисолаҳои Ҳоҷӣ Абдурауфи Фитрат «Мухтасари таърихи ислом»
(1915), «Мавлуди шариф ё худ миръоти хайру-л-башар» (1914), Садриддин Айнӣ:
«Тартилу-л-қуръон», «Заруриёти диния» ва эҷодиёти дигар рӯҳониёни пешқадам ба таъбири дигар маорифпарварон ё
худ ҷадидони ибтидои қарни ХХ ҷиддан омӯхта шуда, саҳми орифони онҳо дар
густариши фарҳанги исломии он давр таъйин карда шавад.

Ҳаёти Муфтӣ Икроми Бухорӣ дар замони Шӯравӣ аз солҳои
ториктарини зиндагии ӯ ба шумор меравад. Ба ҳар ҳол, мо ба ҷуз як ишораи Садри
Зиё дар хусуси ин давраи ҳаёти ӯ дигар ҳуҷҷату маълумоте наёфтем. Садри Зиё дар
асараш «Тазкори ашъор» қайд кардааст, ки соли 1342 ҳиҷрӣ (1923-1924 мелодӣ) «Аз
тарафи Ҳукумати Шӯроӣ маҳкамаи шаръӣ ташкил ёфт, мураккаб аз 15 нафар, ки раиси
он Ҳоҷӣ Домулло Икром, муъовини он роқими гумном буд».

Раисии маҳкамаи шар­ъӣ дар замони Шӯравӣ ба эҳтимоли
қавӣ охирин машғулияти расмии Муфтӣ Икроми Бухорӣ аст. Агар чунин бошад, пас Муфтӣ
Икромча то охири умр қариб ҳамеша дар дилбохтатарин касби худ- машғулияти рӯҳонӣ
умр ба сар бурдааст ва инро аз саодати зиндагии дар маҷмӯъ пуршӯру бофоҷеъа,
вале бузургу бобаракати ин донишманд ва мутаффакири рӯшанзамир дар густариши ақоиди
ислоҳотхоҳии сиёсӣ ва иҷтимоии исломӣ, худшиносӣ ва худогоҳии мардуми мусалмони
кӯҳандиёри Мовароуннаҳр шуморидан мумкин
аст.

Ёдаш ба хайр!

Маъруфи
Раҷабӣ,

узви
вобастаи АИ Тоҷикистон

Акс аз интернет

More From Author

You May Also Like