Categories СИЁСАТ

Мо интизорем…

nahzat.tj

Чи тавре хонандагон огоҳанд, дар Душанбе бо ташаббуси фаъолони аҳзоби сиёсӣ Кумитаи тадорукоти эътилоф “Барои ислоҳоти демократии Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ёфтааст.

Моҳи ноябр ин кумита пешниҳодҳо “оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии “Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ”- ро муаррифӣ кард, ки он аз се банд иборат аст.

Дар асоси ин тавсияҳо вакилони МН аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ лоиҳаи “Қонуни конститутсионии ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ” ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд ва он рӯзи 12 ноябри 2012 қабул гардид ва дар давоми ду моҳ ин лоиҳа дар МН муҳокима ва натиҷааш то 12 январи соли 2013 маълум мегардад.

Фишурдаи ин пешниҳодҳоро хотиррасон мекунем.

Аҳзоби сиёсии сабтиномшуда бояд дар Комиссияи марказии интихобот; дар қитъаҳои (участкаҳо) интихоботӣ баробар намоянда дошта бошанд ва пешниҳод ба моддаи 24 дар бораи он ки номзад ба Президент аз ҷониби ду фоизи интихобкунандагон тарафдорӣ карда шавад.

Мо аз Ашӯрбой Имомов, яке аз ҳуқуқдонҳои маъруф ва варзидаи ҷумҳурӣ хоҳиш доштем, ба ду – се суол дар бораи ин Қонун ва пешниҳодҳо изҳори ақида бикунанд.

-Устоди гиромӣ, суоли нахустин: магар Қонун дар бораи интихоботи президентӣ кӯҳна нашуд? Аз қабули он 18 сол гузаштааст. Ба замми ин мо чанд қонуни алоҳида дар бораи интихоби президенту вакилон дорем…

Бале, аз назари мо ҳам қонуни нав бояд бошад, вале варианти аз ҳама хуб ин ҷамъ овардани ҳама қонунҳои интихобот дар як Кодекси интихобот мебошад. Чанд ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳамин хел ҳам карданд. Масалан, дар Қазоқистон ва Қирғизистон чунин Кодекс дар хизмати интихобкунандагон мебошад. Аммо дар Тоҷикистон боз як санади ҳуқуқӣ дар бораи интихоботи сарварони шаҳракҳо ва ҷамоатҳо қабул гардид.

-Имкон дорад, ки иқдоми вакилон аз ҷониби намояндаҳои Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад?

-Ба ин суоли Шумо на танҳо ман, балки ҳеч коршиносе ё мутахассиси соҳа ҷавоб гуфта наметавонад, зеро ин пешниҳодҳо ба вакилон ҳавола гардида ва танҳо худи онҳо ҷавоб дода метавонанд ва он ҳам бошад, агар ҳуҷҷати мазкур то ба овоздиҳӣ расад.

-Умуман, дар бист соли охир чунин лоиҳаи аз ҷониби депутатҳои ғайри ҳизби ҳукмрон пешниҳодшуда қабул гардидааст?

-Бале, агар хато накунам, соли 2005 аз ҷониби ташкилоти байналмилалии IFES чунин иқдом шуда буд ва дар якчанд давр пешниҳод ва муҳокимаи чунин лоиҳаҳо ба Маҷлиси намояндагон гузашта буд…

-Вале дар хотирам монда, ки пешниҳодҳои калидӣ нагузашта буданд. Агар чунин пешниҳодҳо қабул нагардад, чӣ бояд кард?

-Ба фикри ман ба қабул шудани ин тағйироту иловаҳо маҳдуд шудан даркор нест ва дигар роҳҳои самараноктарро пайдо кардан даркор аст, то ки дар дар интихоботи президентӣ натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд.

-Масалан?

-Ҳанӯз ки вақт ҳаст, ҳизбҳои сиёсиро зарур аст, ки дар иттиҳод ё блокҳои интихоботӣ муттаҳид шаванд.

-Чунин кӯшишҳо ё таҷрибаҳо дар гузашта натиҷа надоданд.

-Барои ҳамин ҳам аҳзоби сиёсӣ бояд ба якдигар гузашт кунанд ва то гузашт нашавад, ба комёбӣ ноил шудан мушкил аст.

More From Author

You May Also Like