nahzat.tj
3 июли соли ҷорӣ варзишгарони тоҷик аз тими мунтахаби боксчиёни Ҷумҳурии Тоҷикисон дар ҳайати се нафар, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева бо роҳбарии мураббӣ Мирзо Шамсиев барои иштирок дар бозиҳои Олимпии Лондон-2012 ба шаҳри Лондон сафар карданд.
Варзишгаронро дар гусели расмӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар худоҳофизӣ намуд. тазаккур додан ба маврид аст, ки дар бозиҳои Олимпӣ (Лондон-2012) муштзанони тоҷик Анвар Юнусов дар вазни 56 кг ва Мавзуна Чориева дар вазни 60 кг рақобат менамоянд. Варзишгарони тоҷик то оғози бозиҳои Олимпӣ дар шаҳри Лондон машқу тамрин менамоянд.