Будубош ва фаъолияти дурударози мардони тоҷик дар манотиқи Русия боис гардидааст, ки оилаҳое пароканда ва иддае аз занон даст ба хиёнат зананд.
Шавҳаре, ки чанде пеш аз муҳоҷират баргашта буд, зани ҷавони худро айбдор карда, ки бо нафари дигаре ҳамнишин будааст. Барои исботи ин гуфтаҳо ба ширкати “Paynеtга” маблағи зиёд дода, дар бораи чӣ қадар паёмак фиристодану бо кадом шумораҳо сӯҳбат кардани ҳамсараш маълумот гирифтааст. Зан ба ин ҷурм иқрор кардааст, вале гуфта, ки касе ба ӯ даст дарозӣ накардааст.
Тавре ҳолдонҳо қисса мекунанд, шавҳар ин ҳарфҳоро кофӣ надониста, талоши хешу наздикон ҳам барои наҷоти оила натиҷа надодааст.
Чанд моҳ қабл чунин қазияе дар ноҳияи Ҳисор ҳам рух дода буд, ки як муҳоҷир баъди бозгашт ҳамсарашро ба хиёнат айбдор карда, ӯро ба гуфтаи шоҳидон, дар пеши чашми мардум, дар назди бинои ШКД кушта, худро ба пулис таслим карда буд. Аз он ҳам пештар ҳодисаҳои монанд ба ҳамин дар вилояти Хатлон мушоҳида шуда буданд.
Раванди муҳоҷират густариш ёфта, мушкилот ҳам печидатар мегарданд, вале дар мавриди ин печидагиҳои иҷтимоъӣ ва вахим шудани низоми оиладорӣ сари кадом ниҳоди ҳукуматиро ба дард наовардааст, агарчи худи онҳо ишораҳои ошкоре дар мавриди афзоиши талоқу кушта гардидани зан ё шавҳаре факту далил ҳам меоранд.
Бале, муҳоҷират ва дурӣ аз оила мушкили аслии ҳифзи оила қарор гирифтааст, ҳатто аз мавҷудияти чунин як мушкил телевизионҳои Русия ҳам барнома месозанд.
Аксари шаҳрвандони кишвари мо ба муҳоҷират мераванд ва иддае баъди як солу ду сол бар намегарданд, иддае дигаре ба таври тулонӣ мемонанду танҳо бо фиристодани пул ба оилаҳои худ гуё онҳоро қаноатманд мекунонанд.
Аммо, тавре коршиносони соҳаи тиб ва физиологҳо мегӯянд, наздикии ҳамдигарӣ ё заношавҳарӣ яке ғаризаҳои ҷисмонӣ буда, илм исбот кардааст, ки афроди 25-30-сола ҳафтае на камтар аз 3 бор бояд қаробати ҷинсӣ дошта бошанд. Дурӣ барои афроди оиладор набояд аз 5-6 моҳ бештар сурат бигирад. Пас дар ҳоле ки мард ё зан беш аз як сол дар муҳоҷират мемонад, чигуна ин қоидаи физиологиро риъоя менамояд?
Ҷои тазаккур аст, ки дурии мардон аз ватан иддае аз ҳамсарони онҳоро ба бадномӣ мебарад. Дар мавриди ин гуна мушкилот Марҳабо Розиқова, як сокини пойтахт мегӯяд, писари амакаш, ки соҳиби зану фарзанд ҳаст, аз соли 2000 – ум то ба ҳол ба Русия барои дарёфти ризқу рӯзии оилааш меравад, вале занаш то омадани шавҳар сабр карда натавониста, ба бадроҳагӣ меравад.
Ӯ мегӯяд, овозаи алоқа доштани ин зан бо мардҳои деҳа паҳн мегардад ва шавҳар ахиран огаҳ шуда, ҳамсари худ талоқ медиҳад. Вале бароҳа рафтани зан обурӯи мардро низ дар деҳа поин мебарад.
Ба ҳар ҳол ин бонуи сокини пойтахт ба ин бовар аст, ки агар зани бо фаҳму бо тавфиқ бошад ва шавҳарашро дӯст дорад, то омадани ӯ сабр карда метавонад, вале зани бетавфиқ дар будану набудани ҳамсар ҳам хиёнатро раво мебинад.
Чунин як раванди парокандагии оилаҳо дар ҳолест, ки ҳамасола аз афзоиши теъдоди фоҳишаву ошкоршавии фоҳишахонаҳо расман гуфта мешавад. Тибқи иттилоъи ахири Кумитаи кор бо занон ва оила, теъдоди танфурӯшон дар кишвар ба 1641 нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2012, 338 нафар зиёд будааст.
