Мухолифони Сурия дар Конфронси Женево – 2 ширкат мекунанд

Эътилофи мухолифони сурӣ мувофиқати худро бо ширкат дар Конфронси Женево -2 барои ҳалли буҳрони Сурия эълом кард.

Ал – миқдод, масъули расонаи артиши озоди Сурия гуфтааст, ки аъзои эътилоф шаби якшанбе ба баёнияе раъй доданд, ки дар он бо ширкати дар Конфронси Женево – 2 мувофиқат шуда, ба шарт он ки қудрат дар Сурия ба ҳукумати интиқолӣ супурда шавад, ки Асад ва ҳамкорони ӯ дар куштори мардуми Сурия ширкат доштанд, дар он ҳузур надошта бошанд.

Холид Солеҳ, сухангӯи эътилофи сурӣ таъкид кардааст, ки пеш аз рафтан ба Женево ҳамоҳангии лозим байни эътилоф ва гурӯҳҳои низомӣ дар дохили Сурия анҷом мешавад.

Вай хотирнишон карда, ки мо ҳайатеро ба Сурия фиристодаем, то бо гурӯҳҳои низомӣ ва маданӣ дар бораи конфронс гуфтугӯ кунанд.

Манобеъи ҳозир дар музокироти эътилофи сурӣ дар Истанбул гуфтаанд, ки мувофиқати эътилоф бо ширкат дар Конфронси Женево – 2 бо ризоияти мухолиф дар дохили Сурия анҷом шудааст.

Эътилофи мухолифони Сурия мабнӣ бар мушорикат дар конфронси мазкур пас аз ду рӯзи гуфтугӯ ва табодули назар дар ин хусус мувофиқати ин эътилофро эълом намуд.

More From Author

You May Also Like