Categories Uncategorized

Муҳиддин Кабирӣ: Мо ба ин фаҳмиши нодурусти дунявият розӣ нестем Вижа

Муҳиддин Кабирӣ ба саволҳоои хабарнигор посух гуфтааст:

-Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба рафтори ҳизби ҳоким шумо чӣ фикр доред, оё (аҳду паймонҳои солҳои 1997) таҳаққуқ пайдо кардаанд ё на?

-Мутаассифона, дар ин бахш на!

-Пас ҳимояти дубораи шумо ба маънои таҷрубаи..

-Бубинед, ман як ҷумларо ишора карда будам, ки Толибон омаданд ва воқеан як намоди хеле нодурустеро аз Ислом ва исломгароӣ нишон доданд, айни ҳамин корро дӯстони секулору дунявии мо дар Тоҷикистон кардаанд, ки мо эшонро “Толибони дунявӣ” номгузорӣ кардем, ки воқеан дунявиятро ба маънои ғалат ва нодурусти он ба мо нишон доданд. Мо ба ин фаҳмиши нодурусти дунявият розӣ нестем. Ман барои ҳамин гуфтам, ки хеле душвор мешавад барои мо пуштибонӣ кардан аз номзадии оқои Раҳмон, агар воқеан ҳам ин бардошт ва тафсири нодурусти дунявият ва секулорисм идома пайдо кунад.

-Ҳоло бо таваҷҷуҳ ба интихоботи пеши рӯ, ҳимоятатон ба маънои такрори таҷрубаҳои гузашта нест?

-На, мо бовар дорем, ки агар наҳзат ба ин натиҷа бирасад, ки аз номзадии Эмомалӣ пуштибонӣ кунад, ҳатман шартҳо хоҳад буд, ки бояд Тоҷикистон вориди як сиёсатҳои ҷадид бошад ва Тоҷикистон вориди як марҳилаи дигар шавад. Вале то ин лаҳза мебинем, ки ин эҳтимол хеле заъиф аст, чун на тарафи давлат ишорае кардааст, ки воқеан як ҷомеаи демокротисӣ ва бозу озодро дар оянда хоҳад дошт ва баръакс фишорҳо болои наҳзат зиёдтар шудааст ва паёмҳои ғайри мустақим барои фиристода мешавад, ки натаҳо омодаи гуфтугӯ ва муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ нестанд, балки мехоҳанд наҳзатро ба ҳошия фиристанд ё аслан то интихобот ба як неруи заъиф табдил бидиҳанд. Хеле таблиғоти сӯъ ва наҳзат дар расонаҳо роҳандозӣ шудааст, бинобар ман гуфтам, ки эҳтимоли он ки мо оқои Раҳмон пуштибонӣ кунем хеле кам аст, барои ин ки худи давлат ин заминаро фароҳам насохтааст .

-Шумо хадатон номзад пешниҳод мекунед?

– Нуктаи дуввумамон ин аст, ки агар яке аз неруҳои секулори муътадил ва мантиқӣ, касе дигар омода бошад, ки номзад шавад. шояд наҳзат пуштибонӣ аз онҳо кунад.

-Фикр намекунед вақти он расидааст, ки аз худи наҳзат номзад интихоб кунед?

-Ин сенарияи сеюми мо аст, ки чандон рағбат надорем, ки аз наҳаз кондид (номзад) муаррифӣ шавад. Вале агар бубинем, ки он сенарияи аввал ва дуввум таҳаққуқ пайдо нахоҳад кард, дар он сурат мо бояд, ки хостаҳои интихобкунандаи худро ҳам ба инобат бигирем ва наҳзат номзади худро муаррифӣ кунад.

-Шумо ба ин хотир мехоҳед(аз дигарон) ҳимоят кунед, ки шанси баранда шудани худро камтар медонед?

-На, бубинед, ин ҷо масъала масъалаи шонс нест. Наҳзати исломии Тоҷикистон дар интихоботҳои парлумонӣ нишон дод, ки воқеан интихобкунанда дорад ва интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳам раъй хоҳад овард. Мо аз зовияи дигар ба ин масъала нигоҳ мекунем. Агар ҲНИТ бо кондиди худ вориди мусобиқа шуд муборизаи интихоботӣ воқеан шадид мешавад. Мо ҳатто аз он нигаронем, ки ҷомеа ба ду қисм ҷудо нашавад: секулояр ва динӣ, ки шахсан худи ман аз ин рӯё рӯи парҳез мекунам, набояд ҷомеаро тақсим кард ба секуляр ва динӣ, бояд як роҳи ҳал пайдо кард, ки ин ҳама бо ҳам ҳамроҳ бошанд, якдигарро комил кунанд. Аслан ҷомеаи Тоҷикистонро тақсим кардан ба дунявӣ ва динӣ як тақсими золимона ҳаст ва воқеӣ нест, вале мутаассифона ҷудо карданд алакай. Мо бояд ин дуро ба ҳам биорем. Роҳи ягона ин пайдо кардани номзадҳо аз байни секулярҳо ё дунявиҳои муътадил ҳаст, на мутаассиб ва на экстримистҳо. Мутассифона дар ҷомеаи дар баробари неруҳои тунрави динӣ, неруҳои тунрави дунявӣ ва секулор ҳам вуҷуд дорад. Вале агар бубинем, ин ду сенарияҳои қаблӣ таҳаққуқ пайдо накард барои наҳзат воҷиб мешавад, ки аз худаш кондид муаррифӣ кунад.

(Иқтибос аз “tojnews”)

More From Author

You May Also Like