Муҳаммад Қутб

Муҳаммад Қутб яке аз донишмандон ва мутафаккирони барҷастаи олами Ислом ба ҳисоб рафта дар бедории уммати исломӣ дар асри 20-ум кӯшишҳои зиёде ба харҷ додааст. Бидуни шак метавон эшонро яке аз намунаҳои фикрии барҷастаи уммати исломӣ унвон карда ӯро ҳамчун бунёдгузори мадрасаи ҳаракии исломӣ дар ҷаҳон шинохт. Муҳаммад Қутб бештари ҳаёти худро дар муаррифӣ намудани дини мубини Ислом бар ҷаҳониён мухолиф ба андешаи ғаразноки назарияи ғарб, сарф намудааст. Ӯ ҳамеша дар таълифоти худ кӯшиш ба харҷ додааст то воқеиятро аз манзури исломӣ шарҳ дода байни фикру воқеият рабт намояд. Ӯ мавқеи пешгирифтаи Ғарбро нисбати ҷаҳони Ислом сахт мавриди танқид қарор дода қайд мекунад, ки ҳама шиорҳои мусолиматомези Ғарб нисбати ҷаҳони Ислом шиоре беш нест.

Ном ва насаб
Муҳаммад Қутб Иброҳим Ҳусайни Шозилӣ мебошад. Хонадони эшон яке аз хонаводаҳои машҳури минтақаи Асюти Миср ба ҳисоб мерафт. Падари Муҳаммад Қутб яке аз кишоварзони машҳури деҳаи худ маҳсуб шуда бо оне, ки дар мадориси расмӣ таҳсилоти олиро соҳиб нашуда бошад ҳам, аммо ба хондану мутолиъа кардан шавқу рағбати зиёд дошт. Бар замми мутолиъа кардану дониш омӯхтан ба корҳои ҷамъиятӣ низ аҳамияти зиёд медод. Ҳамин буд, ки мардуми минтақа ба ӯ эҳтироми хоса зоҳир намуда дар умури зиндагии худ аз ӯ машварат мегирифтанд.
Модари Муҳаммад Қутб, Фотима духтари Усмон яке аз занҳои олима ва аҳли илм ба шумор рафта бародаронаш дар соҳаи адабиёт, сиёсат, шоирӣ ва рӯзноманигорӣ шуҳрати хоса доштанд.
Ҳамчунон лозим ба ёдоварист, ки мутафаккир, адиб ва муфассири машҳури ҷаҳони Ислом аллома Сайид Қутб бародари бузурги Муҳаммад Қутб маҳсуб шуда дар таълиму тарбияи бародари худ саҳми арзанда дорад.

Таваллуд ва рушди илмӣ
Аллома Муҳаммад Қутб 25-уми моҳи Раҷаби соли 1337 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 26-уми апрели соли 1919 мелодӣ дар деҳаи Мушои вилояти Асюти Миср чашм ба дунё кушодааст. Ӯ ибтидо аз даврони хурдсолӣ ба хондану навиштан алоқаи зиёд аз худ нишон медод. Чуноне, ки дар боло қайд карда шуд, модари Муҳаммад Қутб дар хонае рушд ёфта буд, ки ҳама аҳли илму фарҳанг маҳсуб мешуданд.
Аз ин лиҳоз Фотима модари Муҳаммад Қутб тасмим гирифт то ҳарду фарзанди худ Сайид Қутб ва Муҳаммад Қутбро ба шаҳри Қоҳира барои таҳсил равона созад. Муҳаммад Қутб дар шаҳри Қоҳира ибтидо таълимоти ибтидоии худро ба хотима расонида ба донишгоҳи Қоҳира дар факултети адабиёт бахши забони англисӣ сабти ном намуда соли 1940 мелодӣ онро бомуваффақият ба итмом мерасонад. Сипас ба инситути “Аттарбиятул олӣ лилмуаллимин” барои такмили дониши худ ворид гардида соли 1949 мелодӣ бомуваффақият онро хатм намуда соҳиби диплом дар илми тарбият ва равоншиносӣ мегардад.
Бояд ёдовар шуд, ки аллома ва мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Ислом Сайид Қутб дар тарбия ва таълими бародари худ Муҳаммад Қутб саҳми арзанда дошт. Муҳаммад Қутб мефармояд: “Ҳеҷ шахсе чун бародарам Сайид Қутб дар ҳаёти ман таъсир нарасонидааст. Ӯ шахсе буд, ки дар таълиму тарбия манро роҳнамоӣ намуда ба ман чун падар, бародар ва дӯст муомила менамуд. Аз даврони хурдӣ ба афкори бародарам ошноӣ доштам ва ҳангоме, ки ба синни рушд расидам, ӯ манро иҷоза медод то бо ӯ дар баъзе аз афкораш баҳсу муноқиша намоям“.

