“Саломун алайкум.
Аҷаб! Рӯзи Ошуро рӯзи ҷашн? Рӯзи Ошуро, рӯзи муборак, рӯзи сарнагуншавии зулму ситам ва пирӯзии имон ва ошкор гардидани қудрати илоҳӣ аст?
Ин мақола манро ба ёди як латифа андохт: нақл мекунанд, ки рӯзе марде ба самти хонаи худ бозмегашт, вақте ба дарвозаи хона расид, ногаҳон дуздеро дид, ки зери ҷомаи худ хурӯси ӯро пинҳон карда буд. Он мард аз дузд пурсид, чаро хурӯси маро дуздидӣ? Дузд қасам ёд кард, ки ман хурӯси туро надуздидаам. Мард ба дузд гуфт: росташ намедонам ба қасами ту бовар кунам ё ба думи хурӯсам, ки аз зери ҷомаат берун баромадааст.
Мисоли нависанда ва мутарҷими ин мақола ҳам мисоли ҳамон дуздро мемонад, ки одам ҳайрон мемонад, ки оё ба эҳсоси ҳамдардие, ки нисбат мазлумияти қавми ҳазрати Мусо (алайҳис-салом) инҷо аз худ иброз дошта, бовар кунад ё ба беэҳсосиаш нисбат ба зулму ситаме, ки дар ин ин рӯз нисбати аҳли байти поки ҳазрати Расули акрам (салавотуллоҳ алайҳи ва олиҳӣ) раво дида шуд? Намедонад, ки ба кинаву нафрате ки нисбат ба зулми Фиръавн аз худ нишон додааст, бовар кунад ё ба бепарвоиву бетаваҷҷӯҳиаш нисбат ба зулму ситаме, ки дар ин рӯз Язиду язидиён ба хонадони рисолат раво диданд?
Воқеан бояд ба ин хотираи таърихии нависанда табрик гуфт, ки рухдодҳои аҳди ҳазрати Мусо (алайҳис – салом)- ро, ки чандин ҳазор сол аз он гузаштаасту ягон китоби таърихӣ ҳам рӯзи дақиқи сарнагунии Фиръавнро таъйин накардааст, ба ёд овардааст, вале воқеаҳои аҳди Ислом, ки дар ин рӯз рух дод ва ҳамаи таворих ба иттифоқ онро нақл кардаанд, ба ёдашон наомад.
Пас, ба хотири як эҳтимоли заиф, ки мумкин аст дар ин рӯз Фиръавн нобуд шуда бошад, шумо ин рӯзро ҷашн мегиред, яъне шумо инқадр нисбат ба золимон эҳсоси нафрат доред? Яъне шумо ин қадар ошиқу дустдори қавми ҳазрати Мусо (алайҳис – салом) ҳастед? Яъне шумо ин қадар нисбат ба супориши ҳазрати Паёмбари акрам (салавотуллоҳ алайҳи ва олиҳӣ) пойбандед, ки на танҳо насси сухани Ишон, ҳатто сабабашро ҳам бо иҷтиҳоди худ истинбот мекунеду мардумро ба он супориш медиҳед? Шумо ҳамаро мисли худ курдилу аҳмақ фарз кардед?
Агар шумо ба андозаи арзане нисбат ба супоришҳои Паёмбари акрам (салавотуллоҳ алайҳи ва олиҳӣ) арзиш қоил будед, ба ҷои ин ки биёед бар хилофи насси сареҳи он ҳазрат, ки фармуданд: Шумо ин рӯзро рӯзи ҷашн надонед, вале дар он рӯза гиред, меомадед суханон ва супоришҳои он ҳазратро нисбат ба дустдорӣ ва ёрии аҳли байташон, махсусан ҳазрати Имом Ҳусайн (алайҳис – салом) нақл мекардед, ки ҳеҷ ниёзе ҳам бар таъвилу таҳриф надошт.
Агар шумо камтарин эҳсоси ҳамдардие нисбат ба мазлумон доштед, оё ҳамдардӣ бо хонадон ва ҷигаргушаҳои Паёмбари азизамон (салавотуллоҳ алайҳи ва олиҳӣ) дар рӯзи Ошуро сазовортар аз ҳамдардӣ бо қавми ҳазрати Мусо (алайҳис – салом ) набуд?
Агар шумо камтарин адовату нафрат нисбат золимон ва ба қавли худатон фиръавнҳои замон медоштед, ба ҷои хурсандӣ дар ин руз ба хотири пирузии қавми Банӣ Исроил бар Фираъан, ашки мотам мерехтеду ин рӯзро азо мегирифед, ба хотири мусибат ва ҳузну андуҳе ки бар сари Банӣ Ҳошим Язидиён оварданд.
Чаро сареҳтар суҳбат намекунед? Чаро ин қадар шаф – шаф мекунед, ба ҷои он якбора шафтолу гуед, беҳтар монед.
Ба Худо, ҳам нависанда ва ҳам мутарҷим ва ҳам масъулини ин сайт аз навиштану тарҷума кардану гузоштани ин мақола хиҷолат кашед, воқеан боиси шармандагист.”
Назарнавис: Маҳмудҷон Бурҳонов
Зери матлаби сомона:“Ошуро ва ҳалокати золимон”