Зимни сӯҳбат бо Айёмиддин Азизов, сиёсатшиноси ҷавон ошкортар мешавад, ки набояд дурии ҳамсар ба хиёнат барад. Ӯ мегуяд, фикр мекунам, набудани мардон шояд яке аз сабабҳои ба хиёнат даст задани занҳо гардад, аммо ин масъала сабаби асосӣ буда наметавонад. Зеро баъзан ҳолоте ба мушоҳида мерасанд, ки занҳои шавҳардор ҳам хиёнат мекунанд, агарчи шавҳарҳо дар канори онҳо ҳастанд. Ба гуфтаи ин ҷавон ду омил метавонад занро аз хиёнат нигоҳ дорад:
– Аввал муҳаббати зан бо ҳамсари хеш,
– Дувум, диндории ботини зан.
Зубайдуллоҳи Розиқ, масъули шуъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ ҳам мегӯяд, масъала танҳо пайванди мустақим ба муҳоҷират надорад. “Решаи кор фасоди ахлоқӣ ва муҳити табоҳкунандаи ахлоқии ҷомеъа аст. Аз мушкилоти ин мавзӯъ, ба хусус намоишномаҳои тарғибгари фаҳшу фасоди телевезионист, ки ҳадафмандона барномарезӣ мешаванд, аз ҷумла филмҳои сериалии шаҳватбарангез ва табоҳкунандаи ахлоқ, ки шаҳвати ҷавононро бармеангезад. Дар қатори ин василаҳо солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷарат боқӣ мондану ба ватан барнагаштани мардон низ яке аз омилҳои фисқу фуҷур аст.
Ба гуфтаи домулло Зубайдуллоҳ, ҷавонони тоҷик ба хотири ҳифзи номуси зану фарзандони худ бояд муддати тӯлонӣ дар муҳоҷират боқӣ намонанд, балки баъди 6-7 моҳи муҳоҷират ба назди зану фарзандонашон баргашта, муддате бо аҳлу оилаи худ бимонанд.
Ҳамчунин агар занони тоҷик хоҳанд, ки дар ҳолоти ғайби шавҳарон худро аз шарри шаҳвати ҳаром нигоҳ доранд ва иффату покдоманиро ҳифз намоянд, аз васоили хештандорӣ кӯмак гиранд, аз рӯзадорӣ ва истеъмоли камтари хӯрок, машғул шудан ба ибодат ва ёди Худо метавонанд худро аз кори зишт нигоҳ доранд ва шаъну шарафи худро ҳифз созанд. Сериалҳои фаҳши телевезиониро низ камтар тамошо кунанд», афзуд масъули ҲНИТ.
Дар робита ба мушкилоти будубоши тӯлонии ҷавонон дар муҳоҷират Абдуллоҳ Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия мегӯяд, чанд сабабе ҳаст, ки муҳоҷирон солиёни зиёд ба аёдати волидайн ва оилаи худ рафта наметавонанд:
1. Бо сабабҳое онҳо ҷои кор намеёбанд ва маблағ низ.
2. Арзиши чиптаҳо хеле гарон аст ва агар муҳоҷирон хоҳиши рафтан дошта бошанд ҳам, ба хотири камхарҷӣ маблағро мефиристанду худ намераванд.
3. Бисёр мешавад, ки дар Тоҷикистон қарз мегиранду баъд меоянд ва бо сабаби афзоиш ёфтани рибо то меоянду ҷои кор пайдо мекунанд, ки фисади қарз меафзояд, дигар имкони баргардонидани онро надоранд. Дар ҳоли ҳозир ду нафарро медонам, ки модаронашон муроҷиат кардаанд, то фарзандони онҳоро пайдо кунам, зеро қарздиҳандагон бо таҳдид ҳар рӯз дари хонаи ин модарони бечораро куфта истодаанд.
4. Нафароне ҳам ҳастанд, ки нафси ин дунёӣ онҳоро барои дарёфти шаҳрвандӣ, занҳои таҳҷоӣ, ҳатто кампирҳое ба никоҳи худ медаронанд. Ба ин хотир, касе аз шарм, дигаре аз тарси кампири русаш барнамегарданд.
Аз нигоҳи дӯстамон Абдуллоҳ, барои ҳалли ин мушкил на танҳо ташкили ҷои кору арзон кардани арзиши чиптаҳо ва ба ин монанд чораҳоро бояд дид, балки “мушкилот кайҳо гиреҳи равонии ҳар фарди алоҳида ва дарди ҷомеъа шудааст, ки барои ҳаллаш, “дандони зиёд” мешиканад.
Ин ҷо масъала аз даст додани нангу номӯси миллӣ ва нест шудани ҳастиву ғурури мардист, ки оқибат кушандаи ҳувияти миллӣ мегардад. Ҳалли қазияро набояд бар дӯши муҳоҷирон вогузор кард, балки ҳалли он замоне муяссар мегардад, ки ҳукумат ва нухбагони миллат дарки масъулият дар пеши миллату Ватан ва таърихро ҳис кунанду фавран дар пайи ташкили ҷойҳои кориву рушди иқтисоду беҳдошти маърифату фарҳанг шаванд.
Дуруст аст, ин гуфтаҳо суханҳои “баландпарвоз”-ро мемонанд, вале масъала ҳам ниҳоят ҷиддист”, афзуд Абдуллоҳ Давлатов.
Умеди Сиддиқ
Categories
МУҲОҶИРАТ