Categories ҶОМЕА

Мушкилоти хатти форсӣ: Андешаҳо ва монеаҳо

Мушкилоти хатти форсӣ: Андешаҳо ва монеаҳоcolorstart:#000000Забони муштараки тоҷику иронӣ то таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ форсӣ ном дошт. Вале дар даврони шӯравӣ дар ростои сиёсати ҷудосозии ҳуввияти фарҳангии Мовароуннаҳр аз фарҳанги иронӣ ва ҷаҳони форсизабонон ба вижа Ирон, номи ин забонро аз форсӣ ба тоҷикӣ тағир доданд. Ҳақоиқу шавоҳиди таърихиву илмӣ ин номгузории амромезро, ки ошкоро моҳияте сиёсӣ дошт, такзиб менамояд.

Тамоюли ҳукмронони Русияи тезарӣ ва исрори ҳукмронони давлат дар замони Шӯравӣ, ки гароишҳои пантуркизм низ аз он ҷонибдорӣ мекард, ҳамвора бар ҷудосозӣ миёни ду пораи Ирони фарҳангӣ ва ҷаъли ҳуввияти наву орӣ аз мазоҳири ирони фарҳангӣ барои Вароруд, бахусус сарзаминҳои тоҷикнишин буд. Вале ин сиёсати фарҳангӣ мавриди тайиди аҳли донишу адаб қарор надошт.

Бартолд, донишманди машҳури рус дар оғози қарни гузашта таъкид доштааст: “Тоҷикон намояндагони тиҷорат, ҳунар ва дар маҷмуъ фарҳанги ирониёнанд”, (Василий В. Бартолд. Гузинаи мақолоти таҳқиқӣ. Теҳрон, 1979. С 332).

Бо вуҷуд, дар давлати шӯроҳо аз хондани забони форсӣ ба номи асили он ба шиддат парҳез мешуд, вале донишмандоне чун Садриддин Айнӣ тавонистанд бо ривоҷи истилоҳи “адабиёти форсу тоҷик” дар адабиёти илмии Шӯравӣ, то ҳадде ин сиёсати фарҳангии Маскави вақтро тармим намоянд.

Аммо дар даврони тасаллути Русияи тезарӣ бар Мовароуннаҳр, забон ва адабиёти форсӣ ба ҳамон сарнавиште гирифтор омад, ки дар Ҳиндустон нисбати он сурат гирифта буд. Тафовути муҳим ва ҷиддӣ миёни оқибате, ки бегонагони муҳоҷим дар Ҳиндустон ва Мовароуннаҳр барои забону адабиёти форсӣ рақам заданд, ба бошандагони асили Вароруд, яъне тоҷикон боз мегардад, ки забону адабиёти форсиро дар ин сарзамин бо дилу ҷон посдорӣ намуданд.

Имрӯз адабиёти муъосири се кишвари форсизабони Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон ҷуз барои мутахассисини ин соҳа он гуна, ки шоиста аст, барои ҳамдигар шиносонда нашудааст. Табиъист, ки адабиёт агар ҷавалонгаҳи фаррох барои арза ва нақд наёбад, кадом маҷоле барои рушд ва бахте барои ҷаҳонӣ шудан нахоҳад ёфт, агарчи бисёре аз осори адабӣ аз забоне, ки ба он офарида шудааст, ба дигар забонҳо тарҷума мегардад. Вале осоре, ки ба забони роиҷи бахши бештаре аз ҷамъияти башарӣ халқ мегарданд, бахташон барои ҷаҳонӣ шудани ин осор ҳамвортар ва бештар аст.

