“Муъҷиза”-ҳои демократӣ

TBegin:http://nahzat.tj/uploads/posts/2014-07/1405761489_1660854_696889567008308_496409262_n.jpg|left“Муъҷиза”-ҳои демократӣTEndcolorstart:#000000Баҳс сари мафҳуми демократия ва воқеъияти чунин як низом дар ҷомеъаи кишвари мо беш аз пеш шиддат касб кардааст. Агарчи маъмулан демократияро як низоми муваффақ ва дастоварди нави башар мегуянд, низоме, ки дар идораи кишварҳо то ҳудуде муваффақ ва дорои меъёру арзишҳои хоси худ мебошад. Яке аз ин меъёрҳо, интихобот ва истифода аз сандуқҳои раъй мебошад. Меъёри дигари демократия ин пайравии ақалият аз аксарият ва эҳтиром гузоштани аксарият ба хоставу гароишҳои ақалият мебошад.

Аммо дар меҳварияти арзишҳо озодии баён ва вуҷуди аҳзоби сиёсии мухталиф қарор гирифтааст. Барои Ғарб тақаллуб дар интихобот амри нописанду мардуд дониста мешавад, зулму диктатура аслан қобили қабул нест. Касе ҳақ надорад, ки озодии баён ва ё масоили эътиқоди дигаронро маҳдуд созад. Ғарбро маҳди демократияву озодӣ ва сарзамини мутамаддину пешрафта ҳам мегӯянд, маҳз ба хотири аз нигоҳи рафоҳи иҷтимоъӣ дар сатҳи баланд қарор доштани мардум. Бештарин даромадро мардуми кишварҳои озоду демократӣ ба худ ихтисос додаанд. Пешрафтатарин технологияи дунё ҳам моли онҳост. Илму маъориф ҳам дар сатҳи баланд қарор дорад.

Хулоса, агар аз мусибатҳои ахлоқӣ ва маънавиашон бигзарем, дигар ҳама чиз дар онҷо хубу олӣ ба назар мерасад. Тамоми ин хубиҳо зодаи демократия дониста мешаванд, яъне демократия боиси рушду тараққиёт нишон дода мешавад.

Аммо дар муқобил диктатура ва авторитаризм бешак мояи ақибмондагӣ, фақр, бесаводӣ ва нооромии кишварҳо мебошад. Низомҳои диктатурӣ ё авторитарӣ тавассути кудатои низомӣ, ҷанг, интихоботҳои дуруғин ва ғайра қудратро ба даст мегиранд ё нигоҳ медоранд, ин аст меъёрҳои чунин як низом. Дар чунин режимҳо озодии баён ва ақида, адолати иҷтимоъиву баробарӣ, рифоҳи умумӣ, мардумсолорӣ ва қонунмеҳварӣ аслан маъное надоранд ё фақат дар шиъор вуҷуд доранд.

Ин гуфтаҳо дар бархе кишварҳо то ҳудуди зиёде ба воқеъият табдил шудаанд. Аммо дар чанд соли охир “муъҷиза”-ҳои демократии аҷибе ҳам рух медиҳанд, ки ҳамаро ҳайрон гузоштааст. Барои мисол, чанд намунаи онҳоро зикр мекунем:

1. “Муъҷиза”-и нав дар меъёрҳои демократия, интихоботи Миср бо пирузии Ихвонулмуслимин, ки онро равиши демократӣ қабул накарданд ва кудатои низомӣ, ки онро меъёри барқарори демократия қарор дониста шуд. Ба ин маъно, ки як гурӯҳ омада ҳазорон нафарро қатли ому даҳҳо ҳазори дигарро зиндон карданд, тамоми расонаҳои озодро баста, ҳуқуқи мардумро поймол сохтанд, вале инро ҳомиёни демократияву озодихоҳ ном гирифтанд. Масъала шикасти исломгароҳо нест, балки хиёнат ба арзишҳо ва тағйири меъёрҳост. Яъне агар Муҳаммад Мурсӣ президенти мунтахаби мардуми Миср дар кадом тасмимгирии худ хато ҳам карда бошад, бояд мисли дигар кишварҳо аз тариқи сандуқҳои раъй шикаст мехурд, дар ҳоле ки танҳо як сол аз пирӯзии ӯ пур мешуд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро вақте маҳбубияти Обама ё президенти қаблии ИМА коҳиш ёфт, Пентагон онҳоро бо кудато барканор накард, балки то тамом шудани давраи раёсати ҳар кадоме сабр карду мекунад? Пас масъаларо бояд танҳо бо раъйи мардум дар чаҳорчубаи интихобот муаян кард. Вале дар Миср демократия ва муддаъиёнаш ончунон муъҷизае карданд, ки «демократия»-ро аз роҳи кудатои низомӣ пиёда сохтанд, на бо раъйи мардум. Аввалин муъҷизаи демократия ин буд, ки дар кишварҳои исломӣ интихоботро бо кудато ва сандуқҳоро бо тупу тонк иваз карду кудатогарон дигар диктатор нестанд. Кор ва амалкарде, ки тибқи хостаҳои элитаҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказист, чун агар интихобот ва президерти мунтахабро агар эътироф накарданд, вале ҳар кадоме аз онҳо сарвари табадулоти низомиро дар пай ба расмия шинохтанд.

