Categories Ахбори рӯз

Тоҷикистон ва САҲА амнияти минтақаҳои марзиро баррасӣ карданд

Ҷ. Ҳокӣ

Дар мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷаи кишвар, Низомиддин Зоҳидов бо Ивар Викки, роҳбари намояндагии САҲА дар Душанбе масъалаи зарурати таҳкими амният дар минтақаҳои марзӣ баррасӣ шуд.

Дар ин бора департаменти иттилоотӣ вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар медиҳад. Тибқи иттилоъи расида, дар рафти ин гуфтушунид ҳамчунин таҳкими мудирияти сарҳадот дар фазои аъзои тағйирпазир то соли 2014 ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бар зиддӣ гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва терроризм, пешгирии паҳншавии силоҳ, маводи тарканда ва мусоидат ба рушди савдои фаромарзӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо тарҳҳои САҲА – ро барои соли 2013 баррасӣ карданд.

More From Author

You May Also Like