Categories Uncategorized

Муҳиддин Кабирӣ дар оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд: Омадан ба ин ҷо вазифаи мо буд

Суҳбаторо: Маҳмудҷон Файзраҳмонов

79 акс аз сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Афғонистон

Дирӯз, 29 майи соли 2013, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН, зимни сафари серӯзаи хеш аз оромгоҳи қаҳрамони миллати тоҷик, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, ки дар дарраи машҳур ба муборизаву муқовимат – Панҷшер воқеъ аст, бо вуҷуди ҳамлаи 6 интиҳорӣ субҳи ҳамон рӯз ба бинои Раёсати вилояти Панҷшер, ки чанд километр пеш аз оромгоҳи қаҳрамони миллати тоҷик қарор дорад, дидан кард.

Ҳайати ҳизб ва ҳайати ҳукумати маҳаллии Панҷшер ба марқади Аҳмадшоҳ Масъуд дохил шуданд ва чанд оёте аз Қуръони карим ва дуъо ба рӯҳи ишон хонданд. Муҳиддин Кабирӣ хотираҳо ва эҳсосоти хешро дар дафтари ёдоварии марқад навишт ва дар ин замон аз ишон чунин суолҳо кардем.

Эҳсосоти Шумо, ки дар оромгоҳи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд қарор доред, чӣ тавр аст?

Эҳсосоте, ки мо алъон дорем, эҳсосоти як шогирде аст, ки зиёрати устодаш меояд.

Мо муваффақ нашудем, ки Омир соҳиб (шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро ёрону ҷонибдоронаш чунин ёд мекунанд) -ро дар зиндагиаш бубинем, вале барои худамон воҷиб медонистем, ки аввалин коре, ки дар зиёрати Афғонистон хоҳем кард, ин зиёрати Омир соҳиб хоҳад буд, ки алҳамдулиллоҳ имрӯз ба он муваффақ шудем.

Ишон яке аз муҳандисони сулҳи тоҷикон буд. Ӯ танҳо қаҳрамони миллии Афғонистон нест, балки қаҳрамони кулли тоҷикони ҷаҳон ҳам ҳаст.

Ҷаҳони Ислом мадюни ишон аст, ки тавонист бо муборизаҳояш пеши роҳи даҳшату хушунати як гуруҳ, ки номи Исломро доштанду алайҳи Афғонистон мубориза мекарданд ва кулли чеҳраи Ислом ва мусалмононро хароб карда буданд, гирифт. Ӯ бо ҷонбозӣ ва дар ивази ҷони хеш ин ҳамаро харид ва воқеан Исломро наҷот дод.

Мо, миллати тоҷик, бахусус Наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамеша худро мадюни чунин абармардони мисли устоди шаҳид Бурҳониддини Раббонӣ ва Омир соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд медонем, ки дар душвортарин рӯзҳо дар паҳлуи мардуми тоҷик буданд ва садҳо ҳазор муҳоҷирро бо ҷойю лавозимот таъмин карданд ва тарҳи сулҳи тоҷиконро пуштибонӣ карданд.

Рӯҳашон шод бод.

Ҳарчанд ҳамин субҳ ба Шумо хабар расид, ки вазъи амниятии дарраи Панҷшер, ки оромгоҳи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд он ҷо воқеъ аст ва ҳамин субҳ ҳодисаи ҳамлаи интиҳорӣ ҳам дар бинои Раёсати ин вилоят, ки аз оромгоҳи Масъуд чанд километр дур аст,рух дод, чӣ чиз шуморо маҷбур кард, ки бо ин вазъи ноамниятӣ ба зиёрати шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд омадед?

Аз субҳ моро огоҳ карданд, ки амалиётҳое дар дарраи Панҷшер рух додааст ва рафтан ба он ҷо салоҳ нест.

Вале ба хотири он ки ба худ ваъда карда будем, ки дар баробари қадам гузоштан ба Афғонистон аввалин кореро, ки ҳатман аҷом диҳем, он ба зиёрати Омир соҳиб меравем. Чун худашон мубориз буданд ва муносиб нест, ки мо ба хотири чанд амали интиҳорӣ аз роҳ боз гардем.

Вақте ки мо гуфтем, ки бояд зиёрати Омир соҳиб биравем ва табиист, ки роҳи ишон осонӣ ва тарсро қабул нахоҳад кард.

Ба хотири ҳамин, ба хотири зиёрати ишон набояд аз ҳамлаҳои интиҳорӣ камтарин тарсро дошта бошем.

Фикр мекунам, ки як ҳолати табиъӣ аст ва ин вазифа ва воҷиби мо буд, ки ин ҷо биоем. Худоро шукр мегӯем, ки ба ин муваффақ шудем.

Ба тавре маълум, ин якумин сафари Шумо ба Афғонистон аст, чӣ эҳсосоте нисбати ин сафаратон доред?

Орзӯи зиёрати Афғонистонро аз қабл доштем ва Худованд барои мо ин зиёратро дар ҳамин рӯз муносиб донист ва ҳоло чизе гуфта наметавонам, ки чӣ эҳсосоте манро фаро гирифтааст.

Мояи шодӣ ин аст, ки бародарони муборизро зиёрат кардем ва ҳамчунин аз оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд дидан кардем. Иншоаллоҳ, ба зиёрати марқади устод Бурҳониддин Раббонӣ хоҳем рафт (Баъди бозгашт аз дарраи Панҷшер, ҳайати ҳизб бо роҳбарии устод Кабирӣ ба зиёрати марқади устод Раббонӣ, ки дар худи Кобул воқеъ аст, рафтанд).

Вале ҳамзамон вақте мебинем, ки ҳанӯз ҳам дар Афғонистон чунин амалиётҳо вуҷуд дорад ва худамон, ки ҳамин субҳ бевосита шоҳиди амалиёти интиҳорӣ будем, маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам роҳи Аҳмадшоҳ Масъуд ва устод Бурҳониддин Раббонӣ идома дорад. Ҳанӯз ҳам душман дар камин аст ва ҳанӯз ҳам мехоҳанд, ки Афғонистон ноором бошад.

Иншоаллоҳ, мардуми муборизи Афғонистон бо он тавону дироят ва ҷасорате, ки доранд, ҳатман ин марҳилаҳоро пушти сар хоҳанд кард.

Мо як Афғонистони босуботи пешрафтаро дар оянда хоҳем дошт, иншоаллоҳ.

Саломат бошед, устод.

Саломат бошед.

79 акс аз сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Афғонистон

More From Author

You May Also Like