Зиндон ва ҳиҷрат
Аллома Муҳаммад Қутб дар тӯли ҳаёти хеш аз тарафи ҳукумати онвақтаи Миср ду маротиба вориди зиндон шудааст. Мартабаи якум соли 1954 мелодӣ ҳамроҳ бо бародараш Сайид Қутб мебошад, ки ҳарду аз якдигар дур нигоҳ дошта мешуданд. Аммо баъд аз муддате Муҳаммад Қутб озод карда мешавад, аммо бародараш Сайид Қутб муддати даҳ солро дар зиндон сипарӣ мекунад. Ӯ баъд аз раҳоӣ аз зиндон самти фаъолияти худро, ки қаблан дар фазои шеър, шоирӣ ва адабиёт буд табдил медиҳад ба самти исломи сиёсӣ.
Соли 1965 мелодӣ бори дигар аз тарафи ҳукумати онвақтаи Миср аксари раҳбарони Ихвонулмуслимин аз ҷумла Муҳаммад Қутб ҳамроҳ бо бародараш Сайид Қутб ва 3 хоҳараш, боздошт шуда вориди зиндон мегарданд. Додгоҳ Муҳаммад Қутбро маҳкум ба 6 соли зиндон намуда бародараш Сайид Қутбро аз сабаби таъсири зиёд доштанаш дар бедории мардум, маҳкум ба эъдом мекунанд.
Соли 1971 мелодӣ Муҳаммад Қутб аз зиндон раҳо ёфта суннати паёмбаронро пеша гирифта ба Арабистони Саудӣ, ки он замон марзашро барои мазлумони Миср боз карда буд, ҳиҷрат намуда боқии умри худро то вафоташ дар ин сарзамини муқаддас ба ҳайси устод дар донишгоҳҳо, таъсис додани мадрасаи исломии ҳаракӣ ва ба воя расонидани шогирдон, сипарӣ мекунад.

Афкор ва таълифот
Ҳаққо, ки Муҳаммад Қутб (р) дар қарни сипаришуда ва навин яке аз бузургтарин андешамандони майдони тафаккур дониста мешавад. Ин нукта барои соҳибони маърифат ва шахсоне, ки аз ҳаёту фаъолият ва осори шодравон Муҳаммад Қутб огоҳӣ доранд, пӯшида нест. Номбурда дар пайи бародари шаҳид ва яке дигар аз бузургтарин мутафаккирони олами ислом, Сайид Қутб роҳи ӯро дар майдони набарди фикрӣ идома дода ва тақрибан аксари кулли асарҳояш дар ин бобат таълиф гаштааст. Аз ҳама шигифтовар он аст, ки вақте кас бо китобҳои таълифкардаи шодравон Муҳаммад Қутб ошно мегардад, ба ин натиҷа мерасад, ки вай даҳҳо сол қабл аллакай бозиҳои пасипардагии даъвогарони демократияро ошкор намуда, ин низомро то андозае танҳо хидматгори ҷаҳони Ғарбу Амрикову Изроил медонад. Ин гуфтаҳои марҳум имрӯзҳо то андозае ҳақиқатро ошкортар кардаанд. Мухотаби асосӣ дар асарҳои Муҳаммад Қутб (р) ҷаҳони Ғарб мебошад. Вай бо таълифи осори гаронбаҳои худ, аз қабили “Секуляризм ва ислом”, “Ислом ва ҷаҳонишавӣ”, “Атрофи амалисозии шариат”, “Шубҳаҳо атрофи Паёмбар (с)”, “Ақлгароӣ”, “Қазияи равшанфикрон”, “ Ҷоҳилияти асри бист”, “Манҳаҷи тарбияти исломӣ”, “Чигуна таърихи исломро нависем”, “Кайфа надъун носа”, “Ҳал наҳну муслимун”, “Мазоҳиб фикрийя муосира”, “Диросот қуръония” ва ғайра то ҳадди имкон парда аз рӯйи ҳақиқатҳое, ки аз чашми бештари уммати исломӣ пӯшида буд, бардоштааст. Барои мисол метавон ин гуфтаро мазмунан, на айни гуфтаи эшон нақл намуд. “Дар саросари олам илмониҳо (секулярҳо, яъне касоне, ки динро аз давлат ҷудо медонанд) ҳамлаи сахтеро барои пешгирӣ аз амалишавии аҳкоми Ислом ва ҳамлаҳоеро алайҳи исломиҳое, ки мехоҳанд зери сояи аҳкоми шариат умр ба сар баранд, бо номи “демократия” ба роҳ мондаанд. Гӯиё онҳо хатари сахтеро эҳсос намуда бошанд… Аз ҳама тааҷҷубовараш он аст, ки ҳамин гурӯҳ дар гузаштаи начандон дур вақте низоми Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор буду қудрат дошт, зери либоси коммунистӣ ин ҳаракатро пеш мебурданд, вале ҳамин ки ин низом аз ҳам пошид ва суқут кард, дар ҳол либоси худро бо пӯшиши нав ба номи “демократия” иваз карданд… Вале вақте кас аз ҳақиқати кор огоҳ мешавад, тааҷҷубаш бартараф ва ё ҳадди ақал, кам мегардад. Ҳақиқат ин аст, ки ин тоифа аслан аз ислом ва таълимоти он нафрат доранд ва барои мубориза алайҳи он ҳар гуна либосро метавонанд бар тан кунанд…” Ниг: Секуляризм ва Ислом; Муҳаммад Қутб; 1/1 Қобили зикр аст, ки номбурда таҳсилкарда ва тарбиятдидаи мактаби фикрии ҷамоати “Ихвону-л-муслимин” буда, асоситарин таассуроти худро маҳз аз ҳамин мактаби машҳури фикрӣ касб кардааст.

Вафоти Муҳаммад Қутб
Аллома Муҳаммад Қутб баъд аз оне, ки умри худро дар хидмати дину тарбияти уммати исломӣ сарф намуд бо хости илоҳӣ рӯзи ҷумъа 4-уми ҷимодалухрои соли 1435 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 4-уми апрели соли 2014 мелодӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дори фониро падруд гуфт.

Ҷаннатуллоҳи Комил

More From Author

You May Also Like