“Сюрпризи интихоботӣ” тавассути муаллимҳо

  Маҳмудҷони Файзраҳмони сухангӯи раиси ҲНИТ чанд лаҳза пеш тавассути телефон ба маркази иттилооти ситоди итихоботии ҲНИТ хабар дод:
мо ду рӯз қабл толори Тоҷикматлубот-и ноҳияи Қумсангирро барои баргузории конфронси муштараки бахшҳои ҲНИТ-и ноҳияҳои Панҷ, Ҷиликул, Қумсангир, ва Ҷ. Румӣ ба иҷора гирфтем. Вале мутаассифона субҳи имрӯз 5.01.2015 вақто барои пурра омода кардани толор, ки қисмати тозагиашро рӯзи гузашта анҷом дода будем, ҳузур пайдо кардем, яг гурӯҳ муаллимҳо дар ин макон ҷамъ шуданду омодаи баргузориии ҷаласа мебошанд. Мо ночор маҷбур шудем ба дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Қумсангир муроҷиат намоем, вале он ҷо касе аз масъулини марбута ҳузур надошт, чун гуфтанд, масъулин барои ширкат дар ҷаласа вилоят рафтанд. Касоне, ки дар дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳузур доштанд, изҳор доштанд, ки дирӯз масъалаи баргузории ҷаласаи муаллимон матраҳ гардида буд чун шуъбаи маориф толор надорад мо ночор онҳоро ба ҳамон толори иҷорагирфтаи шумо имкони баргузории ҷаласа додем. Мо вақто, ки бо масъулини шуъбаи маорифи ноҳия сӯҳбат кардем, онҳо мегӯянд,  намедонем ин нишаст чанд соатро дар бар мегирад. Ҳоло мо инҷо тасмим гирфтем то ки бо раиси комиссия ҳавзавии ноҳияи Қумсангир дар робита ба ин қазия суҳбату гуфтугӯ намоем. Агар чунин монеъагузориҳо идома ёбанд ночор маҷбур мешавем, дар манзили истиқоматии яке аз аъзои ҳизб конфронсро баргузор намоем. Ба ҳар ҳол ҳоло чизе гуфта наметавонем, умед дорем ин мушкил ҳалли худро пайдо хоҳад кард, вале инро метавон “Сюрпризи муаллимҳо” дар арафаи интихобот унвон кард.

More From Author

You May Also Like