Доктор Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон, дар сафаре ба Кобул дар ҷамъи ҷавонони Ҷамъияти ислоҳи Афғонистон суханронӣ кард.
Вай дар семинаре, ки таҳти унвони “Ояндаи ислоҳоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ” сухан мегуфт, аз раванди фаъолиятҳои Наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин кишвар ибрози ризоият намуд, ҳарчанд ки ба мушкилоте дар ин росто низ ишора намуд.
Доктор Кабирӣ зимни ишора ба ҳамсоягии нек миёни Афғонистон ва Тоҷикистон гуфт: “Афғонҳо дар шароити бисёр ҳассоси ҷанги дохилӣ дар кишвари мо, ба муҳоҷирини тоҷик дар кишварашон паноҳ доданд, дар ҳоле, ки худашон мувоҷеҳ бо мушкилоти бузург буданд. Мардуми Тоҷикистон то наслҳои баъд ҳаргиз ин ҳамкорӣ ва кумакро фаромуш нахоҳанд кард.”
Вай гуфт: “Мо баъд аз фурупошии Иттиҳоди шуравӣ дар баробари ҳолате қарор гирифтем, ки роҳбарони мо қаблан таҷрибаи онро надоштанд. Ин бетаҷрибагӣ муҷиб шуд, то мо ба хушунат кашида шавем. Аммо созишномаи сулҳи тоҷикон, ки бо висотати шаҳид устод Раббонӣ ва шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд ба имзо расид, ҷангро дар Тоҷикистон ба поён расонид.”
Ӯ афзуд, “Мо як гуруҳи муътадил ҳастем, ки бо вуҷуди фишорҳое, ки бар мо аз ҷониби ҳукумат ворид меояд, аз сабр ва ҳавсала кор мегирем. Мардум гоҳе аз мо интиқод мекунанд, ки чаро аз раъйи мардум, ки ба мо дода шуд, дифоъ накардем.”
“Мо бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо ва маҳдудиятҳо, ки ҳатто бар хондани Қуръон ва намоз низ аз ҷониби ҳукумат ба миён омадааст, ба фаъолияти худ дар чорчуби қавонин идома медиҳем ва хушбахтона тавонистаем, то домонаи нуфузи Наҳзатро то ба манотиқи дурдасти кишвар густариш бубахшем.”- гуфт Муҳиддин Кабирӣ дар ин семинар.
Кабирӣ дар робита ба Осиёи Марказӣ гуфт, ки “ин минтақа аз манотиқи ҳассоси ҷаҳон аст ва мушкилоти он ниёзманди ҳамкорӣ миёни абарқудратҳост, аммо мутаассифона мо шоҳиди рақобатҳои рӯзафзун миёни абарқудратҳо дар ин минтақа ҳастем.”
Доктор Кабирӣ ба мушкилоти дигаре ҳам ишора кард, ки монеъи дастёбии тоҷикон ба фарҳанги гузаштаи онон аст.
Ӯ гуфт, ки “забони мо форсӣ-тоҷикӣ аст, аммо расмул-хатти мо сирилликӣ аст. Мардуми мо қодир нестанд, то паёмҳои хешро ба ҳамсояҳои худ бирасонанд. Мардуми мо расмулхатти форсиро хонда наметавонанд, бинобарин мо бояд барномаҳои муҳимми ислоҳотро дар кишвар ба пеш бубарем. Шояд дар муддати замони 15 то 20 сол дар мардуми мо ин омодагӣ ба вуҷуд ояд, то муҷаддадан бо тағйири расмулхат ба форсӣ, якбори дигар бо фарҳанги гузаштаи хеш, ки дар муддати беш аз 70 сол аз он ба дур нигоҳ дошта шудаем, робита барқарор кунем.”
Роҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон дар поёни суханони хеш ба суолоти ҷавонон посух дод. Бештари суолот дар робита ба фишорҳои давлати Тоҷикистон ва тамкини Наҳзати исломӣ дар баробари ин фишорҳо буд.
Аммо таъкиди доктор Кабирӣ бар ин буд, ки Наҳзати исломии ҳаргуз хоҳони хушунат нест ва як ҳаракати шаҳрвандӣ аст.
“Пост Бостон”, яке аз хабаргузориҳои машҳури Афғонистон
Сафари роҳбари ҲНИТ ба Афғонистон
Мусоҳибаи Муҳиддин Кабирӣ дар оромгоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд
Ҳайати ҲНИТ дар қабристони муҳоҷирони тоҷик дар Кундуз
Аксҳо аз суханронии М. Кабирӣ дар маркази мутолиотӣ