Categories Ахбори рӯз

Маҷлиси намояндагон интизори таҳқиқи прокуратура аст

Имрӯз, 12-уми апрел ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон доир гардид ва дар баробари масоили дигар қазияи Саидумр Ҳусайнӣ, вакили парлумон ҳам, ки зимни сафари корӣ бо роҳхати дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар Хоруғ ба вуқуъ пайваст, то ҷое мавриди баҳс қарор гирифт.
Тавре Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо сомонаи «Nahzat.tj» гуфт, масъалаи мазкурро Прокуратураи генералӣ баррасӣ карда истодааст ва ҳоло доири он сару кор нагирифтаем, чунки маълумоти лозимро дар даст надорем, ҳол он ки маълумотро ҳам аз онҳо мегирем.
Тибқи гуфтаи ҷаноби Ватанов, Маҷлиси намояндагон ҳамон рӯзи воқеъа, яъне 28-уми апрел аз ин қазия хабардор шудаанд ва ҳамон рӯз аз ҷониби парлумон мактуб равон гаштааст унвонии Прокурори генералӣ, ки масъаларо баррасӣ карда, маълумот пешниҳод намояд.
Ин мақоми парлумонӣ ҳамчунин илова кард, ки ҳоло ин масъаларо Прокуратураи генералӣ баррасӣ карда истодааст ва ахиран аз тариқи телефон аз Прократураи генералӣ хоҳиш кардаанд, ки ҳарчи тезтар ахборро доир ба ин масъала ирсол намоянд, то парлумон ба хулоса омада, тасмим бигирад.
Вақте аз ҷаноби Ватанов пурсидем, ки оё баҳси хосе дар ин маврид дар Шӯрои Маҷлиси намояндагн сурат гирифт, гуфт, барои он ки баҳс шавад, аввал бояд маълумот дошта бошем. Вале ӯ дар зимн иқрор кард, ки новобаста ба пешниҳоде, ки Сайидумар Ҳусайнӣ кард, ҳангоми дар сафар будани ӯ ин пешниҳодро ба Прокурори генералӣ равон карда будем. Дар прокутара қайд шудааст, ки «гирифтам».
Баъд аз радду бадал атрофи қазияи мазкур танҳо ҳаминро фаҳмидем, ки парлумон гӯё то ба имрӯз кадом маълумоти таҳқиқшударо дар мавриди қазияи Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили худ аз ҷониби прократура ва дигар ниҳодҳои зирабт надоштааст.
Ҷаноби Ватанов бо ҳамин ҷумла иктифо кард: аввал санҷидан даркор аст, мо барои он ки ба як хулоса биёем, бояд маълумот дошта бошем. Вале суоли матраҳ ин аст, ки таҳқиқи масъала аз ҷониби Прокуратураи генералӣ идома дорад ё ин ниҳод аз посух додан ба Маҷлиси намояндагон сарпечӣ мекарда бошад?

More From Author

You May Also Like