Муҳиддин Кабирӣ: ‘Телевизиюни давлатӣ моли як шахс ё як ҳизб нест’

Аҳзоби сиёсие, ки расман дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, бояд ҳаққи истифода аз телевизиюни давлатиро дошта бошанд ва нуқтаи назари онҳо дар шабакаҳои телевизиюн мунъакис шавад. Ин ибрози назарро бархе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 24 апрел дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби ислоҳи қонуни “Телевизиюн ва радиошунавоӣ” гуфтанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон аз ҷумла гуфт, телевизиюни давлатӣ аз буҷети давлатӣ сармоягузорӣ шуда ва аъзои аҳзоби кумунист, демукрот ё наҳзати исломӣ, ки аз ҷумлаи пардохткунандагони молиёт маҳсуб мешаванд ва аз ин тариқ дар таъмини молии шабакаи телевизиюни давлатӣ саҳм мегузоранд ва бояд тавассути ин шабакаҳо ибрози назар кунанд.

Оқои Кабирӣ афзуд: “Телевизиюни давлатӣ моли тамоми миллат аст, моли шахсии касе ё ҳизбе нест. Аз он бояд тамоми қишри ҷомеъа истифода кунанд. Бояд мардуми Тоҷикистон аз тариқи телевизиюн огоҳ шаванд, ки аҳзоби сиёсӣ чи нуқтаи назар доранд, бояд тавозун дар ҷудо кардани вақт дар телевизиюни давлатӣ барои ҳамаи сиёсатмадорон, шохаҳои ҳокимият ва аҳзоб баробар бошад.”

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар зарфи 8 соли фаъолият ба унвони намояндаи порлумон назари ӯ боре ҳам дар телевизиюни давлатӣ пахш нашудааст. Дархости расмии ӯ ба Кумитаи родию ва телевизиюн дар мавриди ширкат дар баррасии тарҳҳои қавонин низ рад шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ дар масоили мавриди баҳс дар порлумон иттифоқи назари ҳизби наҳзат бо ҳизби ҳоким бештар аст, то ихтилоф.

Исмоил Талбаков, намояндаи Ҳизби кумунист дар Маҷлиси намояндагон гуфт, на танҳо дар телевизиюн, балки дар нашрияҳои давлатӣ низ нуқтаи назари аҳзоби сиёсӣ бояд мунъакис шавад.

Оқои Талбаков дар ҷамъи хабарнигорон дар порлумон гуфт: “Расонаҳои давлатӣ танҳо манфиъати як ҳизб ё давлатро ҳимоят накунанд. Дар кишварҳои дигар, мисли Чин ё Русия аҳзоби сиёсӣ бидуни мамоният аз шабакаҳои расмии телевизиюн истифода мекунанд. Давлат аз пешниҳодҳои аҳзоб дар рушди кишвар истифода мекунад.”

Вале Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шабакаҳои телевизиюни давлатӣ назарҳои мухталиф мунъакис мешавад.

Аммо ӯ афзуд, ки телевизиюни давлатӣ дар қадами аввал бояд аз манофеъи давлати Тоҷикистон ҳимоят кунад ва аҳзоби сиёсӣ барои ибрози назар аз минбарҳои худ истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки пештар дархостҳои мукаррари аҳзоби мухолифи давлат, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Кумитаи родию ва телевизиюн барои таъсиси шабакаи мустақили телевизиюн пазируфта нашудааст.

Аммо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин ҷаласа ба мушкили дастрасӣ надоштани сокинони бархе аз навоҳии марзии ин кишвар ба шабакаҳои телевизиюни давлатӣ ишора кард.

Ӯ гуфт, дар бархе манотиқ шабакаҳои телевизиюни кишварҳои хориҷиро тавассути як онтени кучаки хонагӣ тамошо кардан мумкин аст, аммо тамошои телевизиюни Тоҷикистон дар ин манотиқ душвор будааст.

Саидалӣ Сиддиқов, муъовини аввали раиси Кумитаи давлатии родию ва телевизиюн ба навбаи худ гуфт, ки тибқи иттилоъи расмӣ феълан шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон 99,7 дарсад ва шабакаи телевизиюни “Сафина”-и ин кишвар 90 дарсад аз манотиқи кишварро фаро гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ мақомоти ин кишвар талош хоҳанд кард, то ҳаддулимкон дастрасии аҳзоби мухолифро ба расонаҳои давлатӣ, бахусус, шабакаҳои телевизиюн маҳдуд кунанд ва аз ин расонаҳо ба таври фазоянда ба суди номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот истифода кунанд.

Мухолифон ҳамчунин аз он нигаронанд, ки имкон дорад мавонеъ дар фаъолияти расонаҳои дигари мустақил низ эҷод шавад ва мақомот бо баҳонаҳои мухатлиф даст ба масдуд кардани бархе сойтҳо бизананд.

“Би-би-сӣ”

More From Author

You May Also Like