Рӯзе рӯзгори адабиёти фохири форсӣ аз дили Чин то қалби Аврупо хонандагони бешуморе дошт, ки ин осорро ба забони асл мехонданд, на аз тарҷума ва бо ин забон асар ҳам эҷод мекарданд. Дар ҳамон рӯзгорон ин забон аз забонҳои аввали омӯзишии империяҳои воқеъ дар ин густараи васеъ буд. Аммо ба иллати дигаргуниҳои эътиқодиву фарҳангӣ ва падидаҳои истеъмор ва тағйири низомҳои сиёсӣ ва таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоъӣ, густараи ривоҷи забони форсӣ ба тадриҷ маҳдуд ба сарзаминҳои хостгоҳи ин забон шуд ва имрӯз забони роиҷу расмии се кишвари Ирону Афғонистон ва Тоҷикисон аст. Ҳамон сабабҳое, ки густараи ривоҷи забони форсиро танг намуд, камобеш муҷиби ошуфтагии забони меъёр ва мактуби ин се кишвари форсизабон низ гардид. Имрӯз дугонагии алифбои ин забони ягона дар шумори муҳимтарин авомили нуқсони забон миёни форсизабонон гардидааст.

Тағири алифбои забони форсӣ ба алифбои лотин ва пас аз он сирилик ва ҷойгузин шудании забони русӣ ба унвони забони донишу пажуҳиш барои даҳсолаҳо, дигаргунии фаровонеро дар забони форсии тоҷикӣ сабаб гардид. Дар ин раванд тафовутҳои қобили мулоҳизае дар таъбиру сохтор ва қоидаҳои забонӣ, миёни форсизабонони се кишвари бародар бо форсии тоҷикӣ падид омадааст. Бе тардид бозгардонии таровати забони форсӣ дар Мовароуннаҳр ва татбиқи он бо талаботи замона, дар пайванди ҳарчи зудтари ин дарёча ба дарёи хурушони забони форсӣ дар берун аз ин сарзамин аст ва танҳо роҳи ин пайванд, эҳёи алифбои форсист.

Ҳасрат ва афсус, ки миллионҳо форсизабон ба далели дугонагии хат, аз дастрасии мустақим ба адабиёти муъосир ва дигар тавлидоти мактубии Тоҷикистон дар ҳама ҳавзаҳо маҳрум мебошанд, ру ба афзоиш дорад. Ҳамон гуна, ки миллионҳо тоҷик аз дастрасии мустақим ба ҳазорон асар аз матнҳои адабиёти класики худ ва садҳо асари фохир ба забони форсӣ дар ҳама ҳавзаҳо, ки дар Ирону Афғонистон ва дигар ҷойҳо мунташир мегардад, боздошта шудаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба расмият ёфтани забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва ҷойгузинии он бо забони русӣ дар қолаби сутуҳи омӯзиш ва таназзули саводи русӣ дар ин кишвар, тағири алифбои сирилик ба форсӣ ҳамон гуна, ки аксари андешмандони тоҷик таъкид доранд, танҳо масирест, ки аз табдили муҳити илмиву фарҳангии Тоҷикистон ба як ботлоқи ошкор ҷилавгирӣ менамояд.

Аммо аз сиёсате, ки дар Тоҷикистон барои гузариш ба хати форсӣ дида мешавад, бешак, ҳатто дар дарозмуддат барои вуруд ба ин марҳила кофӣ нест. Ду омили муҳим монеъаи асосӣ дар ин роҳанд:

1. Набуди иродаи таъинкунандаи ҳокимият ва иҷмоъи нухбагони сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ бар тағири алифбо аз сирилик ба форсӣ, ки далоили ин фиқдони гуногун ва пардохтан ба он аз ҳавсала берун аст.

2. Тағйири алифбои сирилик ба форсӣ дар баландмуддат, бо барномарезиҳои дақиқи илмӣ-фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ, ҳазинаи молии бисёр сангинеро талаб мекунад. Пояи иқтисодӣ, илмӣ- фарҳангӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон ба танҳоӣ, ба вижа дар ҳоли ҳозир, қобил ба таҳаммули ин бор нест./colorend

More From Author

You May Also Like