2. “Муъҷиза”-идигар, ин интихоботи бе ғолиб аст. Маъмулан ҳар як интихобот ғолибу мағлуби хешро дорад, аммо интихоботи чанд рӯз пеш дар Афғонистон ғолибу мағлубро ошкор накард. Шояд ин аввалин интихобот дар таърихи чандсолаи демократия бошад, ки ғолиб надорад. Ба ақидаи аксари соҳибназарону коршиносон Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳамон даври аввали интихобот пирӯз шуда буд, вале бархеҳо қасдан интихоботро ба даври дуввум кашонданд. Дар даври дуввум номзаде, ки дар даври аввал хеле поинтар аз доктор Абдуллоҳ раъй ба даст овард, баранда эълон шуд. Вале тақаллубҳои интихоботии ошкор шуда дар ин ҷо ҳам ба обуруи муддаъиёни демократия шаддидан латма ворид кард. Ҳатто бархе аз тақаллубкорон шармандавор аз кишвар фирор карданд, аммо сенориёнависони бешарм ақиб нанишастанд. Дар ҳамин ҳол, муъҷизае рух дод ва ҳарду номзадро пирӯз эълон карданд. Агарчи ҳифзи оромиву субот муҳим аст, вале баҳс сари воқеъияти бархурд бо интихоботист, ки яке аз меъёрҳои аслии демократия дониста мешавад.

3. “Муъҷиза”-и СММ аст. Дар тамоми барномаҳову санадҳои байналмилалӣ, агар гурӯҳ ё кишваре ба кишвари дигар ҳамла кунад, кишвари мавриди ҳамла қарор гирифта, ҳуқуқ дорад аз худаш дифоъ кунад. Ҳамчунин дар тамоми ин санадҳо куштори занону кудакон ҷинояти сангини ҷангӣ дониста мешавад.

Аммо дар сарзамини Фаластин як гурӯҳ аз кишварҳо ҷамъ шуда, ин сарзаминро ғасб карданд. Соҳибонмулкҳоро аз хонаҳояшон берун карда, номи Фаластинро ба Исроил иваз карданд. Соҳибони ин сарзамин барои дифоъ аз сарзамин ва молу ҷони худ ба по хестанд, вале террорист эълон шуданд. Даъвогарони демократия ва СММ имрӯз мегуянд: Исроил ҳақ дорад аз худаш дифоъ кунад. Аммо савол ин аст, ки куҷост он маҳдудае, ки марзҳои ин давлати ғосибро нишон медиҳад, он ҳам бар асоси қатъномаи СММ? Саволи дигар ин аст, ки магар фаластиниҳо ба дигар сарзамини кардаанду онро ғасб кардаанд ё ин исроилиҳоянд ғосибу таҷовузгар? Аслан ҳамлагар киву дифоъкунанда кист?

Масъалаи баъдӣ ин аст, ки агар дар ҳар куҷое аз дунё як шахси ғайри низомӣ кушта шавад, СММ ҳамчун мудофеъи ҳуқуқи башар садо баланд мекунад. Аммо дар муддати 10 рӯз Исроил дар Ғазза 30 зан ва 62 кудакро ваҳшиёна ба қатл расонидааст, вале СММ мегӯяд: Исроил ҳақ дорад аз худаш дифоъ кунад ва гӯё ҳуқуқи башар танҳо моли Ғарбу Исроил будаву мардуми Фаластин беҳуқуқанд ё башар нестанд. Чунин ба назар мерасад, ки муъҷизаи СММ ин куштори 62 кудак ва 30 зан барои дифоъи ин созмон аст.

Хулоса, мутаассифона демократия ҳам мисли атом дар якҷо ба нафъи мардум истифода мешавад ва дар ҷои дигар бар алайҳи он. Қудратҳое дар дохили кишвари худ аз атом барои сохтани васоили пизишкӣ истифода мекунанду техноложиашонро тақвият мебахшанд ва ба нафъи мардум истифода мебаранд, вале бо дар ҷои дигар атомро бар зидди мардуми кишмари дигаре истифода карданд.

Чунин як истифода имрӯз аз демократия сурат мегирад, мисли атом. Агар намехоҳанд кишварҳои исломӣ соҳиби энержии ҳастаӣ шаванд, ба шакли каме мутафовиттар кишварҳоеро дорои як низоми демократии солим ҳам дидан намехоҳанд. Зеро агар атом кишварҳоро аз нигоҳи низомӣ пурқудрат намояд, демократия ва мардумсолорӣ онҳоро аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоъӣ ва сиёсӣ пешрафта ва мутараққӣ месозад.
Пас мутмаиннан ин “муъҷиза”-ҳои демократӣ тасодуфан ба вуҷуд наомадаанд.

Бобоҷони Қаюмзод/colorend

More From Author

You May Also Like