Categories Uncategorized

Муҳиддин КАБИРӢ: «Умед дорам Узбакистон иштирок хоҳад кард…»

Дар ҳоле намояндаи Узбакистон дар баҳси нишасте дар Алмаато оид ба масоили нерӯгоҳи «Роғон» иштирок накард, коршиносони тоҷик, минҷумла роҳбарони аҳзобу созмонҳои тоҷикӣ ин гуна тасмимро бар зарари ҳарду ҷониб мехонанд. Онҳо бар ин назаранд, киҷониби Узбакистон дар нишасти мазкур мебоист ҳатман намояндаашро таъмин мекард. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар ин замина меафзояд:

– Ба назари ман, Узбакистон дар масъалаи «Роғон» як бархӯрди хос дорад, ки аз дигар кишварҳои минтақа фарқ мекунад. Ин тарзи рафтори Узбакистон баёнгари он аст, ки сохмони «Роғон»-ро дар ҳоли ҳозир дар ин шакл қабул надорад. Хуб мебуд, ки ҷониби Узбакистон ширкат мекард ва назари хешро ба коршиносон мегуфт, то намояндагони дигар кишварҳо нуқтаи назари онҳоро мешуниданд. Канораҷӯӣ кардан аз гуфтугӯ ва баҳс атрофи ин мавзӯъ роҳи ҳал нест.

Умед дорам дар нишастҳои баъдӣ, ки дар ин мавзӯъ баргузор мешавад, ҷониби Узбакистон фаъолона иштирок хоҳад кард, то исбот намояд, ки мавқеъгириаш дар нисбати «Роғон» созанда аст. Зеро, чунин мавқеъгирӣ на ба нафъи Узбакистон аст ва на ба нафъи кишварҳои дигар ва на ба нафъи лоиҳаи «Роғун».

www. tojnews.tjаҳияи Нилуфари КАРИМ

More From Author

You May Also Like