Умед Сиддиқ
13.02.2012, 14:45
Сокинон: Маблағи мо куҷо меравад?
Тағоймуродов: Нозирон маблағи ҷамъшударо дар кисаҳояшон мезананд
Ҳисобкунанки об роҳи ҳалли кор?
Охирсухан
Сокинон: Маблағи мо куҷо меравад?
«Таҳқиқи хатари фасод дар бахши оби Тоҷикистон», гузоришест, ки аз тарафиСозмони милали муттаҳидомода шудааст, сатҳи таъминоти обро дар кишвар нигаронкунанда арзёбӣ намудааст. Ин гузориш қайд кардааст, ки сокинон дар як шабонарӯз фақат аз 4 то 15 соат бо об таъминанд ва илова бар ин, дар манзили истеъмолкунандагон ҳисобкунакҳои об вуҷуд надорад.
Насрулло Хайруллоев, муъовини аввали раиси шаҳри Душанбе таҳқиқоти таҳлилгарони СММ-ро рад карда гуфт, ки 70 дарсади сокинони шаҳр ба шакли доимӣ бо об таъмин мебошанд. Хайруллоев мегӯяд, ҳамарӯза ба сокинони шаҳри Душанбе ба миқдори 750 ҳазор метри мукааб об дода мешавад, ки ба ҳар сокини шаҳр ҳазор метри мукааб рост меояд. Савол инаст, ки адади воқеъии сокинони Душанбе чанд буда ва то чӣ ҳад ба об таъмин мебошанд?
Нурулло Одинаев, сокини шаҳри Душанбе, ки бо шаш фарзандаш дар чаҳорум ошёна зиндагӣ мекунад, мегуяд, ки ҳар моҳ гоҳ 10 ва гоҳ 15 сомонӣ месупорад, аммо ба таври ҳамешагӣ хонааш об надорад. Ӯ мегуяд: «Дар фасли гармо рӯзона об нест ва дар зимистон бо об таъминем. Дар тобистон сабаби об надоштанамон сарф шудани об дар сабзазоркунии атроф аст. Албатта хуб аст, ки дарахтон ва заминҳои наздиҳавлигӣ сабз мешаванд, вале онҳое, ки обро зиёд истифода мебаранд, маблағашро бояд бештар пардохт кунанд.»
Сокиноне, ки аз ин мушкилот шикоят доранд, кам нестанд. Аз ҷумла, Ҷамила К., зани хонашин, сокини дигари шаҳри Душанбеву соҳиби ҳашт фарзанд, аз вазъияти ношаффофи пулҷамъкунӣ шикоят карда, гуфт: «Ҳар моҳ нозирон барои пули об меоянд ва қариб 30 сомонӣ гирифта мераванд, вале ягон хел расид намедиҳанд, аз куҷо медонем, ки маблағи мо куҷо меравад? Дар хонаҳои бисёрошёна дар фасли гармо об бештар лозим мешавад, аммо дар баъзе ҳолатҳо рӯзона об пайдо кардан мушкил аст.»
Тағоймуродов: Нозирон маблағи ҷамъшударо дар кисаҳояшон мезананд
Алимурод Тағоймуродов, директори Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ ба вуҷуд надоштани системаи шаффофи пулҷамъкунӣ эътироф карда, тасреҳ мекунад: «Нафароне, ки ба ҷамъоварии маблағ машғуланд, аз сокинон барои об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ маблағ талаб менамоянд, аммо ҳеҷ гуна расид ба шаҳрвандон аз ҷониби онҳо дода намешавад. Зеро имрӯзҳо усули ҷамъоварии маблағи ҳизматрасониҳои коммуналӣ дар ҷумҳурӣ нодуруст ба роҳ монда шудааст».
Дар бораи дуздида шудани пардохтҳои сокинон ва ноуҳдабароии системаи пулҷамъкунии мавҷуда, Тағоймуродов меафзояд: «Мо бояд дар якҷоягӣ бо раисони шаҳру навоҳии кишвар ин масъаларо баррасӣ намоем. Нозирон ба дари хонаамон меоянду мегӯянд, «Пули обро супор! 20 сомонӣ мешавад.» Шаҳрвандон медиҳанд, аммо он маблағ дар садсолаҳо ба КВД «Обукорез» ва дигар корхонаҳо намерасад. Як нозир аз ҳазор шаҳрванд 10 сомонӣ ҷамъ карда, 10 ҳазор сомониро дар киссааш андохта, пулро ба давлат насупорад, аз куҷо давлат обод мешавад? Мо ҳисобу китоби дуруст ҳам надорем. Аз ин сабаб бояд низоме ҷорӣ намоем, то мардум худашон ҳаққи хизматрасонии коммуналию обро дар бонк супорида, расид гиранд.»
