Categories ТАҲЛИЛ

Мушкилоти дарёфти улуми ибтидоии исломӣ

Мушкилоти дарёфти улуми ибтидоии исломӣ

Ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудан аз хатмкунандаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ донистани фанҳои кимиё, биоложик, донишгоҳи техникиву техноложӣ фанҳои физикаву математика ва барои донишкадаи забонҳо, албатта, донистани забонҳои хориҷӣ бештар мавриди пурсиш қарор мегирад. Вале чигунагии дохил шудан ба Донишгоҳи исломӣ, агар дониши исломӣ зарурат дошта бошад, муаммост.
Дар воқеъ, барои омӯзиши амиқи ҳар фанни алоҳида заминаҳое бояд вуҷуд дошта бошанд, то ҷавони ҷӯёи илм ҷанбаҳои аввалияи онро аз бар намояд. Ҳамин аст, ки тули ёздаҳ сол таълими аввалияро роҳандозӣ кардаанд. Вале барои нафаре, ки дунболи илми исломӣ рафтан мехоҳад, ин гуна замина, расман вуҷуд надорад. Агар дар даврони Шӯравӣ ва 10-15 соли истиқлолият ҳам таълими ҳуҷрагӣ вуҷуд дошт, вале чанд сол боз ин тарзи таълим тибқи қонугузорӣ як амали ҷиноӣ қарор гирифт. Касби илми исломӣ танҳо дар як маҳдудаи хос, масҷидҳои марказии ҷомеъ имкон дорад, он ҳам агар домуллои ин масҷид иҷозати таълимро пайдо намояд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки агар шумораи ин гуна ҷавонон зиёд бошад, оё дар чунин як маҳдуда имкони таҳсил вуҷуд дорад? Пас вақте заминаи аз бар кардани дониши исломӣ мавҷуд нест, бо чӣ роҳе ҷавони ҳавасманд ба Донишгоҳи исломӣ дохил мешавад? Эҳтимол ба чунин як раванд шакл додани “дарёфти илми исломӣ” ба хотири маҳдуд кардани он буда метавонад.
Бояд гуфт, дар Донишгоҳи исломӣ фанҳое таълим дода мешаванд, ки баробар ба сатҳи ҷаҳонианд. Вале нафароне, ки дониши ибтидоии исломиро аз бар накардаанд, имкон ва қудрати аз бар намудани ин гуна илмҳоро низ надоранд.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми кишвар бояд сари ин масъала аз рӯи виҷдон муносибат намуда, ба тамоми ҷавонони илмомуз, новобаста ба самти он шароити баробарро таъмин намояд, яъне дар марҷаъи таълими макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ таҷдиди назар сурат бигирад.
Иддае аз масъулин, ҳатто сарвари давлат аз рафтани ҷавонон ба хориҷ, ҷиҳати дарёфти улуми исломӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, вале аз худ намепурсанд, ки ҷавони дӯстдори илми исломӣ чигуна ғаризаи худро бароварда созад, дар ҳоле ки тамоми имкониятҳои таҳсили ибтидоӣ дар кишвар ба сифр баробар шудаанд?
Дар Тоҷикистон танҳо як маҳдудаи расмии таҳсили илмҳои ибтидоии исломӣ то ҷое вуҷуд дорад, он ҳам “Гимназияи исломӣ”-ст. Вале боз ҳам суол ин аст, ки оё дар ҳамин гимназия ҳам имкони таҳсил вуҷуд дорад? Дар ҳоле ки омӯзиш дар ин гимназия ба 1000 доллар баробар аст ва ин гуна имкониятро аксари кулли ҳавасмандони илми исломӣ надоранд.
Агар мақомот аз гароиши ҷавонон ба мазҳабу равияҳои гуногун нигаронанд, чаро дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ соате аз Ислом тадрис дода намешавад, ки ҷавони тоҷик аз ҳанафӣ будани худ ва шахси Имом Аъзам маълумот бигирад.
Ин мушкиларо тамоми масъулину мақомот медонанд, вале аз минбарҳо бо лофи мусалмонӣ задан кадом роҳҳалеро пешниҳод намекунанд.
ВУД аз боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон изҳори ташвиш мекунад, вале омили онро иқрор намешавад, ки ба дур рафтани онҳо аз Ислом ва арзишҳои исломист. Шояд баҳси гаравиши ҷавонон ба равияҳои гуногун ҳам ба ҳамин масъала бастагӣ дошта бошад, ки сари ин нукта бояд ҷиддӣ тафаккур кард.
Ҳалли ин мушкила чандон мушкил нест, агар ҳадди ақал ба имомони маҳалла иҷозаи тадриси илми исломӣ дода шавад ва падару модар ҳаққи таълимро мустақим пардохт намоянд.
Тавре дар боло ишора рафт, масоҷиди ҷомеъи марказӣ мувофиқи оиннома ҳуқуқ доранд, ки дар назди масҷид мадрасаеро таъсис бидиҳанд, вале боз ҳам ин ҷо садгузорие дар қонунгузорӣ вуҷуд дорад, он ҳам “манъи рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид” аст, ки монеи чунин таҳсил мегардад. Оё мақомоти аршади кишвар боре фикр мекарда бошанд, ки тамоми бузургони миллат, шурӯъ аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Мавлоно Ҷомиву Дониш, ҳатто сардафтари адабиёти советии тоҷик, Садриддин Айнӣ маълумоти ибтидоиро дар заминаи фаҳми улуми исломӣ аз бар кардаанд. Ин баракати илми Қуръон буд, ки онҳо ба қуллаҳои баланди илм даст ёфтанд.
Вале аз фитнаҳое, ки имрӯзҳо аз тариқи шабакаҳои телевезионӣ ва суҳбатҳои иддае аз мардум садо медиҳанд, аз “таҷриба андухтан”-и шайтонҳои инсиву ҷиннӣ далолат медиҳанд. Бубинед, устодоне, ки Форобию Синоро дар мадрасаву масоҷид ва ё дар манзили шахсӣ аз улуми исломӣ ё илмҳои дигар замон тадрис мекарданд, бо ифтихор устод, домулло ё мударрис ном бурда мешуданд, вале имрӯзҳо дар кишвари мо бо дарназардошти расидан ба пешрафту тараққиёт, агар нафаре дар манзили худ чанд ҷавонеро аз улуми исломӣ таълим бидиҳад, ӯро “террорист” ё “хиёнаткор” ба миллату кишвар мегуянд. Шояд барои тадриси улуми исломӣ ҳам то 10 сол равонаи зиндон шавад. Пас мантиқ куҷост, оё уламои замони Хайёму Айнӣ чи арзиш доштанду уламои феълии кишвари мо чӣ?
Бубинед, “тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо”.
Бале, ба ҳар ҳол, чӣ бояд кард, то назди миллат дар оянда сархаму дунҳиммат ба ҳисоб нарафт? Ҳадди ақал имконияте бояд дод, ки толибилмон дар макотиби миёнаву олӣ, инчунин масоҷиди кишвар улуми исломиро аз бар намоянд, албатта бо доштани иҷозатномаи омӯзиши улуми ибтидоии исломӣ.
Ба умеди акси навмедиҳо.

Абдурраҳмон С.

More From Author

You May Also Like