Орзуи Мирзо
nahzat.tj
Ба иттилоъи масъулини КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар кишвар аз 65 адад партовгоҳҳои сахти маишии ҳозира фақат дар се адад, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Ёвон безараргардонии пурраи партовҳо пурра ба роҳ монда шудааст.
Масъулини ин сохтор мегӯянд, ки барои ободонии партовгоҳҳо ва ташкили коркарди партовҳои сахти маишӣ лоиҳаҳои инвеститсиониро таҳия намуда, барои маблағгузорӣ ба ташкилотҳои хориҷӣ пешниҳод намудаанд. Маблағгузории қисме аз лоиҳаҳоро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ӯҳда гирифта кор дар ин самт идома дорад.