Ҳисобкунанки об роҳи ҳалли кор?
Коршиносон насби ҳисобкунакҳои обро дар манзили сокинон роҳи асосии ҳалли пардохти маблағи об медонанд, вале дар ҳоли ҳозир масъулини «Обукорез» мегӯянд, ки камбуди маблағ харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳоро душвор гардонидааст. Зеро дар сурати таъмин набудани сокинон ба ҳисобкунакҳои об масъулини сохторҳои обрасонӣ имкон доранд, ки ба таври ғайриқонунӣ аз муштариён маблағи иловагӣ ситонанд.
Аксари истеъмолкунандагон мегӯянд, ки бо вуҷуди афзудани ҳаққи пардохти оби ошомиданӣ дастрасӣ ба он осон нашудааст. Аммо иқдоми ба роҳмондаи КВД «Обукорез» дар самти мазкур ин буда, ки алъон дар шаҳри Душанбе 9 ҳазору 250 адад ҳисобкунаки об насб карда шудааст, ки ҳамагӣ фарогири 5 дарсади манзилҳои сокинон аст. Тибқи нақша, дар соли 2012 боз 76 ҳазор адади дигар насб мегардад. Ҳамин тариқ, то соли 2018 бояд тамоми хонаҳои шаҳр бо ҳисобкунанкҳои об таъмин гарданд.
М. Ҳасанов, мудири шӯъбаи истифодабарӣ ва таъмири обҳисобкунакҳои КВД «Обукорез»-и шаҳри Душанбе ба ин назар аст, ки ин тасмим бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ки тамоми мизоҷон ва корхонаю ташкилот бо ҳисобкунакҳои об таъмин хоҳанд шуд.
Масъулин мегӯянд, бинобар адами чунин як дастгоҳ зимни ҳисоби миқдори обе, ки аз ҷониби аҳолии шаҳр масраф мешавад, ба мушкилӣ дучор мешаванд. Дар ҳамин ҳол, як нозири КВД «Обукорез» гуфт, ки дар як манзил беш аз 7-8 нафар зиндагӣ мекунанд, вале танҳо ду-се нафар пули оби ошомиданиро пардохт мекунанду халос. Дар чунин ҳол, масъулин исбот карда наметавонанд, ки ҳаҷми оби масрафнамудаи ӯ тӯли як моҳ чӣ миқдор аст. Бинобар ин, танҳо ду-се нафар ҳамчун истифодабарандаи об рӯйхат шудаанд, то маблағи об камтар ситонида шавад.
Охирсухан
Як ҷиҳати масъаларо бо об таъмин набудани сокинон ва мавҷуд набудани ҳисобкунакҳои об дар манозили эшон ташкил диҳад, тарафи дигари масъала дар низоми ҷамъоварии маблағи ҳаққи об нуҳуфта аст. Дар ҳоле ки бештари сокинони шаҳр аз нарасидани оби ошомиданӣ ва дастрас накардани расид зимни супоридани ҳаққи масрафи об шикоят менамоянд.
Ба андешаи коршиносон, бо насби ҳисобкунакҳои об роҳи ҳалли масъала пайдо мешавад, вале дар сурати акс маблағ ба кисаи кадом тоифаи муфтхӯр ворид мешавад, маълум нест.
Дар умум коршиносон бар ин назаранд, ки фурӯши об дар ҳудуди кишвар айб аст, зеро ки Тоҷикистон дорои 60 дарсади оби минтақа аст. Дар кишварҳои ҳамсоя Қазоқистон, Туркманистон бисёри имтиёзҳо барои мардум ройгон дода мешавад, ба монанди барқ, газ, об, намак ва ғайра. Вале Тоҷикистон, ки яке аз дороии асосиаш об аст, чаро ба мардум ройгон дода нашавад? Ё чаро ҳадди ақал нархаш арзонтар ва маблағаш, на дар кисаи нозирон, балки дар буҷаи кишвар ворид нашавад?