Categories Uncategorized

Интизорӣ аз созандагӣ

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Бале, ин ҳамон ибораест, ки беш аз пеш маънии худро дар қиболи афкори тағйироту ислоҳ коҳиш медиҳад. Агар дар мавриди тағйирот, ки боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум ҳаст, интизориҳое дар чанд соли қабл эҳсос мешуд, вале бо мурури вақт аз ин маънӣ танҳо дилсардие мондаасту бас. Танҳо ВАО-анд, ки бо василаҳои мухталиф афкори тағйиротро миёни қишри маҳдуди чашминтизор нигоҳ медоранд ва сари ҳар соле аз баргузории ҷаласаи ҳисоботии ҳукумат хабару таҳлилҳое пахш месозанд, ҳатто кӯшише ҳам ба харҷ медиҳанд, ки бо таваҷҷуҳ аз пайдо шудани «фишори хун»-и баъзе мақомот зимни баргузории ҷаласа, пешгӯиҳоеро манзури хонандаи хеш бигардонанд.

Аммо таъсири ин гуна «ҳушдордиҳӣ» ва ташвиқи қабл аз ҷаласа ба «истеъфо рафтан»-ҳо ҳам кадом натиҷаи матлубе надоштаанд, «манро Ҷаноби олӣ ба ин вазифа таъйин кардаст ва боз ҳам он кас аз вазифа мегирад»-гуфтанҳоро мешунавему халос. Боре нашунидаем ва ҷое ҳам нахондаем, ки мақомдоре аз ҳисобот додан назди миллат, ҳадди ақал аз камбуди шахси хеш ҳарфи ошкоре гуфта бошад, гӯё кору фаъолияти онҳо дигару зиндагии мардум дигар аст ва бигузор, «ҳар кас аробаи хешро бикашад».

Дуруст аст, агар ҳар нафаре дар ҳар мақому ҷойгоҳе дар воқеъ он масъулияту салоҳиятеро, ки имрӯз болоямон ҳаст, анҷом диҳад, дунё ба истилоҳ гулистон хоҳад буд. Созандагии фаъолияти мо ҳамон вақте ошкор мегардад, ки дар маҳдудаи хос масъулияти хешро анҷом бидиҳем. Ронанда назди Офаридгори хеш масъул аст, ки заррае берун аз фикри амнияти мусофиронаш набошад ва ҳамин тавр, ҳама дар ҳар масъулияте ин фикрро бояд дар сар дошта бошем.

Назди Худованд ҳар яки мо тибқи масъулияти бар дӯшдошта дар рӯзи ҳисобу ҷазо посух хоҳем дод, ки эй раису вазир ва шаҳдору сардори идора, чаро ба рӯзгор ва зиндагии зердастони хеш ва он ҷамъи мардуме, ки аз фаъолияти созандагии ту вобаста буданд, таваҷҷуҳи лозим зоҳир накардӣ?

Дар ҷое бо мақомдоре гуфтам: дунё моли Худованд аст ва ману Шумо ҳам. Ин Зоти пок қодир аст, ки ин дунёро бо кадом тарзе хоҳад, бисозад ё аз байн бибарад, аммо масъулияти созандагии онро ба уҳдаи насли одам вогузор кардааст. ӯ гуфтааст: ҳамаи он чизе офаридам дар хидмати туст, бигиру созандагиҳоеро тибқи дастуроти илоҳӣ нишон бидеҳ.

Ва ҳамин аст усули бақои дунё тавассути созанда будани инсон, албатта, то замоне ки онро Худо тақдир кардааст. Пас, вақте ба дарки ин масъулият ба истилоҳ масъулини мо расида бошанд, омодаи рӯзи ҳисоб ҳам бояд буд, ки чаро созандагие аз худ нишон надодем? Оё созандагӣ танҳо ҳисобот додан назди сарвари хеш аст? Агар ин тавр аст, ба Сарвари одаму олам кӣ ҳисобот медиҳад?

Мо ҳоло дар арафаи баргузории ҷаласаи ҳукумат қарор дорем ва матбуъоти мустақил масоилеро мавриди баҳс қарор медиҳанд, ки дар ин ҷаласа созандагии мақомот мавриди баҳс қарор мегирад ё ҳисоботи обшӯстаи онҳо назди сарвари хеш? Оё раиси Ҳукумати Тоҷикистон аз ин ҳисоботҳо қанъатманд мемонад ё мақомдореро ба истеъфо мефиристад? Ва аз ҳама муҳим ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба таҳаввулоти чашмгире дар кобина ва низоми давлатдории хеш қабл аз интихоботи президентӣ даст мезанад ё ҳама чиз баъди интихобот сурат мегирад?

Ин ва дигар суолҳое ҳам, новобаста ба дилсард будани мардум, посухи хешро интизоранд.

Албатта, ҳеҷ касе анҷоми кореро дар кишвар инкор накардааст ва инкор ҳам карданӣ нест, вале ҳама чизро бояд дар тарозуи адл баркашид, ки корҳои анҷомшуда кадом ҷанбаи мушкилотеро дар ҷомеъа коҳиш додаанд? Оё иқрор мешуда бошем, ки ҷомеъа рӯ ба таззоди зиндагӣ дорад ва қишре ба дорандагии миллионҳо дуллор расидаву қишри дигаре интизори дарёфти як бурдаи нон барои ҳамин рӯзаш ҳаст?

Бо умеди бароварда шудани интизорӣ бар созандагӣ.

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like